arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2833

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Тобоварии ҷисмониатон зиёд гашта, ба саломатиатон хатаре таҳдид намекунад. Дарду бемориҳоро сабурона таҳаммул месозед. Эҳтимоли бемор шудани дандону гӯшҳо имконпазир аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ва сафари роҳи дур бо мошини шахсӣ эҳтиёткор бошед.  

 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз корҳои ташкилотии худро бо шарофати робитаҳо ва сафарҳои кутоҳмуддат бобарор ҳал мекунед. Аксари саврҳо зиёд шудани нерӯ ва серҳаракатиро эҳсос мекунанд. Мушкилиҳои сарзадаро бо осонӣ рафъ менамоед. Имрӯз шумо нисбати ҳодисаҳои манфӣ аз ҳад зиёд ҳассос мешавед.  

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бурдборӣ ва боигарӣ ба даст овардан мехоҳед, вале имкониятҳои худро бо хоҳишҳоятон дуруст баҳогузорӣ карданатон лозим аст. Нафароне, ки нони худро бо дузандагиву бофандагӣ, устогӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ба даст меоранд, соҳиби даромади хуб шуда метавонанд.  

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. Асабонияти беандоза, қаҳру ғазаб ва рӯҳафтодагӣ имкон дорад. Ба ҳолати ғадуди зери меъда диққати хоса зоҳир намоед. Серҳаракат бошед, бо варзиш машғул шавед. Муносибати худро бо нафароне, ки дӯст буданашонро эҳсос намекунед, қатъ намоед.

 

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи хубест барои сафари роҳи дур. Нафароне, ки дар хона мемонанд, мурғи илҳомашон ба парвоз меояд. Барои дар хона анҷом додани кори эҷодӣ рӯзи мусоид аст. Рӯзи хубест барои ҳалли мушкилоти молиявӣ. Худро бад ҳис карданатон имконпазир аст. Хусусан, гулӯ ва гӯшҳоро эҳтиёт кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо шарофати дӯстони дерин вазъи молиявиатон хуб мегардад. Дар танҳоӣ ва мустақилона амал кардан бароятон душворӣ пеш меорад. Кори эҷодӣ хуб аст, вале аз он даромади хуб ба даст оварда наметавонед. Аз ҷониби шарикони корӣ фиреб хӯрданатон имконпазир аст, эҳтиёт кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз чашм, рӯй, сар ва пойҳои худро эҳтиёт кунед, хатари ҷароҳат бардоштану пайдо шудани дарду бемориҳо зиёд аст. Ҳатто агар худро болидарӯҳ ҳис кунед ҳам, нерӯи худро зиёд сарф накунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ҳавои тоза муҳим аст. Бегоҳирӯзӣ хурӯҷ намудани бемориҳо имконпазир аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Давраи мусоиде барои шиносоиҳои нави корӣ ва ошиқона фаро мерасад. Нафарони муҷаррад ҳангоми сафари кутоҳмуддат ошиқ мешаванд. Ҳамзамон, рӯзи хубест барои дар маркази диққат қарор гирифтан. Барои он ки фоида ба даст оварда тавонед, бештар дар робита бошед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба қавсҳо вохӯриҳои ошиқонаро тавсия намедиҳем. Вазъият дар лаҳзаи охир тағйир ёфта метавонад, нақшаҳоро амалӣ карда наметавонад. Қавсҳо ба нуқтаи назари дигарон умед бастанро одат кардаанд, вақте расидааст, ки мустақилона сари қароре биёед. Дар ин рӯз азоби бепулӣ мекашед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи пурмаҳсул аст, беҳтараш аз дилхушиҳо худдорӣ намуда, худро пурра ба кор андармон созед. Мукофотпулии деринтизорро мегиред, роҳбаратон болидарӯҳ мегардад. Вақте расидааст, ки тамоми дороии худро ба тиҷорате ворид созед, ки кайҳо боз дар интизораш будед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳо имкони нишон додани ҳунару муҳорати худро пайдо месозанд. Роҳбарият ҳатман қобилиятҳои шуморо дарк намуда, маошатонро баланд ё бо мукофотпулӣ қадрдонӣ менамояд. Берун аз кор ҷасурона ба мулоқоти ошиқона рафт метавонед. Бо ҳар сабаб асабонӣ нашуда, аз тарсу воҳима худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Наздикон шуморо бо ғамхориву муҳаббат фаро мегиранд. Дар касбу кор ба ягон ҳуҷҷати муҳим имзо нагузоред. Сардор ва ҳамкорон шуморо ба муноқиша водор месозанд, худро ба даст гирифта, ба бадиҳои эшон бо табассум посух гӯед. Вақте расидааст, ки хулосаи кори худро ҷамъбаст намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД