Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2828

Ҳамал
Давраи санҷишу имтиҳон хотима меёбад, барор боз ҳамсафари шумо мегардад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва рафъи дудилагӣ. Бо шахси бароятон наздик дарди дил намуда, сабукиро эҳсос мекунед. Нафароне, ки мошин меронанд, дар роҳ бодиққат буданро маслиҳат медиҳем.

 

Савр

Рӯзи душвор аст. Кори зиёд ба дӯшатон бор мегардад, вале худро хеле хуб ҳис мекунед. Муносибати яке аз ҳамкорон бо шумо бад мегардад. Ҳамкоратон мақсади шуморо нодуруст қабул намуда, меранҷад. Хоби дидаатон амалӣ мегардад. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.

Ҷавзо

Дар ин рӯз руҳатон болида ва нерӯятон дучанд мегардад. Худатон нафаҳмида яке аз дӯстонатонро сахт меранҷонед. Дар ҳаёти шахсиятон воқеаҳои аҷиб рух медиҳад, вале корҳои муҳим ё хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро мувақатан фаромӯш созед.

 

Саратон

Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои мусбӣ рух медиҳанд. Албатта барои беҳтар шудани муносибатҳоятон нақши шумо созанда аст. Ба нафароне, ки ба кӯмаки шумо ниёз доранд, ҷавоби рад надиҳед. Кори хайр бе натиҷа намемонад, натиҷаи саховатмандиятонро мебинед. Тамоми нобарориҳоро оромона қабул кунед.

 

Асад

Айни замон ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Корҳои ҳаррӯзаи худро бе мушкилӣ рафъ месозед. Аз ҷониби наздикон дастгирӣ кафолат дода мешавад. Тамоми нерӯи худро барои анҷом додани корҳои хуб равона созед. Амали неки имрӯз кардаатон дар оянда ба шумо некӣ меорад.

 

Сунбула

Рӯзи бобарор аст. Камбудии ягона дар он аст, ки сахт хаста гашта бемадорӣ ҳис мекунед. Аз чунин ҳолати худ ба ташвиш наафтед. Бештар истироҳат кунед ва бо корҳои вазнини ҷисмонӣ худро хаста нагардонед. Вохӯрии хотирмон ва муносибатҳои ошиқона дергоҳ дар хотиратон нақш мебандад.

 

Мизон

Бо вуҷуди он ки наздикон аз шумо талаби зиёд мекунанд, асабӣ нашавед. Дар сари қаҳр ба ягон қарори дуруст омада наметавонед. Баъзеҳо гирифтори руҳафтодагӣ мегарданд. Худро ба даст гирифта, руҳатонро болида гиред, вагарна ба саломатиятон зарари манфӣ мерасад.

 

Ақраб

Дар ин рӯз дар муҳити орому танҳоӣ нақшаву ниятҳои худро ба тартиб дароред. Нисбати калонсолони оилаатон дилсардиву шубҳаву гумони бадро ба дил роҳ надиҳед. Андешаи он ки ба ҳаёти шахсии шумо дахолат карда, озодиятонро маҳдуд кардан мехоҳанд, ғалат аст. Баъди нисфирӯзӣ нофаҳмиҳои рухдода рафъ мегарданд.

Қавс

Дар ин рӯз ба дӯстону шиносҳои худ хубтар зеҳн монед. Ҳодисаи ногуворе рух медиҳад, ки оқибати ногувор ба бор меорад. Аз сабру таҳаммул ва дурандешии шумо муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, вобастагӣ дорад. Ба роҳи фитнаву иғво қадам нагузоред.

 

Ҷаддӣ

Рӯзи мусоид аст. Нерӯятон дучанд гашта, танҳо ба шарте муваффақ мегардед, ки имкониятҳои худро дуруст қадрдонӣ карда тавонед. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст зада, обрӯятонро мерезонеду хандахариши атрофиён мегардед. Аз баҳсу мунозира ва муноқиша бо нафароне, ки дӯст медоред, худдорӣ намоед.

 

Далв

Дар ин рӯз вазъи молиявии худро беҳтар мегардонед. Хариди ҷавоҳирот, чизҳои қиматбаҳо ва ҷиҳози хона бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед. Оббозӣ кардан ба тану ҷонатон нерӯ мебахшад. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи чандон бобарор нест.

 

Ҳут

Рӯзи бобарорест барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳо, сафару саёҳатҳо, кӯчидан ба манзили нав. Орзуҳои деринатон ҷомаи амал мепӯшанд. Дӯстону ҳамфикрон кӯмаки бебаҳо медиҳанд. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Вохӯриҳои нави ошиқона бобарор анҷом меёбанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД