Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хароҷотатон беҳад калон мешавад. Агар сари вақт истиҳола накунед, маблағи зиёдеро сарф карда, тамоман бепул мемонед. Эҳтимол, нафаре бароятон туҳфа тақдим мекунад. Дар бад шудани вазъи саломатӣ одатҳои бадатон гунаҳкоранд. Вақти бештари худро ба оила сарф кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз эҳтимоли бо наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Ба камтарин ҳодисаи рухдода диққат дода, асабӣ мешавед. Эҳтимол, ба нафаре сахт дил баста, нигоҳатон ба зиндагӣ комилан тағйир меёбад. Вазъи саломатиятон аз он вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза худро эҳтиёт мекунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Аз нафаре хабар мешунавед, ки кайҳо боз якдигарро надида будед. Имкони барқарор сохтани муносибатҳои кандашуда фароҳам меояд. Барои ҷавзоҳое, ки дубора оиладор шудан мехоҳанд, рӯзи неку бобарор аст. Дар ин рӯз истеъмоли зиёди гӯшт ва хӯрокҳои гӯштӣ боиси нотоб шуданатон мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи душвор аст. Нисбати атрофиён шубҳаву гумони бадро ба дил роҳ дода, муносибатҳоятонро душвор месозед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Саратонҳое, ки бо сабаби серкорӣ аз хобу хӯрок мондаанд, аз дарди сар ва беҳолӣ азият мекашанд. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед.
Асад (23 июл-22 август)
Барои оғози корҳои муҳим рӯзи мусоид аст. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, кӯшиши пешгирӣ кардани ҳодисаҳо натиҷа намедиҳад. Аз нафароне, ки боиси хира гаштани табъатон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Бештар бо нафари ба дилатон наздик робита намоед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйиротҳои гуворо рух медиҳанд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз нерӯи кориатон заиф мегардад. Ҳамкорону роҳбарият кӯшиши каме саросема шудани шуморо карда, асабатонро хароб месозанд. Аз кору амале, ки боиси халалёбии ҳолати рӯҳӣ мегардад, худдорӣ намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Хусусан, ба ҳолати устухону буғумҳо диққат диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба коре диққати худро ҷамъ карданатон душвор мегардад. Ғалату камбудиҳои хурд зиёданд, аз ин рӯ, кореро ба сомон расонида наметавонед. Нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад. Агар натиҷаи заҳматҳои худро дарҳол набинед, рӯҳафтодаву дилмонда нагардед, зеро “дер ояду шер ояд” гуфтаанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба назаратон чунин менамояд, ки шуморо истифода мебаранд, фиреб медиҳанд, вале дар асл чунин нест. Шумо бояд нуқтаи назари худро тағйир диҳед. Аз ҳад зиёд бо кор андармон шуданатон ба саломатӣ бе таъсир намемонад. Эҳтимоли аз сар зарба хӯрданатон вуҷуд дорад. Мулоқоти ошиқона нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз мушкилоти зиёди оилавиро дар танҳоӣ рафъ сохтанатон лозим меояд. Барои беҳдошти саломатӣ аз субҳ қандчой нӯшиданатон кофӣ аст. Ба ҷои қаҳва шарбати себ нӯшед. Рафту туршнокии меъдаатон зиёдтар бошад, нӯшидани шарбати себро тавсия намедиҳем. Даромади иловагӣ дар назар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз асаби худро эҳтиёт намуда, аз эҳсосоти нодаркор худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани хастагиҳо нерӯи худро ҷамъ карданатон лозим аст. Агар нияти оила барпо намуданро дошта бошед, дар ин самт зуд чораҳои фаврӣ андешиданатон лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ бурдборӣ ҷониби шумо аст.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз танҳо хӯроки тару тозаро истеъмол намуда, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Баҳсу мунозираи илмӣ бо шахсе, ки дӯсташ медоред, оташи муҳаббатро дар дилатон бештар месозад. Боҷуръаттар амал намуда, дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Хатоҳои қаблан кардаатонро дигарбора такрор мекунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Бо шарофати ҳамфикрон мушкилоти зиёдатонро рафъ месозед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир шуда, боиси ранҷишашон мегардед. Фишори хунатон номӯътадил мешавад. Нафароне, ки гирифтори ғаму андӯҳанд, нотоб мегарданд. Барои беҳтар сохтани саломатӣ фикрҳои мағшушро аз сар дур созед.