Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯз аз ҳама ҷиҳат барои ҳамалҳо бобарор аст. Қувваи ноаён ба шумо ҳамроҳ мешавад ва имкон медиҳад, ки ҳатто корҳои чандрӯзаро дар як рӯз анҷом диҳед. Ҷисматон ба ҳаргуна бемориҳо тобовар мегардад. Агар душвориҳоро паси сар карда тавонед, дар охир ба комёбиҳои бузург ноил мегардед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз соҳиби даромади иловагӣ мешавед ва кӯшиш намоед, ки қарзҳоятонро баргардонед. Агар қарзҳои худро баргардонед, аз ғурбати калон халос мешавед. Зиёд қарз мегиред ва ба ин худатон гунаҳкор ҳастед. Саврҳое, ки пайваста ба варзиш машғуланд, беҳтараш имрӯз аз ин кор даст кашанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз беаҳамиятӣ карда, наздикони худро наранҷонед. Нисбати шарикони нави кории худ, ки ба наздикӣ омадаанд, бодиққат бошед. Ба онҳое, ки ваъдаи зиёд медиҳанд, бовар накунед. Ба саросемагӣ роҳ дода, дарҳол аз дӯстдоштаатон ҷудо нашавед, зеро дертар хатоятонро дарк карда, ислоҳ мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз кулли супоришҳоеро, ки ба шумо вобаста шуда буданд, ба анҷом мерасонед. Агар нияти фурӯхтани хона ё иваз кардани онро дошта бошед, инро ба вақти дигар ба таъхир гузоред. Ситораҳо ба мулоқотҳои ошиқона рафтанро тавсия намедиҳанд. Масунияти худро баланд бардоред ва саломатиро ҳифз намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз диққати худро ба корҳои майда-чӯйда равона накарда, аз пайи иҷрои нақшаҳои бузургтар шавед. Ба эҳсосот дода нашуда, ба мушкилиҳо боандеша назар кунед. Барои асадҳое, ки маъракаи ақди никоҳ ё тӯйи хонадоршавӣ доранд, рӯзи неку бобарор аст. Хушбахтӣ насибатон мегардад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз барои корҳое, ки муҳим нестанд, пул сарф накунед. Аз ҷангу ҷанҷол ва муноқиша дур бошед. Барои ба бозор рафтану харид кардан рӯзи мусоид аст. Ситораҳо қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳанд. Агар имкониятҳои мавҷударо аз даст надиҳед, мушкилиҳоятонро рафъ карда метавонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба кор дода шуда, ба ташвишу изтироб меафтед. Инро танҳо бо истироҳат рафъ карда метавонед. Дар бораи наздикони худ фикри бад накунед. Бо ҳарфи беандеша ё рафтори ноҷо нафареро хафа карда метавонед. Шом ба ҳаммом рафта, худро сабук кунед. Ҳамчунин, ин барои саломатӣ хеле муфид аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба ҳодисаҳое, ки давоми рӯз рух медиҳад, диққати саривақтӣ доданатон лозим аст. Ба хотири он ки ҳамкоронро аз худ дур насозед, бо онҳо дағаливу бадгуфторӣ накунед. Сирру асрори зиндагии шумо дар тамоми ҷо овоза мешавад. Шахсияти овозагарро пайдо намуда, бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ҳангоми ба як қарор омадан, ба ҳақ будани худатон шубҳа накунед. Ба маслиҳати касоне, ки шуморо ба манфиати худ истифода бурдан мехоҳанд, умуман гӯш надиҳед. Дар роҳи ишқу муҳаббат мушкилиҳои мавҷуда ҳалли худро меёбанд ва дӯстдоштаатон аз ин хурсанд шуда, ба наздатон бармегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз қисме аз атрофиён ба шумо бо чашми бад нигоҳ мекунанд. Баъзеҳои дигар шуморо ба доми фанду фиреби худ афкандан мехоҳанд. Ситораҳо таъкид мекунанд, ки сирри дилатонро ба касе нагӯед. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ба ҳар ҳол, эҳтиёткор бошед ва аз ниқобҳои тиббӣ истифода баред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз нафаре, ки то ин дам бо шумо ҳамфикр буд, ақидаи шуморо қабул кардан намехоҳад. Аз суҳбатҳои беҳуда, баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол худро канор гиред. Шумо инсони зебо ҳастед ва рӯҳафтодагиву хастагӣ зеби шумо нест. Баъди нисфирӯзӣ барои истироҳати бофароғат айёми мусоид аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Камбудиҳои хурду ночизе, ки имрӯз рух медиҳанд, зуд бартараф мешаванд. Дар муносибат бо дӯстону наздикон ҳиллаву найрангро ба кор набаред, зеро онҳо арзандаи ин гуна рафтор нестанд. Агар вазни зиёдатӣ дореду аз он халос шудан мехоҳед, парҳез накунед, балки ба толори варзишӣ биравед.