formula
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2774

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Давраи нави ҳаётатон оғоз меёбад, дар пеш шуморо ҳодисаҳои аҷиб интизор аст. Бо шарофати ақлу заковати зотӣ роҳҳои кутоҳтаринин расидан ба ҳадафро пайдо мекунед. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо карданатон хуб аст, вале фаромӯш насозед, ки пул ҳисобу китобро дӯст медорад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Шуморо сафарҳои корӣ ва саёҳатҳои кутоҳмуддат интизор аст. Дар маркази диққат қарор доштан бароятон писанд аст. Дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳои судманд интизоранд. Мушкилоти деринаро рафъ месозед, сирру асрори оилавиро бартараф намуда, аз тарсу ҳарос эмин мемонед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Обруву нуфӯзатон дар оила, ҷои кор ва миёни дӯстон зиёд мегардад. Рӯзи хубест барои бастани аҳди муҳаббат. Бештар дар робита будан тавсия дода мешавад. Барои табобати бемориҳо, амалиётҳои косметикӣ ва рафтан ба кошонаи ҳусн рӯзи мусоид аст. Барои худ бештар вақт ҷудо кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ташаббус нишон доданатон лозим аст. Амалиётҳои пешгирикунандаи бемориҳо аз ҷумлаи маҳс, парҳез ва риояи техникаи бехатарӣ манфитабахш аст. Вақте расидааст, ки хатоҳои куҳнаи худро ислоҳ намоед. Эҳтимол, дар баъзе масъалаҳо ба маслиҳати ҳуқуқӣ ниёз пайдо мекунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Нафароне, ки дар маркази диққати ҳамагон будан мехоҳанд, дар ин рӯз ба мақсад расида метавонанд. Агар фаъолияти шумо бо саҳна алоқаманд бошад, дар ин рӯз муҳаббати мухлисонро ба даст меоред. Тамоми мушкилоти вобаста ба тиҷорат ё буҷаи оилавиро ба таври анъанавӣ рафъ намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Шуморо дар ин рӯз лаҳзаҳои аҷибу ғайриодӣ интизор аст. Бо мушкилиҳои молиявӣ машғул шуданатон лозим меояд, гуфтушуниди муҳимеро ба шумо бовар мекунанд. Шарму ҳаёро аз худ дур сохта, боҷуръаттар амал кунед. Аз сафари корӣ рӯ натобед, дар сафар табъатон хуш мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба мақсадҳои худ бе ягон мушкилӣ ноил мегардед. Душвориҳои сарзадаро бо дастгирии ҳамкорону дӯстон рафъ намуда метавонед. Даромади пулиятон меафзояд, вале дар танҳоӣ ба мағоза рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли сарф кардани тамоми маблағ дар назар аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз дилатон сафару саёҳат ва дилхушӣ мехоҳад, вале беҳтар аст, ки бо нишасти дӯстона қаноат намоед. Аз ишқбозӣ бо ҳамкоратон худдорӣ намоед, обрӯи худро нарезонед, фаромӯш насозед, ки таҳти назорат қарор доред. Барои ором сохтани асабоният бо худ тасбеҳ гардонед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои аксари қавсҳо рӯзи бобарор аст. Болидарӯҳ бошед ва табассумро фаромӯш насозед. Аз сабукфикрӣ худдорӣ намоед, наздикону дӯстонро ба иғвогариҳо ҳамроҳ насозед. Шуморо сафари аҷиб ва вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Саломатиатон дар ин рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нафаре аз дӯстон сабабгори сар задани мушкилиҳоятон мегардад. Рақибон низ зарари худро расонида метавонанд, боэҳтиёт бошед. Аз ҳад зиёд бо ҳаёти шахсии худ машғул шудан ба вазъи молиявиатон зарар мерасонад. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат азоби танҳоӣ намекашед. 

Далв (21 январ-18 феврал)

Тақдир нисбати шумо хеле меҳрубон мегардад. Аз бурдбориву дастовардҳои худ ифтихор накунед. Аз ӯҳдаи корҳое, ки пештар машғул шудан намехостед, ба осонӣ мебароед. Дар ҷодаи муҳаббат навгониҳоро интизор бошед. Барои робита бо наздикон вақт пайдо намоед, хусусан, кӯдакон ба ғамхорӣ ниёз доранд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шумо ба зудӣ бо одамон забон ёфта метавонед. Аз дилёбии худ истифода бурда, бо нафарони даркорӣ робита барқарор намоед. Дар оянда аз ин робитаҳо фоида ба даст меоред. Наздикон бо инҷиқиҳои худ диққати шуморо ба худ ҷалб сохтан мехоҳанд. Нафарони оиладор вақти бештари худро бо наздикон гузаронанд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД