Formula september
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ МАРТИ СОЛИ 2024
2042

 

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аввали рӯз таҳти фишори дигарон қарор мегиред. Нафароне, ки ба сафари роҳи дур мебароянд, эҳтимоли бемор шуданашон зиёд аст. Дар ин рӯзҳо мушкилоти рӯзгор зиёд мешаванд. Барои мушкилоте, ки сабабгори сар заданаш дигарон ҳастанд, маблағи калон сарф карданатон лозим меояд. Дар ҷодаи муҳаббат аз таҳти дил ва самимона бо ёри худ гап занед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аввали рӯз мушкилоти вобаста бо фарзандон ё шахси дӯстдошта ногаҳон ба саратон омада, боиси асабхаробӣ ва хира гаштани табъатон мегардад. Ҳар ақидаву навгониеро, ки дар амал татбиқ кардан мехоҳед, зӯратон намерасад. Беҳтараш саломативу қувваи худро эҳтиёт намоед. Зӯри беҳуда миён мешиканад гуфтаанд. Дар ин шабу рӯзҳо қарз гирифтану қарз доданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аввали рӯз дар хонаву рӯзгоратон мушкилоти ҷиддӣ сар мезанад. Баъзан бе ягон сабаб бо атрофиён ва ҳамкорон муноқиша мекунед. Баъзеҳо таҳти фишори дигарон қарор гирифта, ноҳинҷор мегарданд. Эҳтимоли пайдо шудани дарди сар дар назар аст. Бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Агар қуввату имкониятҳои худро дуруст ба нақша гирифта тавонед, маблағи хуб кор мекунед.Ба шарте, ки аз касе қарз нагиред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Эҳтимоли ба сафари роҳи дур баромаданатон дар назар аст. Миёнаи рӯз баъзе корҳои нотамомро бояд ба анҷом расонед. Дар ҷодаи муҳаббат қалберо, ки шикастаед, аз нав кӯшиши ба даст оварданашро накунед. Ба гузашта салавот гуфта, дар фикри ояндаи хеш бошед. Аз касе қарз нагиред ва ба касе қарз надиҳед. Умуман ба пулҳои дигарон кордор нашавед, вагарна муноқиша сар мезанад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Яке аз азизонатон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва ин чиз шуморо низ ором намегузорад. Бояд мушкилоти молиявиро рафъ намоед. Бахти баъзеҳо омад мекунаду бо шарофати саводнокӣ ва машғулияташон маблағи хуб ба даст меоранд. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ мешавад. Аз шамолкашӣ ва зуком худро эҳтиёт кунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Давоми рӯз мушкилоти иқтисодӣ шуморо азият мекунад. Маблағи таҳсил ё хизматрасонии интернетро пардохт карданатон лозим меояд. Миёнаи рӯз сири пинҳонӣ фош мегардад. Муноқишае, ки дар оилаатон сар мезанад, ба фоидаи шумо анҷом намеёбад. Мушкилоти шахсии худро ба нафарони бегона нақл карда, сахт пушаймон мешавед. Беҳтараш сири дилро ба касе бовар накунед. Ба саломатиатон аҳамият диҳед. Бештар истироҳат кунед. Зиёд асабӣ нашавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо ҳамкорон ё наздикон вайрон мегардад. Барои ба эътидол даровардани вазъият бояд пуртаҳаммул бошед. Ҳарчанд гунаҳкор ҳам набошед, боз ҳам баҳс накунед. Сари хамро шамшер намебурад.  Ба амале, ки боиси рашки дилдода ё ҳамсаратон мешавад даст назанед.  Давоми рӯз хариди калон мекунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз сиру асрори дигарон огаҳ буданатон боиси он мегардад, ки аз шумо кӯмаку дастгирӣ мепурсанд. Нафаре аз шумо қарз гирифтан мехоҳад. Аксари нафарони дар мучали ақраб тавлидёфта ба нафарони ниёзманд кӯмак расонидан мехоҳанд. Ба хароҷоти калон омода бошед. Барои беҳтар гаштани вазъи саломатӣ бештар об нӯшиданатон лозим аст. Нофаҳмӣ дар муносибатҳои ошиқонаатон боиси асабхаробӣ мегардад. Ба яъсу ноумедӣ дода нашавед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз бештар бо мушкилоти дӯстону атрофиён машғул шуданатон лозим меояд. Нафароне, ки соҳиби фарзанд ҳастанд, ғалату хатогиҳои ҷигарбандони худро рафъ карданашон лозим меояд. Нафаре аз атрофиён ё ҳамкорон ба шумо пинҳонӣ ҳасад мебарад. Ба касе имкон надиҳед, ки ба саратон фармонфармоӣ кунад. Дар ҷодаи муҳаббат аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода шуда, дили ёратонро меранҷонед. Нафарони, ки бемориҳои рагҳои хунгарди дил доранд, аз нохуб гаштани вазъи саломатӣ азият мекашанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Кӯшиши фармонфармоӣ ва зери даст гирифтани лаҷоми ҳамкорон ва аҳли оиларо накунед. Дар акси ҳол нафарони зиёде аз шумо меранҷанд. Нафароне, ки рӯзҳои қаблӣ заҳмат кашидаанд, маблағи хуб ба даст меоранд. Барои ба эътидол овардани муносибатҳои ошиқона бояд ба дӯстдоштаи худ гузашт карда, гапи хуб занед. Ҳангоми истеъмоли хӯрок эҳтиёт шавед, ба ҳеҷ ваҷҳ хӯроки шабмонда ва хунукро нахӯред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ба ваъдаҳои пучу холии дӯстдоштаатон бовар накунед. Дар муносибат бо наздикон низ ботаҳаммул бошед. Миёнаи рӯз маъракаву чорабинӣ боиси фишори руҳиятон мегардад. Нимаи дуюми рӯз бо камбудиҳои худ машғул шавед. Сабабҳоеро, ки боиси сар задани муноқишаҳои оилавиятон мегардад, муайян месозед. Барои беҳтар сохтани нури чашм бештар шарбатҳои навҷабидаи меваҳоро истеъмол намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Давоми рӯз дудилагӣ ва беҷуръатӣ имкон намедиҳад, ки ба нияту мақсадҳои худ наздик шавед. Нерӯи худро беҳуда сарф накунед, бо корҳои ночизе, ки маблағи хуб ба даст оварда наметавонед, машғул нашавед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, муваффақ мегарданд. Имкони баргардонидани муҳаббати аздастрафта вуҷуд дорад. Тарки одатҳои бад намуда, бештар машқи бадан намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД