Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3472

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз пайи орзуву ҳавасҳое, ки бе таъсири нафарони воломақом амалӣ намегарданд, надавед. Дар ин рӯз бояд тамоми қарзҳои худро баргардонед. Омадани меҳмононро интизор бошед. Аз маъракаҳои серодам дурӣ наҷӯед, маҳз дар чунин ҷойҳо бо нафаре шинос мешавед, ки таъсири некаш ба зиндагиятон мерасад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Кореро, ки аллакай оғоз кардаед, набояд ба таъхир гузоред. Агар кӯмаки ҳамкорон лозим шавад, ба нафари ботаҷрибаву кордон муроҷиат кунед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои гуворо рух медиҳанд. Бо нафаре шинос мешавед, ки баъдан ошиқ шуда, ҳатто издивоҷ мекунед. Бахти худро аз даст надиҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар роҳ ё ҷойи дигар пул меёбед. Корҳои дигаратон низ боиси ба даст овардани маблағи хуб мегарданд. Бо суханпардозӣ на танҳо ҳамфикрон, балки нафареро пайдо месозед, ки барои пешравии корҳоятон маблағгузорӣ карда метавонад. Ҷавзоҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар давоми рӯз муносибатҳоятонро бо хешовандону ҳамсояҳо нисбатан беҳтар сохта метавонед. Таъмири хона ва харидани мебели нав бобарор анҷом меёбад. Робитаҳои кандашудаи дӯстонаатонро барқарор карда метавонед. Он пешомади бадеро, ки эҳсос мекардед, рӯзҳои наздик амалӣ мешавад.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар умре дар ҷустуҷӯйи шахси идеалӣ ишқи ҳамаро рад кардан гиред, имкони бо шахси хуб вохӯрданро аз даст медиҳед. Шумо дӯстдоштаи худро дар ҷойи ғайриоддӣ вомехӯред, аз ин лиҳоз, ҳушёриро аз даст надиҳед. Мушкилии молиявиатон анҷом меёбад. Минбаъд дар сарф кардани пул андозаро нигоҳ доред. 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо корҳое машғул шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Давоми рӯз дар масъалаҳои ошиқона сустӣ накунед. Дӯстдоштаатон аз шумо рафтори оқилонаро интизор аст. Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, бо шарикони корӣ забон ёфта наметавонанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳодисаҳои хуш шуморо интизоранд. Кори зиёд тамоми қуввату мадоратонро мегирад, баъзеҳоро мубталои яъсу ноумедӣ мекунад. Фаромӯш насозед, ки ҳар қадаре кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, ҳамон андоза маблағи хуб ба даст меоред. Шом мулоқоти ошиқона дар назар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз вазъи молиявиатон беҳтар гашта, ба қадами ҷиддӣ водоратон месозад. Пулро барои хариди чизҳои нодаркор сарф накунед. Азбаски муносибататон бо аҳли оила хуб нест, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар аз касе қарздор бошед, қарзатонро худи ҳамин рӯз баргардонед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз пайи пайдо кардани манбаъҳои нави даромад шавед, вагарна ба наздикӣ бо кисаи холӣ мемонед. Аз дӯстону шиносон пурсон шавед, дар ҳафтаномаҳо эълони худро ҷой намоед. Дар ҳаёти шахсӣ аз ҳад зиёд ба якравӣ роҳ надиҳед. Ташаббус ва ҷидду ҷаҳд ба дӯстдоштаатон хуш меояд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ҳар кореро, ки ба шумо бовар мекунанд, аз ӯҳдааш мебароед. Ҳатто касбу кори навро аз худ кардан мехоҳед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, аз сафари корӣ худдорӣ намоед. Шахси дӯстдоштаатон ё ҳамсафари ҳаётӣ хабаре мерасонад, ки нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар нобарориҳои ҳаёт ҳамаро гунаҳкор накунед. Барои муваффақ гаштану суратҳисоби худро дар бонк пур кардан, бояд роҳҳои пешравии кор ва шарикони арзандаро пайдо намоед. Ҳатто баъди ба меҳмонӣ рафтан низ андешаҳои мағшуш шуморо тарк намесозанд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ба муноқишаи вобаста бо пул ҷалб мешавед. Мушкилоти рӯзгор ва норасоии пул сабаб мегардаду бо наздикони худ дар масъалаи сарфи зиёди маблағ ҷанҷол мекунед. Ба асабоният дода нашуда, оромиро пеша намоед, вагарна дар сари қаҳру ғазаб коре мекунед, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД