Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3415

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои он ки аз дарди сару асабхаробӣ халосӣ ёбед, аз дӯстдоштаи худ чӣ хостанатонро муайян намоед. Агар вазъият чунин давом кардан гирад, муносибатҳоятон душвор мешаванд. Нафароне ҳастанд, ки аз пасатон ғайбат мекунанд, аз ин рӯ, бадхоҳонро ҷустуҷӯ намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Хабаре, ки субҳи имрӯз мешунавед, табъатонро хеле болида месозад. Зуд-зуд ғалатҳои пешинаро ба ёд биёред, то ки дар лаҳзаҳои муҳим ба хатогӣ роҳ надиҳед. Бо авалин нишонаҳои беморӣ дарҳол ба табиб муроҷиат кунед. Дар доираи дӯстонатон нафаре пайдо мешавад, ки нисбати шумо ниятҳои бад дорад.   

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Барои сафарҳои корӣ рӯзи бобарор аст, вале барои ҷарроҳиҳои тиббӣ созгор нест, аз ин лиҳоз, бо табобати узвҳои даруна машғул шуданатон кифоя аст. Рафтори ғайриинсонии ҳамсафари ҳаётиятон боиси асабхаробиятон мегардад. Мушкилии молиявӣ танҳо бо кӯмаки шумо рафъ мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Давоми ду рӯзи минбаъда шумо бояд хеле эҳтиёткор бошед, зеро ҳар лаҳза ба ҳолати ногувор афтида метавонед. Муносибати нафарони оиладор бо ҳамсафари ҳаётӣ душвор аст, аз ин лиҳоз, якдигарро бо пурсишҳо ҷонбезор накунед. Бегоҳирӯзӣ фарзанд ё ҷиянатон табъатонро болида месозад.  

Асад (23 июл-22 август)

Тамоми корҳои муҳиматонро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Баъдан барои робита бо дӯстон ва ҳатто даромади иловагии пулӣ вақт пайдо карда метавонед. Ба ҷое кӯчидан ва барои муддати дароз аз шаҳр берун рафтан тавсия дода намешавад. Хусусан, агар мошини шумо таъмирталаб бошад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рафторе, ки имрӯз шумо мекунед, аксарият густохонаву беҳаёона мешуморанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳар гапу рафтори худ диққат диҳед. Баъди суҳбати ошкоро бо шахси дӯстдоштаатон ба ҳолати шок меафтед. Маълум мешавад, ки ӯ то имрӯз бисёр чизҳоро аз шумо пинҳон медоштааст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳодисае рух медиҳад, ки роҳбарият нуқтаи назарашро нисбати шумо комилан тағйир медиҳад. Вале аз ҷониби дӯстонатон танқиду маломатро эҳсос мекунед. Аз ин амали эшон наранҷида, тавре рафтор кунед, ки гӯё ҳодисае рух надодааст. Маблағи аз даст додаатонро бармегардонед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ғамхориву дастгирии ҳамкорон ниёз пайдо мекунед. Рӯзона ташвишу сафарҳоятон зиёд мегардад. Агар нафаре ба асабатон мерасида бошад, беҳтараш бо ӯ тамоман гап назанед. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, баъди нисфирӯзӣ андаке нотоб мегарданд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо нуқтаи назари атрофиён баҳс накунед, вагарна дар ҳолати ногувор мемонед. Духтарони муҷаррад бояд ҳатман сару либоси худро нав кунанд. Шоҳзодаи орзуҳои шумо дар наздикиҳост ва барои он ки шуморо зудтар бубинад, бояд хеле зебо ва назаррабо бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз он ки андешаву эҳсосоти худро дағалона иброз менамоед, ба бисёриҳо писанд нестед. Маблағеро, ки имрӯз бояд ба даст меовардед, бо сабабҳои номаълум ба даст оварда наметавонед. Вохӯрии тасодуфӣ ҳаёти шахсиятонро тағйир медиҳад. Асабонияти худро бо истироҳати бофароғат рафъ карда метавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Муносибатҳоятон бо ҳамкорон дар давоми ду рӯз вайрон мегарданд. Қадами аввалинро барои оштишавӣ бояд шумо гузоред. Дар масъалаҳои молиявӣ боэҳтиёт шавед. Айни замон пулҳоятонро ҷамъ кунед. Дар масъалаҳои ошиқона ба ишқбозиҳои тасодуфӣ роҳ надиҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз одати рӯирост гап заданро партоед, вагарна нафарони зиёдеро хафа карда, сафи душманонатонро зиёд мекунед. Агар муҷаррад бошед, имкони аз нигоҳи аввал ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Ба ҷойи кори нав мегузашта бошед, дар бораи коргоҳи нав нағзакак пурсуҷӯ кунед. Дар роҳ ҳушёриро пеша намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД