Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2023
2727

 

Ҳамал

Рӯзи душвор аст, эҳтимоли фиребу хиёнат ва ваъдаҳои дурӯғ зиёд аст. Дар масъалаҳои пулӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим боэҳтиёт бошед. Дар ин рӯз ба маъракае даъватӣ мешавед, ҳатман дар он иштирок намоед. Саломатиятон хуб аст, вале аз бевафоии ошиқатон сахт дилшикаста мегардед.

Савр

Ягон пешравии назаррас дида намешавад. Хомхаёлӣ ва нақшаҳои ҳавоӣ кашиданатон боиси бе пул монданатон мегардад. Ба ақидаи бегонаҳо гӯш надиҳед, мустақилона амал намоед. Нияти сафари роҳи дур дошта бошед, ҷасурона ба роҳ бароед. Аз ҷониби нафаре, ки солиёни зиёд ба ӯ бовар доштед, фиреб хӯрданатон имкон дорад. 

                                 Ҷавзо

Байни дӯстону наздиконатон мушкилиҳои ҷиддӣ рух медиҳанд. Дар ҷодаи муҳаббат фиреб хӯрдану дилмондагӣ интизоратон аст. Барои мустаҳкам сохтани вазъи молиявӣ қарз гирифтану бо корхонаҳои калон маблағгузорӣ карданатон шарт нест. Бо нафаре, ки нияти ҳамкорӣ карданро доред, риштаи муҳаббат набандед.

                                 Саратон

Ҳунару маҳорати худро аз атрофиён пинҳон надоред. Нисбати ошиқатон олиҳиммату саховатманд бошед, подоши некиҳоятонро ҳатман мебинед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳ маъракае ороста бо аҳли оила хурсандӣ кунед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.  

                           Асад

Дар ҳоле ки мушкиливу шакку шубҳа зиёд аст, аз пайи ба даст овардани пул шуданатон беҳуда аст. Маблағи зиёд сарф мекунеду фоидаи хеле кам ба даст меоред. Ба як ҳамкоратон ошиқ мешавед, баъзеҳо собиқ дӯстдоштаашонро бармегардонанд. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки фориғболӣ намоед.

Сунбула

Рӯзи душвор аст. Аз ҷониби нафароне, ки шумо дӯсти худ намешуморидед, дастгириву кӯмак мебинед. Сайругашти баъди нисфирӯзӣ табъатонро болида месозад. Дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт шавед, аз ҷониби нафарони тамаъкор фиреб хӯрданатон имкон дорад. 

                           Мизон

Дар ин рӯз дар рафтору кирдор ҷасурӣ нишон дода, атрофиёнро ба ҳайрат меоред. Нафарони оиладор дар робита бо хешу ақрабои ҳамсари худ бояд эҳтиёт шаванд, вагарна кор ба ҷангу ҷанҷол мерасад. Ба саломатии худ диққати хоса диҳед, бемориҳои куҳнаатон хурӯҷ мекунанд.

                         Ақраб

Барои саломатӣ рӯзи номусоид аст. Андаке шамол хӯрда, нотоб шуданатон имкон дорад. Дар масъалаҳои пулӣ корҳоятон хубанд. Аз ҷониби нафаре, ки дӯсти наздик мешуморидед, изҳори муҳаббат мешунавед. Аз чунин гардиши қисмат руҳафтода нашавед. 

                          Қавс

Дар ҷойи кор мушкилиҳои ногаҳонӣ пеш омада, дар ҳоли ногувор мемонед. Ҳама гапу корро ба дил наздик қабул накунед ва сари эҳсос ба коре даст назанед, дар ин рӯз коратон барор намегирад. Бо наздикон муноқиша имкон дорад. Бемориҳои гурдаву меъда хурӯҷ мекунад. 

Ҷаддӣ

Рӯзи хатарнок аст. Дар ин рӯз ба ваъдаву қавлу қасами касе бовар накунед. Эҳтиёткориву дурандешӣ ба фоидаи шумост. Мардҳо бояд дарк намоянд, ки дар ҳолати ошиқ шудан ақлашон тира мегардад ва дар натиҷа фиреб мехӯранд.

Далв

Дар ин рӯз ба ҳамаи чизе, ки боиси асаби харобатон мегардад, аҳамият диҳед. Агар чизеро мадди назар кунед, дигар ислоҳ карда наметавонед. Руҳафтодагӣ дар ҳаёти шахсӣ ба саломатиятон зарар мерасонад. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан ҳамёни худро эҳтиёт кунед.


Ҳут

Рӯзи бахшиш пурсидану итоат кардан аст. Барои ба масҷид рафтану ғалатҳои худро ба гардан гирифтан мусоид аст. Муносибати маҳрамона карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Хобҳоятон дар ин рӯз амалӣ мегарданд. Дар ҳаёти шахсиятон нобарориву дилмондагӣ рух медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД