Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар ба доираи нафарони ношинос афтед, ҳамёни пулҳоятонро дар назди худ нигоҳ доред. Ошиқатон коре мекунад, ки нигоҳатонро нисбаташ комилан тағйир медиҳед. Аксари ҳамалҳо қобилияти пешггӯӣ карданро пайдо мекунанд. Якравӣ ва беандешагӣ бар зарари худатон аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи серташвиш аст, бар замми серкорӣ мушкилоти шахсӣ ва камбудиҳои рӯзгор ташвишатонро зиёду асабатонро хароб месозанд. Саврҳои муҷаррад ба хотири дӯстдоштаи худ тамоми дороияшонро сарф мекунанд. Даромади нави пулӣ меёбед ё масъалаҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ҳар қадаре муҳаббатро зудтар ба хонаи дил роҳ диҳед, ҳамон андоза хушбахт мегардед. Рӯзи хубест барои изҳори муҳаббат, бастани ақди никоҳ ва тӯйи арӯсӣ. Бо масъалаҳои молиявӣ беҳтараш машғул нашавед. Бо ними нон қаноат кунед, ба зудӣ соҳиби боигарӣ мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Хеле рӯзи вазнин аст, ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Мустақилона амал кунед, ҳатто маслиҳати шахси бароятон азиз оқибати нохуш ба бор меорад. Саломатиятон нохуб гашта, асабхаробӣ ё ҷароҳати сабук, хастагиву дарди сар эҳтимол дорад. Нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол накунед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи бе рӯйдод аст. Ба касеву чизе дил набандед. Бо кори даромаднок машғул шавед, ба наздикӣ ба пул эҳтиёҷи сахт пайдо мекунед. Фикри тиҷорати шахсиро накунед, вагарна пули калонро аз даст медиҳед. Бо вуҷуди баъзе ногувориҳо саломатиятон дар ин рӯз бад нест. Аз суҳбат бо дӯстдоштаатон хурсанд мешавед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи пур аз нохушиву нобарориҳост. Ҳодисаҳои нохуш, бемориҳо, ҷароҳат бардоштану аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Аз робита бо одамон худдорӣ намоед, бо касе шинос нашавед. Танҳо дар оғӯши шахси дӯстдоштаатон оромиву нишот меёбед. Бо асаби хароб ҷони наздиконро ба лаб меоред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз маблағи хуб ба даст меоред. Ташаббусро аз даст надода, ба умеди касе нашавед, танҳо ба кӯмаки худ умед бандед. Дӯстону наздикон ба қадри некиҳоятон мерасанд. Дар оилаатон ҳодисае рух медиҳад, ки тамоми нияту нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд. Дарди миён азият медиҳад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз ҷониби роҳбарият дағаливу танқид шунавед ҳам, дар ҷавоб боодобона посух гӯед. Ақрабҳои муҷарраде, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, саросема шуда, фикри оиладоршавиро накунед. Барои он ки дӯсти наздикатон ба душман мубаддал нагардад, ба ӯ қарз надиҳед. Рашки ҳамсаратон табъатонро хира месозад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз на танҳо ба кӯмаки дӯстон, балки ба дастгирии хешу ақрабо низ ниёз пайдо мекунед. Агар кори саркардаи шумо маблағи калонро талаб мекарда бошад, ҳангоми имзогузорӣ дар ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Нисбати дӯстдоштаатон танқидро раво набинед, беҳтараш камбудиҳои худро ҷӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба осонӣ ба доми фиребгарон меафтед. Масъалаҳои пулии худро бо нафарони босавод ҳаллу фасл намоед. Бо мошин ба сафар баромаданро маслиҳат намедиҳем. Ба овозаҳое, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед, муҳим он аст, ки шумо ӯро дӯст медоред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Бо дили пур аз пайи пулкоркунӣ шавед, барор ҳамсафари шумо мегардад. Нисбати дӯстдоштаатон фикри бад накунед, барои дилпур будан ӯро танҳо нагузоред. Бо сабабҳои номаълум ҳаққи хизмати худро дар ин рӯз гирифта наметавонед. Бегоҳирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб мегардад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ба коре, ки дар он таҷрибаву тасаввурот надароед, даст назанед, вагарна бар замми бепул монданатон, хандахариши дӯсту душман мегардед. Барои он ки фишори хунатон ба эътидол ояд, бояд аз ҷойҳои серодаму серғавғо дурӣ ҷӯед. Дар ин рӯз ба одамони ношинос бовар накунед. Аз пайи дӯстдоштаатон назорат кунед.