Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
4516

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба коре, ки боиси пеш омадани мушкиливу ташвишатон мегардад, даст назанед. Беҳтараш бо рафъ намудани камбудиҳои хона машғул шавед. Нафароне, ки аз шумо қарздор буданд, пулро бармегардонанд. Ҳангоми робита бо нафарони воломақом ба дағалӣ роҳ надиҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ба роҳи дур бо тайёра ё мошин сафар карданро тавсия намедиҳем. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, аз ин лиҳоз, рӯзро дар хона дар иҳотаи наздикон гузаронед. Дӯсти наздикатон дар бораи шахси бароятон хеле азиз хабаре мерасонад, ки ягон зарра ҳақиқат надорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз мисоли кӯдак шоду масрур мегардед, зеро ноумедиҳои умратон паси сар гаштаанд. На танҳо дар фикру андешаҳо, балки дар ҷевони либосҳоятон тартибот ҷорӣ намоед. Шиносоии тасодуфӣ бо мурури вақт ба муҳаббат мубаддал мегардад. Вазъи молиявиатон хуб мегардад, хариди бобарор имкон дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар бо дӯстдоштаи худ чӣ гуна муносибат карданро намедониста бошед, аз дӯстонатон маслиҳат пурсед. Хусусан, аз нафароне, ки таҷрибаи бой доранд. Аз асбобҳои вайроншудаи техникӣ эҳтиёт шавед. Барои сафари берун аз шаҳр рӯзи мусоид нест. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Асад (23 июл-22 август)

Ба нафароне, ки хуб намешиносед, чизеро ваъда надиҳед. Мусаллам аст, ки саховатмандии худро нишон додан мехоҳед, вале имрӯз барои чунин корҳо мусоид нест. Муҳаббати пайдошударо беҳтараш нишон надиҳед. Аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва сахтгазноккардашуда худдорӣ намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба дӯстдоштаатон садо баланд накунед. Худро ба даст гиред ва ба шахсияти инсон кордор нашавед. Дар акси ҳол, дар сари қаҳру ғазаб коре мекунед, ки ба зудӣ боиси пушаймониятон мегардад. Дӯсти наздикатон туҳфаи ногаҳонӣ мекунад, хуб мешуд, ки шумо низ дар ҷавоб туҳфае тақдим намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои зиёди худро аз атрофиён пинҳон доштан мехоҳед. Агар зиндагии орому аз нохушӣ ориро мехоста бошед, аз таваккал кардану корҳои хатарнок худдорӣ намоед. Бо нафаре, ки чанд муддат риштаи дӯстиатон канда шуда буд, аз нав наздик мешавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ба нафароне, ки вазъи молиявиатон аз онҳо вобастагӣ дорад, якравии худро нишон надиҳед. Касеро танқид накунед. Бонувон дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунанд. Бо дӯстону наздиконатон муноқиша карданатон имкон дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Натиҷаи заҳматҳои пештараи худро мебинед. Нафарони воломақом низ барои пешравии корҳоятон кӯмаку дастгирӣ мекунанд. Мутаассифона, дар пеш монеаҳо зиёд мешаванд. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмонон боиси хароҷоти зиёд карданатон мегардад. Бегоҳирӯзӣ бо дӯсти деринаатон вомехӯред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна қаҳру ғазабатон зиёд гашта, бо наздикон муноқиша мекунед. Дар байни дӯстон худро осудаву роҳат эҳсос мекунед. Бо сабаби сари вақт нагирифтани музди меҳнат асабатон хароб мегардад. Бегоҳирӯзӣ хабари нохуше мешунавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятонро пинҳон доред, вагарна бадхоҳон халал мерасонанд. Дар ҳаёти шахсӣ рафтори дӯстдоштаатон боиси ташвишу рашки беасос ё норозигии тарафайн мегардад. Барои он ки минбаъд чунин ҳодисаҳо рух надиҳанд, нисбати шахси бароятон наздик вақти бештар ҷудо кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Бо вуҷуди хуб будани вазъи саломатӣ бояд аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед. Эҳтимоли рух додани реаксияҳои аллергикӣ ва каме бемор шудани меъдаатон вуҷуд дорад. Аз хӯрдани ширинӣ ва хӯроки равғанин худдорӣ намоед. Аз танқид кардани ёру наздикон наранҷед, он ба фоидаи шумо аст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД