Arzon march 2024
Толеъномаи 8-уми октябри соли 2020
2715

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз тавре рафтор мекунед, ки шарикони корӣ гумон мекунанд, аз ҳама гапу кор огоҳ ҳастед. Ин ҳолат садди роҳи амалишавии нақшаҳоятон шуда метавонад. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта баъзе камбудиҳоро рафъ намоед. Пулро эҳтиёткорона сарф намоед, зеро даромади иловагӣ дар назар нест.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз нафароне маслиҳат пурсед, ки дар касбу кори худ мутахассис бошанд. Бо дӯстдоштаи худ самимӣ бошед, вагарна дар муносибатҳоятон сардӣ ба назар мерасад. Эҳтимоли шамол хӯрдану бемор шуданатон вуҷуд дорад. Орзуи ба даст овардани пули калонро накунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар ба назаратон чунин менамояд, ки аз ӯҳдаи кори худ баромада наметавонед, тамоми кӯшишу маҳорати худро ба кор баред. Шубҳаву гумони ботил сабаби сар задани мушкилӣ миёни шумову шахси дӯстдоштаатон мегардад. Қарз надиҳед ва аз касе ҳам қарз напурсед. Зиёдтар дар фикри саломатиатон бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имкон пайдо мекунед, то ба зинаҳои баландтари мансаб бирасед. Дӯстдоштаатонро бо саволи “Маро дӯст медорӣ?” ҷонбезор накунед. Андешаи “тамоми кори оламро бо пул ҳал карда мешавад”-ро аз сари худ дур кунед. Барои харидани туҳфа пули калон сарф накунед, вагарна азоби бепулӣ мекашед.

Асад (23 июл-22 август)

Атрофиёнро танқид накунед, вагарна худатон низ мавриди танқид қарор мегиреду ба худ душман мехаред. Дар муносибатҳои ошиқона бештар ташаббускор бошед. Рӯз барои оғози тиҷорати хурд муфид аст. Вазъи саломатиатон ташвиш намедиҳад, вале ба ҳар ҳол, аз сардиҳо эҳтиёт кунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Аз вазъиятҳои пурмоҷаро ва мушкилиҳо гурезед, вагарна гунаҳкори бегуноҳ мешавед. Агар хоҳед, ки яккаву танҳо намонед, бо дӯстдоштаи худ меҳрубонтар бошед. Сунбулаҳои соҳибкор имрӯз хеле серкор мешаванд, аммо маблағи ёфтаашон хароҷоташонро рӯйпӯш намекунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бояд коре кунед, ки роҳбарият нисбати шумо дилгарм шавад. Агар шарм ва тарсро аз худ дур созед, муваффақ шуда, ба орзуҳоятон мерасед. Дар атрофатон нафаре ҳаст, ки аз шумо нафрат дорад. Хатари асабоният ва рӯҳафтодагӣ зиёд аст. Аз рафтан ба ҷашну маъракаҳо худдорӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои рӯзгор ба касбу коратон таъсир расонида, нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Нофаҳмие, ки миёни шумову дӯстдоштаатон сар задааст, бояд сари вақт рафъ карда шавад. Зиёд ғам нахӯред, вагарна бемор мешавед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки маҷбуран пасандозҳои худро масраф мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар дилатон хоҳиши гузаштан ба кори дигар пайдо мешавад, вале ситораҳо мегӯянд, ки аз ин кор муваққатан худдорӣ намоед. Ба назаратон чунин менамояд, ки аз дӯстдоштаи худ ҷудо шавед, аз ӯ беҳтарашро меёбед, аммо хато мекунед. Корҳои худро бо пули қарз ба анҷом нарасонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Роҳеро, ки дар ин рӯз интихоб мекунед, шуморо ба мақсад мерасонад. Аз ваъдаҳои хушку холӣ суде нест, беҳтараш бо шахси дӯстдоштаатон меҳрубон бошед. Ҳангоми ба сафар баромадан қуттии доруҳоро бо худ гиред. Қарз надиҳеду қарз нагиред ва пулҳоятонро сарфакорона харҷ кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ имкони хубе пайдо мекунед. Дар роҳи ишқу муҳаббат диққати худро танҳо ба дӯстдоштаатон равона созед, зеро ӯ ба меҳрубонии шумо сахт ниёз дорад. Саросема шуда, ҷароҳат мебардоред ё лат мехӯред. Масъалаҳои ҳисобу китобро ба таъхир андозед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба корҳои шубҳанок даст назанед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед. Ба муҳаббати тасодуфӣ диққат надиҳед, зеро он танҳо як лаҳза асту зуд мегузарад. Шумо ба истироҳат ниёз доред, ба ин хотир, худро зиёд хаста накунед. Нимаи дувуми рӯз даромади иловагӣ ба даст меоред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД