arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2636

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз субҳи содиқ кореро ба анҷом расонида наметавонед. Сабаб дар бехобиву кори зиёд доштанатон аст. Агар имкониятҳои пулкоркуниро аз даст диҳед, худро бахшида наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед, даромади хуб ба даст меоред, дар авлодатон фарзанди нав таваллуд мешавад.

Савр (21 апрел-20 май)

Бо дӯстони дерин ва наздиконатон вомехӯред. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна ба фиребу ноумедӣ гирифтор мегардед. Агар имкон дошта бошед, бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки пурра асабатонро хароб месозанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз табъи дили худ кор кардану ҳар гапро ба забон оварданатон боиси нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Ростгӯиятон ба атрофиён хуш намеояд ва мушкили зиёде ба саратон меорад. Барои ба зуком гирифтор нашуданатон фавран витамин истеъмол кунед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз сафару харидҳои калон бобарор анҷом меёбанд. Агар вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед, меҳру муҳаббататон қавитар мегардад. Ба асабоният роҳ надиҳед, тамоми мушкилиҳоятон рафъ мегардад. Душмани асосии баъзе саратонҳо дағалгуфториву майнӯшияшон аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Аз кори зиёд худдорӣ намоед, вагарна на танҳо ҷисман, балки рӯҳан ҳам хаста мегардед. Дар ин рӯз нисбати дӯстдоштаатон бадгумонӣ накунед. Дар ҳавои тоза гаштанатон хуб аст, вале имкони шамол хӯрдану бемор шуданатон зиёд аст. Беҳтараш барои оромиши асабҳо мусиқӣ гӯш кунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хушмуомилаву ботамкин бошед. Як сухани ноҷо боиси ранҷиши ошиқатон ё аҳли оила мегардад. Инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муомила бо нафарони воломақом боэҳтиёт бошед. Аз ҷониби нафаре, ки қаблан хизматашро иҷро карда будед, маблағи хуб мегиред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз кӯмаки дигаронро бо хушнудӣ қабул кунеду ба дигарон низ ба қадри имкон дасти мадад дароз кунед. Роҳбарият шуморо барои заҳматҳоятон қадрдонӣ мекунаду мукофотпулӣ мегиред. Нисбати шахси дӯстдоштаатон якравӣ накунед, ҳама чиз вақту соати худро дорад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Мушкилоти пулиятонро нафаре рафъ месозад, ки аз ӯ саховатмандиро интизор набудед. Бонувон ба доми фиреби мардони занбоз афтида метавонанд. Бегоҳирӯзӣ барои вохӯрии ошиқонаву дилхушӣ ва истироҳат созгор аст. Муносибатҳоятон бо дӯстон ё хешу табор вайрон мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба камбудиҳои ночиз диққат надиҳед, бо мурури вақт ҳамааш мегузарад. Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон якрангиву сардӣ эҳсос карда бошед, тамоми маҳорати худро ба кор бурда, барои дӯстдоштаатон лаҳзаҳои хотирмонро ҳадя намоед. Дӯстони дерин ба суроғатон меоянд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар дар ин рӯз саховатмандӣ нишон диҳед, ҳамин гуна муносибатро нисбати худ мебинед. Ҳатто аз камтарин баҳсу мунозира худдорӣ кунед. Ҳар гаперо, ки имрӯз ба забон меоред, баъдан бар зидди худатон истифода мебаранд. Мушкилоти пулиро бо шарофати кордониву ҳушёрӣ рафъ месозед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нохушиҳои хурд табъатонро вайрон месозанд. Бадгумонӣ накунед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Дар ин рӯз дар гуфтор хеле боэҳтиёт бошед, як ҳарфи ноҷо сабабгори нобарориҳои зиёдатон мегардад. Аз хариди калон кардану аз бонк қарз гирифтан муваққатан худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бобарор аст, хусусан, барои мардоне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, барор меорад. Бонувон бошанд, дар кори савдо фиреб мехӯранд. Дар ин рӯз хариди калон накунеду аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар сурати худро нотоб ҳис кардан, дарҳол ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, аз пайи табобат шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД