Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
4597

 

 

Ҳамал

 

Барои он ки дар ҷодаи касбу кор ба муваффақиятҳои беназир ноил гардеду аз натиҷаи коратон қаноатманд бошед, бояд дар нуқтаи назари худ истодагарӣ карда тавонед. Ҳақ будани худро ба ҳамкорон собит намоед. Ба роҳбаратон касбияти баландатонро нишон диҳед. Кӯшиш намоед, ки ба ҳамсуҳбати худ фишор наоред. Корҳои фавриро ба фардо нагузоред.

 

Савр

 

Бо ҳамкорон муносибати дӯстонаро нигоҳ доред, бо кумаки онҳо корҳои худро зудтар ба анҷом мерасонед. Муваффақият ба шумо кафолат дода мешавад. Бо нафарони нав шинос шавед, аз дастгирии ҳамфикрон истифода баред. Нафарони муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки сидқан дӯсташ медоранд.

 

Ҷавзо

 

Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани ҳодисаву рӯйдодҳоро накунед. Дар зиндагиятон тағйиротҳои муҳим сар мезананд. Нафарони оиладорро лозим аст, ки вақти бештари худро бо аҳли оила гузаронида, муносибатро бо хешовандон беҳтар созанд. Нисбати нафароне, ки чандон хуб намешиносед, эҳтиромро нигоҳ доред.

 

Саратон

 

Ҳангоми иҷрои корҳои ҷиддӣ шитоб накунед. Диққати худро ба корҳоятон равона созед. Фориғболӣ ва бедиққатӣ боиси сар задани ғалату иштибоҳ мегардад, ки ислоҳ карданаш амри маҳол аст. Дар ин рӯз табъатон ба қобилияти кориятон таъсир мерасонад. Аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, ба дағалӣ роҳ надиҳед.

 

Асад

 

Ба танқиду эроди атрофиён диққат надиҳед. Танҳо ба маслиҳати нафарони наздик гӯш андозед, ба садои қалб бовар кунед. Бадхоҳонатон барои шуморо ба доми моҷаро кашидан макру ҳилларо ба кор мебаранд. Имрӯзро дар танҳоӣ гузаронед ва оромиро аз даст надиҳед.

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз эҳсосоти шумо дучанд мегардад. Ҳама гуна ҳодисаи норавшан шуморо асабӣ мекунад. Ба дӯши худ уҳдадориҳои иловагӣ бор накунед, ба коре, ки аз шумо масъулияти зиёд ва ҷонфидоиро талаб мекунад, розӣ нашавед. Ба роҳбарият то кадом андоза корманди хушзеҳн будани худро нишон диҳед.

 

Мизон

 

Дар давоми рӯз бо шумо як қатор ҳодисаҳои ногувор рух медиҳанд. Кӯшиш намоед, ки бо рафтори нодурусти худ вазъиятро муташаниҷ насозед. Ба иғвогариҳои атроф дода нашавед, ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, худро дар ҳама ҳолат ба даст гиред. То беҳтар шудани вазъият интизор шавед.

 

 

 

Ақраб

 

Рӯзи пурмоҷаро ва бебарор аст. Беҳтараш аз ҷойҳои серодам ва мавзӯҳои баҳсталаб дурӣ ҷӯед. Агар имкон дошта бошед, имрӯз корҳои худро дар хона анҷом диҳед. Бегоҳирӯзиро бо дӯстону шиносҳои хубатон гузаронед. Нафарони оиладорро лозим аст, ки нисбати саломатии фарзандон бодиққат бошанд.

 

Қавс

 

Барои он ки тамоми корҳоятон имрӯз анҷоми нек ёбанд, ба ҳолати руҳии худ диққати бештар диҳед. Аз хоб сер карда, ғизои хуб истеъмол намоед, машқи бадан кунеду аз ташхиси тиббӣ гузаред. Барои беҳдошти саломатӣ аз истеъмоли хӯрокҳои равғанин ва бирёну сахт худдорӣ намоед. Бо корҳое машғул шавед, ки фоидаи хуб ба даст оварда тавонед.

 

Ҷаддӣ

 

Дар ин рӯз беҳуда нақшаи кору зиндагиро накашед. Вазъият зуд-зуд тағйир меёбад. Сабру таҳаммулро пеша намоед, то кадом андоза душвор будани корро баҳогузорӣ намоед. Барои кори дастаҷамъона ва амалӣ намудани лоиҳаҳои нав рӯзи мусоид нест. Дар ин шабу рӯз мувофиқи боду ҳаво либос пӯшед, эҳтимоли шамол хӯрданатон дар назар аст.

 

Далв

 

Аз атрофиён талаби зиёд накунед. Агар муносибати худро бо наздикон вайрон карданӣ набошед, аз онҳо низ чизе талаб накунед. Ба камбудиву нуқсонҳои касе эрод нагиред, чунки дар дунё одами бе айб нест, аз он ҷумла худи шумо низ камбудӣ доред. Дар масъалаҳои корӣ аз маслиҳати ҳамфикрон истифода баред, вале ба кори касе дахолат накунед.

 

КЛАМА

 

 

 

Ҳут

 

Барои он ки рӯзатон сермаҳсул гузарад, нақшаи корҳои худро тартиб диҳед. Яку якбора аз паси чанд кор нашавед, ин роҳи ҳалли масъала нест. Барои рафъ намудани нофаҳмиҳое, ки бо шумо сар мезанад, фикру андешаҳои худро дақиқ намуда, дар мавқеи худ устувор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Манижа 2023-04-06, 06:47
Акраьб
Посух
Хуршед 2023-04-06, 06:53
Лозим нест
Посух
Абубакр 2023-04-06, 08:39
Ин чикорай толеномая хамихе мемонену наменависен
Посух
Максуд 2023-04-06, 08:44
28.05.1971
Посух
Парвиз 2023-04-06, 09:06
Хучанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Манижа 2023-04-06, 06:47
Акраьб
Посух
Хуршед 2023-04-06, 06:53
Лозим нест
Посух
Абубакр 2023-04-06, 08:39
Ин чикорай толеномая хамихе мемонену наменависен
Посух
Максуд 2023-04-06, 08:44
28.05.1971
Посух
Парвиз 2023-04-06, 09:06
Хучанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД