Soranus
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2024
2113

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хатарнок аст. Хусусан нафарони пиронсоле, ки асаби ҳасос доранд, аз яку якбора нохуш гаштани табъ, дарди сар ва бемории устухонҳо азият мекашанд. Бо шахсони ношинос низоъ накунед, вагарна дар моҷаро бой медиҳед ва ҳатто ба саломатиятон зарар мерасад. Дар муносибатҳои ошиқона ҷасурона амал кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Нимаи аввали рӯз вохӯриву робитаҳо имкон доранд. Корҳоятон бобарор мешаванд, вале ғуруру такаббуратон зиёд гашта, дар муносибатҳои шахсӣ ва корӣ мушкилиҳо сар мезананд. Барои харидани туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст. Беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, табобаташ тӯл мекашад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи мусоидест барои омӯзиши касбу кор ва корҳои ҷисмонӣ. Ҳузури шумо дар маъракаҳои серодам ва қабули меҳмон боиси муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон мегардад. Рӯзро дар танҳоӣ гузаронида, танҳо бо мушкилиҳои ҳалталаби рӯзгор машғул шавед. Ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, дар лаҳзаҳои асабоният худро ба даст гиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳои ҷиддӣ машғул нашавед. Нисбати нафаре аз наздикон ғамхорӣ зоҳир карданатон лозим меояд. Баъзеҳо қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунанд. Хобҳои дар ин шаб дидаатон нек амалӣ мешаванд. Дӯстдоштаатон аз беэътиноии шумо шиква мекунад.

Асад (23 июл-23 август)

Барои саломатӣ рӯзи хатарнок аст. Яку якбора табъатон хира гашта, дарди сар ва хурӯҷи бемориҳои инфексионӣ имкон доранд. Ба корҳои хатарнок даст назанед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон нобарорӣ рух медиҳад ё муноқиша бо нафарони бегона бар зарари шумо анҷом меёбад. Ҳодисаҳои ногувори ночиз табъатонро нохуш месозанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Тағйир ёфтани ҳолати руҳиятон имкон дорад. Хусусан бо нафарони руҳан бемор ва асабхаробе, ки бо ҳар сабаби ночиз ба ғазаб меоянд, сар ба сар нашавед. Мардони калонсол эҳтимоли ба бемории қалб гирифтор шуданро доранд, аз ин лиҳоз ба амалҳое, ки сабаби бемор шуданатон мегардад, даст назанед ва дар танҳоӣ ба сафар набароед. 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои ҷиддӣ рух намедиҳанд, вале аз дағалгуфторӣ ва рафтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна бо муноқишаҳои калон рӯ ба рӯ мегардед. Ҳодисае рух медиҳад, ки ба вазъи молиявии шумо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Зимни робита бо роҳбарият ва нафарони воломақом боэҳтиёт бошед, вагарна бетамкинӣ бар зарари худатон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳар як камбудии сарзадаро пай бурда, кӯшиши бартараф карданашро мекунед. Мутаассифона, рафтору гуфтори баъзеҳо боиси асабхаробиятон мегардад ва худро дошта натавониста, инро ба рӯяшон мегӯед. Кори нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, барор мегирад. Нафарони оиладор бо ҳамсафари ҳаётӣ низоъ мекунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба шиносҳое, ки ба наздикӣ пайдо кардаед, хубтар таваҷҷуҳ намоед. Нафаре аз зудбоварии шумо бар нафъи худ истифода бурдан мехоҳад, ки боиси дилмондагиятон мегардад. Ба нафароне, ки аз мушкилоти зиндагияшон шиква мекунанд, гӯш надиҳед. Бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар масъалаҳои пулӣ бояд хеле эҳтиёткор бошед. Имрӯз ва рӯзҳои наздик бо пули дигарон сару кор нагиред. Дар бораи наздикони худ, ки аз фориғболии шумо азият мекашанд, андеша намоед. Эҳтимоли гирифтори асабхаробӣ шуданатон дар назар аст. Истироҳат дар оғӯши табиат қувваи шуморо барқарор месозад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз аз хариди калон кардан худдорӣ намоед. Аз кори бад чашм пушида натавонистанатон боиси муноқиша бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон мегардад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Агар кореро ба анҷом расонида натавонед, асабӣ нашавед, баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нафаре маҳсулоти пастсифатро ба шумо фурӯхтанӣ мешавад. Хариди ғайринақшавӣ накунед ва қарз ҳам нагиред, вагарна пулатонро дигар баргардонида наметавонед. Нафароне, ки дар фикри бадии шумоянд, ба мақсад намерасанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб шуданатон имкон дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД