Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар аз ӯҳдаи коре набароед, дар ин рӯз бо тамоми қувва кӯшиши ба мақсад расиданро накунед. Ҳангоми муносибат бо наздикон боэҳтиёт бошед. Барои маросими фотиҳаву бастани ақди никоҳ рӯзи мусоид аст. Вохӯриву дидорбинӣ бо дӯстони дерин хотиратонро болида мегардонад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ягон тағйироти манфӣ рух намедиҳад. Барои машғул шудан бо корҳое, ки аз ӯҳдаашон мебароед, рӯзи мусоид аст. Агар аз нафаре қарздор бошед, ба осонӣ қарзатонро бармегардонед. Агар хоҳед, ки вазъи саломатиатон бад нашавад, бегоҳирӯзӣ хӯрокҳои хамириро истеъмол накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз ӯҳдадориҳои зиёдеро ба дӯши худ бор накунед. Агар аз ӯҳдаи коре набароед ё дилатон ба коре ҷалб нагардад, ин корро барои чанд рӯз ба таъхир гузоред. Барои муноқиша бо шахси наздикатон рӯзи мусоид нест. Ташрифи меҳмонони нохонда боиси ташвишатон мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба пешниҳодҳои дилфиреб дода нашавед. Рафту ба қарори катъие омаданатон зарур бошад, бо нафарони кордон маслиҳат кунед. Барои масъалаҳои ошиқона, ҳаёти шахсӣ ва шиносоиҳои нав рӯзи бобарор аст. Аз ҷониби дӯсти вафодор ё ҳамсаратон маслиҳати судманд ё кӯмак мебинед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи бобарорест барои маъракаҳои дилхушкунанда ва вохӯриҳо. Агар бо шахси дӯстдоштаатон ба меҳмонӣ мерафта бошед, ӯро аз мадди назари худ дур насозед, вагарна рафтори шумо сабабгори ранҷишу муноқиша мегардад. Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои манфӣ имкон доранд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Муноқиша бо наздикон табъатонро хира мегардонад. Ба шарте ба мақсад мерасед, ки ба дағалӣ роҳ надиҳед. Ҳама корро сулҳомезона рафъ намоед. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ба кинояву танқид роҳ надиҳед, вагарна ёратон ба ҷои ислоҳ шудан барқасдкорӣ карда, асабҳои шуморо хароб месозад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи мусоидест барои амалисозии нақшаҳо. Қобилияти кориятон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ба саломатии худ диққат диҳед. Барои он ки тамоми корҳои банақшагирифтаатонро амалӣ гардонед, ба хотири дӯстӣ дар коре гузашт накунед. Агар дӯстон ба ҳамкорӣ даъват кунанд, дарҳол розӣ нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба асабоният роҳ надиҳед, ҳатто ба талаботи зиёди наздиконатон сабур бошед. Одати дар ҳама кор хӯҷаинӣ карданро партоед. Аз ташвишҳои зиёди рӯзгор барои шахси дӯстдоштаатон вақт намеёбед. Баъди нисфирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд муддат дар ҷустуҷӯяш будед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар назди худ нақшаву ниятҳоеро гузоред, ки аз ӯҳдаашон баромада тавонед. Натиҷаи ягонае, ки шумо дар ин ҳолат ба даст оварда метавонед, табъи гирифта аст. Кӯшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Бар замми хароб шудани асаби худатон, хотири атрофиёнро низ озурда месозед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз коратон барор мегирад. Дар ҷойи кор ҳамкоронатон дар амалӣ сохтани нақшаҳо кӯмак мерасонанд. Дар ҷодаи муҳаббат ягон нофаҳмӣ дида намешавад, эҳтимол, хабарҳои хуш мешунавед. Ба қувваи худ эътимод намуда, муваффақ мегардед, аз ин рӯ, ҳама чизро ба дил наздик қабул накунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Гардишҳои аҷибу ногаҳонӣ метавонанд ояндаи шуморо ба куллӣ тағйир диҳанд. Айни замон бештар дар робита бошед, зеро муваффақиятро маҳз бо кӯмаки дӯстону шиносон ба даст меоред. Шуғли дӯстдоштаатон манбаи нави даромад мегардад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи хеле бобарор аст. Тамоми монеаву мушкилиҳоро паси сар карда, ба мақсадҳои дар пеш гузоштаатон мерасед. Дар ин рӯз ҳодисае рух намедиҳад, ки боиси дигаргун шудани ҳаётатон гардад. Агар аз нафаре қарздор бошед, ҳатман онро баргардонед. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред.