Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2023
2741

Ҳамал

Кори имрӯзаро ба фардо нагузоред, бо ин коратон шумо озодии тану руҳро маҳдуд месозед. Ҳарчанд хоҳиши истироҳат карданро доред, вале фикру андешаи корҳои нотамом азобатон дода, хастагиатон афзудан мегирад. Кӯшиш кунед, ки ҳама корро тадриҷан анҷом диҳед, то лаҳзаи охирин нагузоред.

Савр

Рӯзи бобарор меояд, ба шарте ки худатон онро бебарор накунед. Ба корҳое, ки аз он ягон комёбӣ ба назар намерасад, машғул нашавед, беҳтар аст, ки кори оғозкардаатонро анҷом диҳед. Ба корҳои шубҳанок машғул нашавед, вагарна маблағи калонро аз даст медиҳед.

Ҷавзо

Бисёр масъалаҳои муҳимро ҳал кардан лозим аст. Бо вуҷуди ин, қолабҳо ё таҷрибаи ягон каси дигарро истифода набаред: он фоидаовар нахоҳад буд. Беҳтараш заковат нишон дода, ба масъала аз нуқтаи ғайричашмдошт нигоҳ кунед. Мулоқот бо ҳамкорон дар муҳити ғайрирасмӣ ба шумо имкон медиҳад, ки одамони нави ҳамфикр пайдо кунанд.

Саратон

Рӯзи хубест барои пайдо кардани иттифоқчиён ва одамоне, ки омодаанд ба шумо кӯмак расонанд. Намуди зоҳирии шумо барои дигарон муҳим аст, бинобар ин ба либос ё ороиши мӯй диққат диҳед. Шумо метавонед даромади ногаҳонӣ ба даст оред. Ҳамзамон барои ба мағозву бозорҳо рафтан рӯзи мусоид аст.

Асад

Шуморо рӯзи душвор ва аз ҷиҳати равонӣ пуршиддат интизор аст. Кӯшиш кунед, ки оромиро нигоҳ доред, ба иғвоҳо дода нашавед, аз баҳсу муноқишаҳо канорагирӣ кунед. Ба харҷу хароҷот диққат диҳед: имкони харҷ кардани аз ҳад зиёд ва ба мушкилоти молиявӣ дучор шудан вуҷуд дорад.

Сунбула

Кӯшиш кунед, ки бо одамоне, ки андешаашон барои шумо муҳим аст, бештар сӯҳбат кунед, пеш аз қабули қарори муҳим аз онҳо маслиҳат пурсед. Шояд шумо баъзе далелҳоро аз даст медиҳед ва аҳдҳои бузургро намебинед. Ба касе чизеро ваъда накунед, вагарна иҷро кардани он душвор хоҳад буд.

Мизон

Имрӯз барои шумо муошират ва ҳамкорӣ мушкил хоҳад буд, аз ин рӯ беҳтар аст кореро пайдо кунед, ки ба таври инфиродӣ анҷом дода шавад. Рӯз барои таҳсил, такмили ихтисос, тамошои выставкаҳои тематикӣ мусоид аст. Бегоҳро бо дӯстон гузаронед: хабари муҳим хоҳед гирифт.

Ақраб

Ҳолати руҳиятон вазнин мешавад, махсусан нимаи аввали рӯз бо ҳамкорон ё шарикон забон ёфтанатон душвор мегардад. Суҳбат метавонад ба баҳси шадид ё ҳатто муноқиша табдил ёбад. Нимаи дуюми рўзро ба истироҳат, машғулиятҳои гуворо, барқарорсозии ҳолати равонӣ бахшиданатон лозим аст.

Қавс

Муносибати оқилона ва дурандешона ба шумо имкон медиҳад, ки корҳои зиёдеро анҷом диҳед ва мушкилоти мураккабро ҳал кунед. аз пайи ҳавову ҳавас шуда, хаёлан қасри орзуҳо насозед, беҳтараш барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас кӯшиш кунед, аз кори иҷрошуда дониш ва таҷрибаи нав ба даст оред. Имконияти вокуниш ба вазъият вуҷуд дорад: ором бошед.

Ҷаддӣ

Мушкилотҳо аллакай нимаи аввали рӯз шуморо домангир мешаванд. Шояд бо одамони ногувор муошират карданатон лозим меояд, ба ҳар сурат мушкилоти сарзадаро рафъ намуданатон лозим аст. Табъи худро болида нигоҳ доред, ба эҳсосот дода нашавед. Рӯзи хубест барои банақшагирӣ: орзуҳои шумо ба зудӣ амалӣ мешаванд.

Далв

Агар шумо тавонед, ки бо атрофиён муносибати нек ва хайрхоҳона созед, бисёр мушкилот бо дигарон ҳал карда мешаванд. Ба ҷанҷол ва занозанӣ даст назанед, вагарна муносибататонро бо ҳамкорон вайрон мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ боэҳтиёт бошед: эҳтимол аст, ки маблағи зиёдро сарф мекунед.

Ҳут

Дар ин рӯз сахт ба эҳсосот дода мешавед ва ҳар як ҳодисаи ночиз метавонад боиси асабонияти аз ҳад сахт гардад. Ором бошед, бо дигарон ва бо худ баҳс накунед, сабур бошед. Бегоҳ гуворо ва бофароғат сипарӣ мегардад. Сайругашти пеш аз хоб оромии шуморо барқарор мекунад.            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД