Arzon Banner
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2499

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо вуҷуди хуб будани вазъи саломатӣ, бояд аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед. Эҳтимоли рух додани реаксияҳои аллергикӣ ва каме бемор шудани меъдаатон вуҷуд дорад. Аз хӯрдани ширинӣ ва хӯроки равғанин худдорӣ намоед. Аз танқиди ёру наздикон наранҷед, он ба фоидаи шумост.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятонро пинҳон доред, вагарна бадхоҳону ҳасудон халал мерасонанд. Дар ҳаёти шахсӣ рафтори дӯстдоштаатон боиси ташвишу рашки беасос ё норозигии тарафайн мегардад. Барои он ки минбаъд чунин ҳодисаҳо рух надиҳанд, нисбати шахси бароятон наздик вақти бештар ҷудо кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста накунед, вагарна ғазабатон зиёд гашта, бо наздикон муноқиша мекунед. Дар байни дӯстон худро осуда эҳсос мекунед. Бо сабаби сари вақт нагирифтани маош асабатон хароб мегардад. Шом хабари нохуше мешунавед, ки бо рафтори ноҷои яке аз аъзоёни оилаатон алоқамандӣ дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Натиҷаи заҳматҳои пештараи худро мебинед. Нафарони воломақом низ барои пешравии корҳоятон кӯмаку дастгирӣ мекунанд. Мутаассифона, аз пеш монеаҳо зиёд мешаванд. Ба меҳмонӣ рафтану меҳмон қабул кардан боиси хароҷоти зиёд мегардад. Бегоҳирӯзӣ бо дӯсти деринаатон вомехӯред.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Бо нафароне, ки вазъи молиявиатон аз онҳо вобастагӣ дорад, якравӣ накунед. Қабл аз он ки дигаронро танқид мекунед, ба камбудиҳои худ диққат диҳед. Бонувон дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунанд. Бо дӯстонатон муноқиша карданатон имкон дорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нақшаву ниятҳои зиёди худро аз атрофиён пинҳон нигоҳ доштан мехоҳед. Агар зиндагии орому осударо мехоста бошед, аз таваккал кардану корҳои хатарнок худдорӣ намоед. Бо нафаре, ки чанд муддат риштаи дӯстиятон канда шуда буд, аз нав наздик мешавед. Ба қадри дӯстону наздикон бирасед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба нафароне, ки хуб намешиносед, чизеро ваъда надиҳед. Маълум аст, ки саховатмандии худро нишон додан мехоҳед, вале имрӯз барои чунин корҳо мусоид нест. Муҳаббати пайдошударо беҳтараш нишон надиҳед. Аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед ва дар фикри саломатӣ бошед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба дӯстдоштаатон садо баланд накунед. Худро ба даст гиред ва ба шахсияти инсон кордор нашавед. Дар акси ҳол, дар сари қаҳру ғазаб коре мекунед, ки ба зудӣ боиси пушаймониятон мегардад. Дӯсти наздикатон туҳфаи ногаҳонӣ мекунад, хуб мешуд, ки шумо низ дар ҷавоб туҳфаи хотирмон тақдим намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар нисбати дӯстдоштаи худ чӣ гуна амал карданро намедониста бошед, аз дӯстонатон маслиҳат пурсед. Хусусан, аз нафароне, ки таҷрибаи бой доранд. Аз асбобҳои вайроншудаи техникӣ эҳтиёт шавед. Барои сафари берун аз шаҳр рӯзи мусоид нест. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз мисоли кӯдак шоду масрур мегардед, зеро ноумедиҳои умратон паси сар гаштаанд. На танҳо дар фикру андешаҳо, балки дар хонаву ҷои кор низ тартиботро ҷорӣ намоед. Шиносоии тасодуфӣ бо гузашти вақт ба муҳаббат табдил меёбад. Вазъи молиявиатон хуб мегардад, туҳфа ё хариди бобарор имкон дорад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бо мошини шахсӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, аз ин лиҳоз, рӯзро дар хона дар иҳотаи наздикон гузаронед. Дӯсти наздикатон дар бораи шахси бароятон хеле азиз хабаре мерасонад, ки ягон зарра ҳақиқат надорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба коре, ки боиси пеш омадани мушкиливу ташвишатон мегардад, даст назанед. Беҳтараш бо рафъ намудани камбудиҳои хона машғул шавед. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад. Ҳангоми робита бо нафарони воломақом ба дағалӣ роҳ надиҳед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мадина 2021-02-07, 15:57
Толънома аз 1 то 13 ноябр соли 2021аз Турсуной Зокирова
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мадина 2021-02-07, 15:57
Толънома аз 1 то 13 ноябр соли 2021аз Турсуной Зокирова
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД