Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кӯмаки дӯстони наздикатон рафъ сохта метавонед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд, кӯшиши беҳуда накунед. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, зеро дардҳои кӯҳна хурӯҷ мекунанд. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, умуман диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Шахсе, ки аз шумо қарздор буд, яку якбора қарзашро бармегардонад. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз мушкилиҳои зиёде ба саратон меоянд. Дар хона аз рӯйи фарзандон бо ҳамсаратон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бор мекунанд. Маблағи дар даст доштаатонро сарф накунед, вагарна сахт азоби бепулӣ мекашед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Хабарҳои аз роҳи дур расида, аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонад. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон, бо хости дили худ амал намоед. Бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтед, пайғоми хуш мешунавед. Хобҳои дидаатон баръакс амалӣ мешаванд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз яке аз ҳамкорон ба хотири аз худ намудани вазифа бо шумо рақобатро сар мекунад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан бароятон душвор мешавад. Дар оила бо ҳамсаратон муноқишаи на он қадар бузург имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, маблағатонро дучанд гардонида метавонад. Андешаи худро ба касе нагуфта, мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Фаъолияти мизонҳое, ки бо илм сару кор доранд, хуб ҷараён мегирад. Кори ақлонӣ ба фоида буда, натиҷаи қаноатбахш медиҳад. Агар имкон дошта бошед, истироҳат кунед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи мусоид нест, вале барои амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ бобарор аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, аммо дӯсти наздикатон вазъиятро рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани мушкилиҳои касбӣ шавед. Дар ҷойи кор нафаре аз рӯятон шикоят карда, тафтишҳои ногаҳонӣ сар мешаванд. Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам ва ҷашну маъракаҳо дурӣ ҷӯед. Беҳтараш рӯзро бо наздикон ва аҳли оила гузаронед. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед. Хусусан, агар мушкилии иқтисодии худро мустақилона ҳал карда натавонед. Даромади пулии хеле кам ба даст меоред. Ояндаатон аз он вобаста аст, ки қарорҳои муҳимро чӣ гуна қабул мекунед. Ҷаддиҳои муҷаррад бахти худро имрӯз пайдо мекунанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз далвҳо бояд аз корҳои шубҳаноку робита бо нафарони тасодуфӣ худдорӣ намоянд. Аз нафаре, ки қаблан муносибатҳои наздик доштед, ҷудо шудан амри маҳол мегардад. Худро ба даст гиред, аз вазъияти ногувор бо сари баланд мебароед. Бегоҳирӯзӣ ба коре, ки пешниҳодатон мекунанд, ҷавоби рад надиҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз коре карда наметавонед, зеро фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд аст. Ба коре, ки баъдан боиси шармандагиятон мешавад, ба ҳеҷ ваҷҳ даст назанед. Тамоми қувваи худро барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ сарф намоед. Бегоҳӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст, вале бо мошини шахсӣ ба роҳ набароед.