Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2666

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Кору кирдори шумо нафарони зиёдеро ба ғазаб меорад. Ба коре, ки нерӯи зиёд сарф карда будед, онро бомуваффақият анҷом медиҳед. Қабл аз он ки бо кори наве машғул мешавед, истироҳат карданатон лозим аст. Таваққуф карданатон имкон медиҳад, ки ба камбуӣ роҳ надиҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Шуморо танқид мекунанд ва аксаран ин беадолатона аст. Ба танқиду эрод файласуфона назар намоед, бо вуҷуди заррае ҳақиқат надоштанаш. Баҳс карданатон дар ин рӯз маънӣ надорад. Баъди чанде маълум мегардад, ки шумо дуруст амал намудаед. Вохӯрии тасодуфӣ оғози муҳаббати шумо гашта метавонад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои муошират бо дӯстон ва аҳли оила. Аз вақтгузаронӣ бо нафарони бароятон азиз шод мегардед. Дар касбу кор ба хатоҳо роҳ доданатон имконпазир аст, вале шумо метавонед сари вақт пайи ислоҳи он шавед. Дар ин ҷода нафароне пайдо мешаванд, ки сари вақт маслиҳатҳои муфид медиҳанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Шумо нисбати атрофиён хеле сахтгир ҳастеду худро эрка мекунед. Эҳтимол, дар ин рӯз бо корҳои дилгиркунандаву якранг машғул шуданатон лозим меояд, ки аз шумо диққатнокии зиёдеро металабанд. То даме, ки корҳои худро ба анҷом нарасонед, бо кори дигаре машғул шуда наметавонед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба корҳои вазнин машғул нашуда, худро эҳтиёт кунед. Агар имконият дошта бошед, корҳои дилгиркунандаро ба нафаре бовар кунед. Рафту чунин имкон набошад, беҳтараш корҳоро ба таъхир гузоред. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари дур набароед, вагарна ба ҷои хастагӣ чизе ба даст намеоред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба осонӣ муваффақият ба даст меоред, вале ҳолатҳое мешавад, ки на бо нерӯи худ, балки аз вазъияти мусоид бурд мекунед. Лаҳзае фаро расидааст, ки ояндаи худро бо нафароне тарҳрезӣ намоед, ки дар зиндагиятон мавқеи хоса доранд. Хабари хушро аз роҳи дур интизор бошед. Бо нафаре вомехӯред, ки пазмонаш гашта будед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз метавонед корҳои худро ба таъхир гузошта, истироҳат намоед. Эҳтимол, ба ҷашну маъракае даъват мешавед. Дар ин ҷашн хабари наве мешунавед ё бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Азбаски шумо зотан қобилияти дарк намудани мушкили дигаронро доред, ба зудӣ бо атрофиён забон ёфта метавонед. 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест барои барқарор сохтани алоқаҳои пешина. Хатогиҳоеро, ки пештар ба он роҳ дода будед, имкони ислоҳ карданашро пайдо менамоед. Ин кор аз шумо нерӯи зиёдеро талаб мекунад, вале аз натиҷааш беҳад шод мегардед. Эҳтимоли ба даст омадани даромади на он қадар калони пулӣ дар назар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯзро бо нафароне сипарӣ намоед, ки бароятон азизу дилкашанд. Дар аввал, аз ин кор хушатон меояд, баъдан аз ташвишу андӯҳи беҳуда халос мешавед. Мушкилиҳои худро гуфта, боҷуръат ба пеш меравед. Сафарҳои хурд бобарор мешаванд. Шуморо ба сафари ғалативу хотирмоне даъват мекунанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои муоширати касбӣ. Масаъалаҳои кориро бобарор ҳал менамоед. Аксаран ба садои дил гӯш дода, бурд мекунед, вале атрофиён мақсаду мароми шуморо дарк карда наметавонанд. Эҳтимоли он ки нақшаҳои худро барои рӯзҳои наздик тағийр медиҳед, зиёд аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Вақте ки сари қароре меоед, оқибати корро андеша намекунед. Аксаран бо сабаби ҳамин рафторатон атрофиён азият мекашанду худатон дар хиҷолат мемонед. Беҳтараш шитоб накунед ва барои омӯзиши вазъият истиҳола намоед. Даромади ногаҳонии пулӣ айни муддао мегардад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба ҳар коре, ки даст мезанед, бояд натиҷаи олиҷаноб диҳанд. Бо нафароне ҳамкорӣ кунед, ки пештар якҷоя кор карда будед, вагарна кор бо нафарони ношинос шуморо рӯҳафтода месозад. Бо шиносҳои пешинаи худ муноқиша накунед, вагарна ҷанҷолатон чанд рӯз давом мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД