Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2569

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ба умеди кӯмаки дӯстону наздикон нашуда, ҳама корро худатон ба анҷом расонед. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Роҳбарият коратонро таъриф мекунад, вале мукофотпулиро дертар интизор шавед. Аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон таърифу тавсиф мешунавед. Барои баргузории тӯй рӯзи мусоид аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо таъмир ва ободонии хона машғул нашавед. Барои ишқварзӣ ва майнӯшӣ низ рӯзи мусоид нест. Агар имкон дошта бошед, ба ибодат машғул шавед. Бештар дар ҳавои тоза сайр намоед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар самти нав кор карда, вазъи молиявиатонро беҳтар месозед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ба маслиҳати касе гӯш надиҳед, нафаре дар фикри ба шумо зарар расонидан аст. Агар ҳушёр бошед, душман ба мақсад намерасад. Бегоҳирӯзиро ба истироҳат ё сайругашт бахшида, ҳам асабатонро ором мекунеду ҳам ба худ меоед. Пул доштанатонро аз атрофиён пинҳон доред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз камбудиву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Бо нафарони ношинос дарди дил накунед. Кори худро монда, мушкили дигаронро рафъ накунед. Бонувон бояд аз шиносшавӣ худдорӣ намоянд, вагарна ба доми фиреб меафтанд. Мардҳо бо дилёбӣ кори даромаднок пайдо мекунанд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳама гапро ба дил наздик қабул накунед. Бадгумону нозук нашавед, дар лаҳзаҳои душвор аз наздикон кӯмак пурсед. Вазъи молиявиатон баъди нисфирӯзӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Рашку итоби беасосро ба дил роҳ надода, нисбати ошиқатон меҳрубон бошед. Дарди миён бар асари шамол хӯрданатон аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Камтарин ғалат дар рафтору гуфтор боиси ранҷиши наздикон мегардад. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштану сар задани сактаи дил зиёд аст. Бо дӯстдошта ё ҳамсаратон муноқишаи калон имкон дорад, баъзеҳо ҷудо мешаванд. Қабл аз он ки фикри қарз гирифтанро мекунед, чӣ тавр баргардонидани онро низ андеша намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба тағйироту навигариҳо омода бошед. Нуқтаи назари дигаронро ба инобат нагиред. Баъди нисфирӯзӣ дар оилаатон муноқиша рух медиҳад, барои пешгирӣ намудан бо наздикони худ меҳрубону боҳиммат бошед. Агар шамол кашида бошед, бо давоҳои халқӣ худатонро табобат кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳар қадаре аз кори мекардаатон ҳаловат бардоред, ҳамон андоза сидқан заҳмат мекашед. Танҳо ба хотири ба даст овардани пул худро азоб надиҳед. Кореро, ки табъи дилатон нест, ба гардан нагиред. Ғуруру такаббури худро ба дӯстдоштаатон нишон надиҳед, вагарна кор то ба ҷудоӣ мерасад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ҳар пешниҳоде, ки дар ин рӯз мегиред, бояд ҷиҳатҳои мусбиву манфияшро дида бароед. Бемориҳои куҳна аз нав хурӯҷ мекунанд, агар зуд аз пайи табобат шавед, оқибати бемориро пешгирӣ мекунед. Имкони ба даст овардани маблағи калон вуҷуд дорад, ба шарте ки сустӣ накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳар қадаре заҳмат мекашед, бояд ҳамон андоза истироҳат намоед, он гоҳ корҳоятон пеш мераванд. Барои нафароне, ки ошиқанду ҷуръати шинос шуданро надоранд, рӯзи мусоид аст. Ҷасуртар бошед, вагарна муҳаббати худро аз даст дода, умре пушаймон мегардед. Дар саломатиятон нуқсоне дида намешавад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Тамоми фикри худро ба масъалаҳои молиявӣ равона созед, аз шиносҳои наватон эҳтиёт шавед. Бо наздикони худ аз рӯйи ҳар гапи ночиз муноқиша накунед, вагарна кор бо ҷанҷоли калон анҷом меёбад. Агар дар назди ошиқатон гунаҳкор бошед, бахшиш пурсед. Масунияти баданро бо витаминҳо мустаҳкам гардонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои хариду фурӯш ва кори савдо рӯзи бобарор аст. Агар ҳама корро зери назорати худ гиреду ба касе бовар накунед, маблағи хуб ба даст меоред. Баъди нисфирӯзӣ бо ошиқатон низоъ мекунед ё ҷанҷоли оилавӣ имкон дорад. Дарди сари ҳангоми бегоҳирӯзӣ пайдошуда бар асари фишори баланд аст.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД