Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2023
2420

 

Ҳамал

Дар ин рӯз назди худ мақсади аниқ гузореду хаёлан қасрҳои афсонавӣ насозед. Агар имкони хуби пулкоркуниро аз даст диҳед, баъдан пушаймон мешавед. Аз саргузаштҳои ошиқона худдорӣ намоед, дар ин рӯз ишқбозӣ бароятон барор намеорад, бар замми ин боиси асабхаробӣ ва аз даст додани маблағи калон мегардад.

Савр

Ба пешниҳодҳои ҷолиби ҳамкорону дӯстон ҷалб нашавед. Агар ба садои қалби худ гӯш андозед, хато намекунед. Дар ҳаёти шахсӣ монеаҳо пеш меоянд, оромона то беҳтар шудани вазъият интизор шавед. Айни замон асабӣ шудан ба шумо зарар дорад, беҳтараш истироҳат кунеду ғами саломатии худро хӯред.

Ҷавзо

Рӯзи беҳтаринест барои нафароне, ки бо шабакаи интернет сару кор доранд. Тиҷорати шахсӣ барор намеорад, аз ин рӯ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҷавзоҳои коргар набояд муносибати худро бо роҳбарият вайрон созанд, бо дастгирии сардор соҳиби вазифаи сердаромад мегардед.

Саратон

Дар ин рӯз бо фиребу хиёнат рӯ ба рӯ мегардед. Беҳуда сабабҳои чунин рафтор кардани инсони бароятон наздикро наҷӯед, беҳтараш гуноҳашро бубахшед. Ҳаққи хизмати худро гирифта наметавонед. Пайваста дар бораи пул фикр карда, худро бо кори вазнин маҷақ накунед. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.

Асад

Дар ин рӯз имкони ҷойи кори сердаромад ёфтанро пайдо мекунед. Тамоми мушкилиҳоро рӯзона рафъ намоед, то ки бегоҳирӯзӣ чизе хотиратонро мушавваш нагардонад. Нофаҳмии бо ошиқатон рухдодаро бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад.

Сунбула

Рӯзи хубест барои ошиқон ва барои муносибатҳои маҳрамона. Дар давоми рӯз аз хеши дуратон хабари нохуш мешунавед. То бегоҳирӯзӣ ба касе пул надиҳед. Дарди миёнатон бо сабаби шамол хӯрданатон аст, рӯзҳои наздик аз пайи ташхис ва табобат шавед.

 

Мизон

Барои нафароне, ки корашон бо таблиғот, савдо ва тиҷорати хусусӣ алоқамандӣ дорад, рӯзи бобарор аст. Барор ва даромади пулӣ то бегоҳирӯзӣ ҳамсафари шумо мегардад. Мизонҳои муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре шинос мешаванд, ки бо як нигоҳ ошиқ гашта, дар фикри оиладоршавӣ мегарданд.

 

Ақраб

Дар ин рӯз имкони фиреб хӯрданатон зиёд аст, аз пешниҳодҳои дилфиребе, ки танҳо зарар меоранд, худдорӣ намоед. Дар ҳаёти шахсӣ ягон ҳодисаи хатарнок дида намешавад. Барои рафъи камқувватӣ хӯроки серғизо истеъмол кунед.

Қавс

Рӯзи серташвишу пур аз рӯйдод аст. Имкони ба сафари роҳи дур баромадану мукофтопулӣ гирифтанатон зиёд аст. Баъди нисфирӯзӣ аз миёни атрофиён кӣ будани душманонатонро пайдо мекунед. Саломатиятон дар ин рӯз хеле хуб аст.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз кӯшиш намоед муносибататон бо дӯстону наздикон вайрон нагардад. Ошиқ буданатонро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна мавриди мазоқу масхара қарор мегиред. Дӯсти наздикатон тиҷорати якҷоя пешниҳод мекунад, рад накунед.

Далв

Дар ин рӯз барои коре, ки ду моҳ қабл иҷро карда будед, ҳақи хизмат мегиред. Чораҳои беҳдошти саломатӣ ва ҷарроҳиҳои тиббӣ бобарор анҷом меёбанд. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, бо нафарони бароятон ношинос дарди дил накунед. Хатари фиреб хӯрданатон зиёд аст.

 

Ҳут

Дар ин рӯз бо касе муноқиша кардану баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Барои аз даст надодани обрӯву нуфузатон хушгуфтор бошед. Вазъи молиявиатон муътадил аст, вале сарфа карданатон хуб аст. Дар саломатиятон каме иллат пайдо мешавад, баробари худро бад ҳис карданатон ба табиб муроҷиат кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД