Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2356

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз мушкилоти пуливу оилавиро мустақилона ҳаллу фасл кардан мехоҳед. Ин коратон хуб аст, аммо аз кӯмаки дӯстони наздик низ истифода кунед. Дар роҳи ишқу муҳаббат ҳодисаи ногувор рух медиҳад, ки шуморо дилшикаста мекунад. Дубора ба нафаре ошиқ мешавед, ки ӯ оиладор аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Беҷуръатӣ накарда, нақшаҳои навро тарҳрезӣ кунед ва аз пайи амалӣ кардани онҳо шавед, зеро айёми мувофиқу мусоид аст. Дӯсти нав пайдо карда, дӯстони пешинаро фаромӯш накунед. Барои хариди калон рӯзи бобарор нест. Бо нафаре, ки қаблан хафааш карда будед, оштӣ шавед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар сари қаҳру ғазаб аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуда, баъдан эҳсоси пушаймонӣ мекунед. Оростани зиёфат ва даъват кардани меҳмони зиёдро тавсия намедиҳем. Дӯстонатон шуморо ба ҳамкорӣ даъват мекунанд ва маслиҳат медиҳем, ки бо дили пур розӣ шавед. Шамол хӯрда, бемор мешавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Хоби шаб дидаатон шуморо аз рух додани бисёр ҳодисаҳо ҳушдор медиҳад. Нафареро дастгирӣ карда, маслиҳати судманд низ медиҳед. Ин хуб аст, ки ба дигарон кӯмак мекунед, аммо барои худу оилаатон низ вақт ҷудо кунед. Аз ҷойҳои торик ва серодам дурӣ ҷӯед. Бо дӯстдоштаатон оштӣ кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Асадҳои муҷаррад дар ин рӯз ошиқ мешаванд. Он қадар ошиқ мешавед, ки тамоми рӯз бо дили лабрези орзуву ҳавасҳо мегардед. Орзуи беҳтарини худро имрӯз ҷомаи амал пӯшонида метавонед. Барои иваз кардани ҷойи кор ва кӯчидан ба хонаи дигар рӯзи хуб аст. Гурдаҳоятон шамол хӯрда, шуморо азият медиҳанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои сунбулаҳо рӯзи бебарор аст, зеро туҳмати ногаҳонӣ зиндагиатонро бемазмун мегардонад. Эҳтимоли бо наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Ба корҳои шубҳанок машғул нашавед, вагарна ба доми фиреб афтида, пушаймон мешавед. Агар дӯстонатон кӯмак пурсанд, ба ёриашон шитобед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бисёриҳо аз шумо маслиҳату машварат пурсида, табъи шуморо болида мегардонанд, зеро худро одами даркорӣ ҳис мекунед. Нафаре бо хушомадгӯӣ шуморо ба худаш тобеъ карда метавонад. Худро зӯр гирифта, ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст назанед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз пайи иҷрои корҳое шавед, ки то ин муддат ба таъхир мегузоштед. Нафароне, ки муҳосиб ҳастанду бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ сару кор доранд, дучори ғалату мушкилӣ мешаванд. Баъзе ақрабҳо самти фаъолияти худро дигар карда, баъзеҳои дигар ба хонаи нав мекӯчанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо суханҳои аҷибу ғариб хотири наздиконатонро шод мегардонед. Хотири дӯстдоштаатонро бошад, на бо сухани хуб, балки бо туҳфае шод намоед. Қавсҳое, ки нияти оиладоршавӣ доранду то ҳол дудилаанд, хубтараш имрӯз сари ягон қарор наоянд, зеро эҳтимол корҳояшон барор намегирад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои харидани тӯҳфа рӯзи нек аст. Ситораҳо аз ҳад зиёд нӯшидани машруботро тавсия намедиҳанд, вагарна дар сари мастӣ ҳаргуна беақлиҳо карданатон мумкин аст. Аз ҳад зиёд ман-маниву худпарастӣ накунед. Бо ин роҳ дӯстони деринаи худро аз даст дода, дар чорроҳаи зиндагӣ тани танҳо мемонед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз аз оне ки мудом ба дигарон дасти ёрӣ дароз мекунед, изҳори қаноатмандӣ мекунед. Ба дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои нотакрору гувороро ҳадя созед. Агар дар ҷои кор ҳама ҷоро ба тартиб дароред, бурд мекунед. Саломатии наздиконатонро беназорат нагузоред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз фикру андешаҳои гуногунро аз саратон дур созед, вагарна табъатон хира гашта, сарҳисоби коратонро гум мекунед. Бесадоқатӣ ва дурӯягии атрофиёро мефаҳмед ва дилатон аз зиндагӣ яку якбора сард мешавад. Мутаассифона, баъди ин ҳодиса чизеву касе то як муддат табъи шуморо болида гардонида наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД