Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо корҳои якрангу муқаррарии худ машғул шавед ва фикри навигариро накунед. Барои сафарҳои роҳи дур рӯзи бобарор аст. Вохӯриҳои муҳимро ба қисми аввали рӯз гузоред. Дар давоми рӯз саломатии худро эҳтиёт кунед. Хусусан, нисбати дарди дандону даҳон бепарвоӣ зоҳир накунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Агар нисбати ҳамкорон ё роҳбарият иддао дошта бошед, инро саросемавор иброз накунед, зеро гапатон дар ин рӯз ба касе намегузарад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯстанатон лозим аст, зеро нафарони бадкирдору бадахлоқро ба худ ҷалб месозед. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳрубонии бештареро интизор аст.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ҳамагуна мушкилиро бо роҳи сулҳу субот ҳал карда метавонед. Нафарони даркориро ба ҳақ будани худ қоил мекунед. Кӯшиш намоед, ки ба худу наздиконатон лаҳзаҳои хушро ато намоед. Ҳангоми беморӣ бо худтабобаткунӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Маблағи дар даст доштаатонро захира намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз пешниҳодҳои нави корӣ эҳтиёт шавед, вагарна ба доми фиребу найранг афтиданатон имкон дорад. Айни замон дар корҳои хатарнок ширкат наварзед. Гирифтори рӯҳафтодагӣ ё асабхаробӣ мегардед. Ҳамагуна фишор нисбати атрофиён, хафагӣ ва фармонфармоӣ кардан бар зидди худатон анҷом меёбад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз тағйиротҳои махсус рух намедиҳанд. Чӣ гуна гузаштани рӯзро намефаҳмед. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта мӯътадил ҷараён мегиранд. Агар нияти ба бозор рафтанро дошта бошед, ҳангоми салқин будани ҳаво аз хона бароед, вагарна аз гармии ҳаво беҳолу нотоб шуданатон имкон дорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик қабул накунед ва ба ҳеҷ ваҷҳ рӯҳафтода нагардед. Дар фазои оилавӣ ягон мушкилӣ дида намешавад. Хароҷоти худро ба нақша гиред, зеро дар пеш хариди калон карданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ нотоб гаштанатон аз эҳтимол дур нест.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар дар ин рӯз танбалӣ накунед, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Ҳангоми рафъи мушкилоти касбӣ ба маслиҳати наздикони худ гӯш андозед. Ба вазъи молиявиятон диққат диҳед, шуморо лозим меояд, ки хароҷоти худро кам кунед ё пешакӣ ба нақша гиред. Дар муносибатҳои ошиқона дилмондагӣ дида мешавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз дар касбу кор ба иштибоҳ роҳ доданатон эҳтимол дорад. Агар дар атрофатон шахси наве пайдо шавад, ӯ дар зиндагии шумо нақши худро мегузорад. Дар муносибатҳои ошиқона ба қаҳру ғазаб ва дилсӯзӣ роҳ надиҳед. Аз тақдир роҳи гурез нест. Хабарҳои хуш ё туҳфаро интизор бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои муноқиша бо дӯстдоштаатон рӯзи мусоид нест. Айни замон аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода шуда, дар айни ҷанҷол гапи зиёдатӣ гуфта, сахт пушаймон мешавед. Каме даромади пулӣ натиҷаи заҳматҳои чандмоҳаатон аст. Нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, ба ҳаётатон таъсири мусбӣ ё манфӣ мерасонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Мушкилиҳои молиявӣ ба ҷойи аввал баромада, хароҷоти иловагиро талаб мекунанд. Барои рафъи ин мушкилиҳо заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Сабрро пеша намуда, барқасдкорӣ накунед. Тамоми фикру зикратон бояд барои ба даст овардани маблағ равона гардад. Эҳтимол, гирифтори руҳафтодагӣ мегардед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Маблағе, ки имрӯз ба даст меоред, натиҷаи заҳматҳои чанд моҳи охир кашидаатон аст. Ҳангоми нишастан сари чанбараки мошин боэҳтиёт бошед. Агар дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медода бошад, аз нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ истифода баред. Шиносоиҳои нав дар ҳаётатон нақши созанда мегузоранд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз наздикони худро наранҷонед. Ҳар гапе ки дар сари қаҳр ба забон меоред, рӯзе ба худатон бармегардад. Агар дар коре муваффақ шудан хоҳед, бо тамоми қувва ҷидду ҷаҳд намоед. Бо вуҷуди нохуб будани табъ ва асабонияти зиёд худро ба даст гирифта, ба эҳсосот дода нашавед.