Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо атрофиён хуб созиш намуда, мушкилиҳои зиёдеро рафъ месозед. Ба нафаре ошиқ шуда, зиндагиятон куллан тағйир меёбад. Барои изҳори муҳаббат рӯзи хуб аст. Аз истеъмоли хӯрокҳои зарарнок худдорӣ намоед. Рафту аз харобӣ азият мекашида бошед, бештар себ, ярмаи марҷумак ва ҷигарбирён истеъмол намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ҳаёти шахсии нафароне, ки ҳоло ҳам бахти худро пайдо накардаанд, тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Вохӯриҳои тақдирсозе имкон доранд, ки зиндагиятонро дигаргун месозанд. Мушкилиҳои хурди рӯзгор, нофаҳмӣ ва мунозира бо наздикон имконпазир аст. Ин ҳодисаҳо табъи шуморо хира гардонида наметавонанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Вазъи саломатиятон ташвиш намедиҳад, дар сурати машқи бадан кардану ғизои дуруст худро хуб ҳис мекунед. Бемориҳои зукомро пешгирӣ намоед. Витамин ва меваҳои тару тоза истеъмол намоед. Айни замон ба нафаре, ки дӯсташ медоред, сахт ниёз доред. Дар ин рӯз даромади пулӣ имкон надорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба шумо ба осонӣ ошиқ мешаванд. Мутаассифона, баъзан ошиқони шилқине низ пайдо мешаванд, ки комилан табъи дилатон нестанд. Агар саломатии хуб мехоста бошед, бояд ғами онро хӯред. Ба ғалатҳои наздикони худ диққати зиёд надиҳед, вагарна қариби бегоҳ хафагиву норизогӣ фазои оилаатонро тира месозанд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз ором буданатон хеле муҳим аст. Дар сурати ба эҳсосот дода шудан рӯз бебарор мегузарад. Якравию гарданшахиятон ба атрофиён сахт мерасад. Дар табобати бемориҳо аз воситаву усулҳои табибони шарқ истифода баред. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ ҳастанд, бояд рӯҳи болида ва нияти нек дошта бошанд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона, шумо барои нотакрор сохтани он тамоми кӯшишу ғайрататонро ба кор баред. Саломатиятон хуб аст, вале агар бе истироҳат кор кунед, хастагиро эҳсос мекунед. Нафарони оиладор бо ҳамсари худ каме моҷаро мекунанд. Табъи хушу болида ва чеҳраи кушод боиси пешравиҳоятон мегарданд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нимаи аввали рӯз бо бонувон муросо кардан осонтар аст. Бо сабаби истеъмоли хӯрокҳои зарарнок ҳолати меъдаи шуморо табоҳ мегардад. Эҳтимол, вақтҳои охир шумо аз рафтори дӯстдоштаи худ норозӣ ҳастед. Агар чунин бошад, вақте расидааст, ки ба ҷустуҷӯи бахти ҳақиқӣ бароед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Хабари дар ин рӯз шунидаатон боиси ба ташвиш омадану тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Барои харид кардану бартараф намудани мушкилиҳои молиявӣ рӯзи хуб аст. Мулоқоти ошиқона баъди нисфирӯзӣ табъатонро хира месозад. Танҳо бо нафароне робита намоед, ки ба онҳо боварӣ дошта бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи душвор аст. На ҳама кор ба табъи дили шумо анҷом меёбад. Нафароне, ки ба шумо кӯмак расонида буданд, ба саратон хуҷаинӣ кардан мехоҳанд. Дар саломатиятон ягон мушкилӣ дида намешавад, вале табъатон хира мегардад. Бо машқи бадан машғул шуда, витамин истеъмол намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз нигоҳи молиявӣ рӯзи бобарор аст, маблағи хуб ба даст оварда метавонед. Бо камоли майл ба нафароне кӯмак мерасонед, ки дучори мушкилиҳои ҷиддӣ гаштаанд. Чашмони худро эҳтиёт кунед. Дар утоқи нимторик мутолиа накунед ва дар як рӯз аз шаш соат бештар назди компютер нишастанро тавсия намедиҳем.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз аз ӯҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед. Рӯзи хубест барои фаъолияти тиҷоратӣ, пули хуб ба даст оварданатон имконпазир аст. Агар минбаъд низ худро ҳамин тавр эҳтиёт намоед, саломатиро мустаҳкам месозед. Шиносоие, ки ҳангоми сафар рух медиҳад, ба муносибати ошиқона мубаддал мегардад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз тағйиротҳои назаррас имкон доранд. Нимаи дуюми рӯз даромади пулӣ ба даст меоред. Аз фишори руҳӣ эҳтиёт шавед, ҳолати ҷисмониатон аз ҳолати руҳӣ сахт вобастагӣ дорад. Барои рафъи бехобӣ оббозӣ дар ҳаммоми гарм ва нӯшидани лимӯчой бо асал манфиатбахш аст.