arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3270

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ниҳоят душвор аст. Ҳам ба ҷойи ду нафар заҳмат мекашеду ҳам бо дӯстдоштаатон муноқиша мекунед. Дар тиҷорати шахсӣ рақобат шадид мегардад, ҳатто нафарони воломақом наметавонанд онро бартараф намоянд. Дилатон худ аз худ аз пешомади баде гувоҳӣ дода, ғамгин мегардед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз сирру асрори хеши наздикатон огоҳӣ пайдо мекунед. Тамоми рӯз аз хабари шунидаатон моту маҳбут гашта, чӣ кор карданро намедонед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме маблағро аз даст медиҳед. Нафаре кӯшиши бо шумо муноқиша карданро мекунад, вале тираш хок мехӯрад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед, вагарна ба саломатиятон зарари ҷиддӣ расонида метавонед. Корҳои фикронӣ ва эҷод самараи беҳтар медиҳанд. Агар шумо нафареро дӯст медошта бошед, вақте расидааст, ки наҳаросида изҳори муҳаббат кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз боз як сарчашмаи даромадро пайдо карда, вазъи молиявии худро мустаҳкам месозед. Зимни робита бо шарикони корӣ ба ақлу хирад такя намоед. Агар бо дӯстони дерин ҳамкорӣ мекарда бошед, ҳеҷ гоҳ имкон надиҳед, ки ба болои саратон бароянд. Як маротиба аз ташхиси пурраи табибон гузаред.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар корҳои нотамом дошта бошед, ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем. Вазъияти ногаҳонӣ рух дода, гум кардани ҳуҷҷатҳо ва пулҳоятон эҳтимол дорад. Дар ҳаёти шахсӣ ягон тағйироти куллӣ дида намешавад. Муҳимаш ба шитобкорӣ роҳ надода, аз дӯстдоштаатон қарори қатъиро талаб накунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдода имкон намедиҳанд, ки чизеро тағйир диҳед. Ҳар хабареро, ки имрӯз мешунавед, дурустияшро санҷида бинед. Дар ҷодаи муҳаббат бо суханпардозӣ қаноат накарда, муҳаббати худро бо амал исбот намоед. Танҳо дар ҳамин ҳолат дӯстдоштаатон шуморо тарк намекунад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз худро хеле нерӯманд эҳсос мекунед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, он барор гирифта, ҳатто аз вазъиятҳои душвортарин фоида ба даст меоред. Наздикон садди роҳи ба сафар баромаданатон мегарданд. Ба эътирози эшон диққат надиҳед. Барои ба хонаи нав кӯчидан ва таъмир кардани он рӯзи бобарор аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба умеди кӯмаку дастгирии нафаре нашуда, қобилиятҳои худро рушд диҳед. Дар ҳаёти ақрабҳои оиладор ҳодисаи аҷибу хотирмон рух медиҳад. Тавлиди фарзанд ё маблағи ногаҳонӣ хотиратонро болида месозад. Муносибатҳои худро бо дӯстдоштаатон тағйир диҳед, вагарна кор бо ҷудоӣ меанҷомад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, сахт ошиқ мешавед. Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, сабру таҳаммул ва одоби ҳамидаи инсониро пешаи худ намоед. Аз харидани чизҳое, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, худдорӣ намоед. Имрӯзро барои робита бо наздикони худ бубахшед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нақшаву ниятҳоеро, ки кайҳо боз дар сар доштед, амалӣ месозед. Ҳангоми суҳбат бо яке аз хешовандон асабоният ва қаҳру ғазабатон зиёд мегардад. Хусусан, дар масъалаи ба манзили нав кӯчидан ё харидани хонаи нав. Дар масъалаҳои молиявӣ мушкилиҳои хурдро бо кӯмаки дӯсти наздик рафъ месозед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошеду аз сафари роҳи дур тамоман даст кашед. Рӯзи бобарорест барои рафъи мушкилоти оилавӣ ва молиявӣ, вале бе кӯмаки наздикон намешавад. Харидани чизҳои қимматбаҳо боиси пушаймониятон мегардад. Имрӯз бояд кинаву адоватро аз дил дур созед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз сари ҳар гапе, ки ба забон меоред ва ҳар коре, ки мекунед, андеша намоед, вагарна ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Танҳо бо самимият дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Нафарони зиёде ба шумо кӯмак мерасонанд. Шумо низ ба ин нафарон кӯмаки хешро дареғ надоред.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД