arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
2500

Ҳамал

Мушкилиҳои оилавӣ ё шахсӣ мисли пештара тамоми вақти шуморо фаро мегирад. Қадами боандеша гузоштаатон тамоми нобарориҳоро рафъ месозад. Дар оилаатон рух додани муноқиша ё бадкирдории душманон имкон дорад. Хабари нохуш асабатонро хароб месозад. Агар оиладор шудан хоҳед, ба маслиҳати касе гӯш надиҳед.

Савр

Дар ин рӯз нобарории ҷиддие ба саратон меояд. Эҳтимол мушкилӣ таърихи қадима дорад ва имрӯз баногаҳ рӯ мезанад. Душвориҳоро сабурона таҳаммул намоед, як қадами ноҷо ба ҳаёти минбаъдинаатон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар хоб дидани сафедӣ аз вохӯрии ошиқона ё хабари хуш дарак медиҳад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна хариди калон карда, кисаатонро холӣ мекунед. Дар вазъияте, ки байни шумову ҳамкоронатон рух медиҳад, бо ақли солиму ҳозирҷавобӣ бурд мекунед. Аз хӯрокҳои равғанину шӯр худдорӣ намоед, хусусан агар меъдаву ҷигари бемор дошта бошед.

Саратон

Рӯзи душвор аст, дар ҳама кор ҳушёрӣ пеша намоед. Табъи дили худ амал накунед, ба маслиҳати нафароне, ки эътимод доред, гӯш андозед. Ба шахсе, ки дӯсташ медоред, дар ин рӯз дарди дил накунед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон имкон дорад.

 Асад

Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, барои ба даст овардани маблағи пулӣ кӯшиши зиёд ба харҷ надиҳед. Бо ҳамкорон ошкоро муноқиша накунед. Дар оилаатон муноқиша рух дода ё бадкирдории душманон имкон дорад. Рафтори ноҷои ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон шуморо ба ғазаб меорад. Барои қабули меҳмон рӯзи мусоид нест.

 Сунбула

Робитаро бо шахсони наздик хубтар созед, рӯзҳои наздик ба кӯмаки эшон ниёз пайдо мекунед. Сарфакор бошед, пулро беҳуда сарф накунед. Ба баҳсу ғайбат роҳ надиҳед, вагарна ба туҳмат мепечед. Аз ин рӯз сар карда меҳру муҳаббат ба дилатон лона мегузорад. Барои ба даст овардани пул ба корҳои ғайриқонунӣ даст назанед.

Мизон

Дар ин рӯз ошкоро ба он чизе, ки ҳамеша боиси ғазабатон мегашт, зиддият нишон медиҳед. Наздикон бо маслиҳатҳояшон ҷонбезор мекунанд. Агар маблағи худро ба корҳои шубҳанок сарф кунед, пули калонро аз даст медиҳед. Аз овозаву ғайбат худро дур гиред, ҳар гапе, ки дар ин рӯз мешунавед, чандон ҳақиқат надоранд.

 Ақраб

Барои он ки дар ҳаёти шахсиятон ба ғалат роҳ надиҳед, ба маслиҳати дӯсти наздикатон гӯш диҳед. Ҳар гапе, ки имрӯз ба забон меоред, аз рӯйи виҷдон гӯед. Бо мошини худ ба сафари берун аз шаҳр набароед. Ҳолатҳои садамавӣ ва ҷарима имкон дорад.

 Қавс

Дар ин рӯз чунон ҷозибаатон зиёд мегардад, ки дили ҳар нафарро ба даст оварда метавонед. Нисбати атрофиён серталаб мешавед, вале аз ҳад нагузаронед, вагарна кор бо баҳсу мунозира анҷом меёбад. Ба танқиду бадгӯии атрофиён роҳ надиҳед. Имкони ба даст овардани даромади пулӣ вуҷуд дорад.

 Ҷаддӣ

Дар ин рӯз бо вуҷуди он ки ба ҳақ будани худ бовар доред, ба баҳс роҳ надиҳед, вагарна атрофиёнро бар зидди худ мешӯронед. Аз бадкории душманон эҳтиёт шавед. Аз касе қарз нагиред, мушкилиҳои молиявиро бо қувваи худ рафъ намоед. Дар ин рӯз пайдо шудани бемориҳои пӯст ё ҷароҳат ёфтан аз пешомади бад гувоҳӣ медиҳад.

Далв

Дар ин рӯз на танҳо шодиву нишот, балки ногувориҳо ба саратон меоянд. Агар танҳо фикри худро кунед, чизҳои муҳиму аҷиби ҳаётатонро аз назар дур месозед. Тамоми фикру зикратон ба мушкилиҳои пулӣ равона мегардад ва нафаре мушкилатонро осон мекунад, ки аз ӯ кӯмакро интизор набудед.

 Ҳут

 Аввали рӯз ҳодисаҳои ногаҳоние имкон доранд, ки на ҳамаашон табъи дили шумо амалӣ мегарданд. Саломатии нафарони калонсол нохуб мегардад. Ба коре, ки боиси рашки ҳамсар ё шахси дӯстдоштаатон мегардад, роҳ надиҳед. Ҳутҳои муҷаррад дар интихоби бахт ғалат намекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД