Arzon New
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2090

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳодисаҳои ногувори дар ҷои кор рухдодаро пешгирӣ карда наметавонед. Тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳеду бо роҳбарият муноқиша накунед. Хариди хурд кардан роиҷ аст, вале хариди калону шитобкорона тавсия намешавад. Эҳтимоли оғоз ёфтани муносибати ошиқона дар назар аст. Аз нӯшидани машрубот худдорӣ намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз ӯҳдаи корҳое баромада метавонед, ки атрофиён иҷро карда наметавонанд. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, бовар накарданатон дуруст аст, эҳтимол шуморо фиреб медиҳанд. Агар аз бехобӣ азият мекашида бошед, аз чойҳои гиёҳӣ истифода баред. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ғалатҳои пешинаро рафъ созед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз тартибу низомро риоя намоед. Ҳавои тоза дар беҳдошти саломатиатон нақши муҳим мебозад. Ҳангоми аз хона баромадан ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Нерӯи худро ба мушкилоти оилавӣ равона намуда, бо дӯстдоштаи худ камбудиҳоро рафъ карда метавонед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Сафарҳо бобарор анҷом меёбанд, ҳатто сафари роҳи дур шуморо дилгир намесозад. Ба мушкилоти саломатӣ диққати хоса диҳед, бо сар задани аввалин нишонаҳои беморӣ ба табиб муроҷиат кунед. Хусусан, ба ҳолати рӯдаву узвҳои ҳозима таваҷҷуҳ намоед. Бо дӯстдоштаи худ ба сайругашт баромада, табъатон болида мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Даромади пулӣ дар ин рӯз дар назар нест, вале нақшаву ниятҳоятон самараи нек медиҳанд. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, беҳтараш бо нав кардани сару либоси худ машғул шавед. Ба мушкилоти оила таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ аз сидқи дил меҳнат карданатон лозим аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нафароне, ки пешравиҳоятон дар касбу кор аз онҳо вобастагӣ дорад, дастовардҳои шуморо қадр мекунанд. Эҳтимол, бо яке аз ҳамкорон пайванди муҳаббат мебандед. Азбаски шуморо фиреб кардан кори душвор аст, бо хости дил амал намуда, дар интихоби дӯстдошта ғалат намекунед. Роҳҳои нафасро аз беморӣ эҳтиёт кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нимаи аввали рӯз ба муваффақиятҳои бештаре ноил мегардед. Мутаассифона, баъдан бо одамони воломақом нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба асабоният роҳ надиҳед, ташвиши беҳуда танҳо бар зарари шумост. Хастагӣ ва бемадорӣ имкон дорад, аз ин рӯ, барвақттар хоб равед. Истодагарӣ ва бовиҷдониятонро қадр мекунанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Воқеаҳои имрӯз ба ошиқон имкон медиҳад, ки тамоми нофаҳмиву муноқишаи дар байнашон рухдодаро рафъ созанд. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Бемориҳои дилу рагҳои хунгардро пешгирӣ намоед. Нӯшидани қаҳваи зиёд ва чойи талхро тавсия намедиҳем. Бо ҳамкорони худ боэҳтиром бошед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор ва мушкили ҳалношуданӣ рух намедиҳад. Корҳои молиявӣ бобарор анҷом ёфта, даромади пулӣ имкон дорад. Аз роҳи дур хабари хуш мешунавед. Эҳтимоли сар задани бемориҳои сироятӣ ва зуком дар назар аст. Дучори мушкилиҳои рӯзгор ва нофаҳмии наздикон мегардед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, нафарони зиёде шуморо фиреб кардан мехоҳанд. Дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ қувваву имкониятҳои худро ба назар гиред. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли баланд шудани фишори хунатон дар назар аст. Аз қаҳва ва сигор даст кашед. Дар корҳои тиҷоратӣ ба макру фиреб роҳ надиҳед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Кӯшишҳоятон дар ин рӯз самара намедиҳанд. Бо ҳар роҳе, ки набошад, боварии шахсии дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед, аз дурӯғ ва пинҳонкорӣ худдорӣ намоед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои кӯҳна дар назар аст. Сабаби беморӣ дар ташвиши зиёд ва руҳафтодагӣ аст. Аз ин рӯ, ба асабоният роҳ надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шитобкорӣ дар ин рӯз тавсия дода намешавад. Робитаро бо одамони даркорӣ қавитар созед. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Ҳар дафъае, ки нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон сухани дуруште мегӯед, оқибаташро андеша намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Фарахноз 2020-11-06, 21:14
Шумо ба оилахои ниезманд кумак мекунед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Фарахноз 2020-11-06, 21:14
Шумо ба оилахои ниезманд кумак мекунед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД