Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани нобарориҳои ба саратон омадаро накунед. Эҳтимоли рух додани мушкилӣ бо наздикон ё дӯстони наздикатон вуҷуд дорад. Бонувон бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд. Мардҳо набояд ба коре, ки боиси аз даст додани дӯстони вафодорашон мегардад, даст зананд.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи душвор аст. Аксари саврҳо мавриди санҷишу имтиҳони роҳбарият қарор мегиранд. Мушкилиҳои ба саратон омадаро ба атрофиён нақл кардан мехоҳед, вале оқибат аз карда пушаймон мегардед. Кӯшиш кунед, ки шиносҳои деринаи худро аз даст надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мешавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз табъатон болидаву бар замми меҳнат карданатон истироҳат низ мекунед. Ба мушкилилҳои шахсӣ диққати бисёр надиҳед. Бегоҳирӯзӣ дар ҷойҳои камодам сайругашт карданатон манфиатбахш аст. Эҳтимоли хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна имкон дорад. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Асабоният ва ғаму андуҳи бесабаб нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Рӯзи хубест барои табобат. Хешовандонатон, ки дар роҳи дур зиндагӣ мекунанд, ба меҳмонӣ меоянд. Ба пуррагӣ омодагӣ диданатон лозим аст.
Асад (23 июл-22 август)
Корҳоятон барор мегиранд, вале дар муносибат бо дӯстдоштаатон мушкилӣ сар мезанад. Аз муноқиша дурӣ ҷӯед ва босабру таҳаммул бошед. Эҳтимоли бад шудани вазъи молиявиатон дар назар аст, аз ин рӯ, дар сарфи пул аз ҳад нагузаронед. Хобҳои ташвишоварро аз мадди назар дур насозед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барор ҳамсафари нафароне мегардад, ки нақшаи корҳои худро таҳлил намуда, баъдан амал мекунанд. Мушкилиҳои ба саратон омадаро ба нафаре нақл кардан мехоҳед. Кӯшиш кунед, ки ба зери таъсири нафарони бегона наафтед. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмон ё хешовандонро интизор бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Хурсандиву нобарориҳо дар ин рӯз ҷои якдигарро иваз мекунанд. Виҷдони худро нафарӯшед, вагарна дӯстони вафодоратонро аз даст медиҳед. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна дучори мушкилиҳо мегардед. Каме нотоб мегардед, вале ин мувақатист, ба таҳлука афтиданатон шарт нест.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Яку якбора аз пайи чанд кор нашавед, худро ҷисману рӯҳан хаста накунед. Дар истеъмоли хӯрок боэҳтиёт бошед. Нисбати хешовандони калонсол аз ҳад нагузаронед. Нафароне, ки рӯзи дарозро дар берун мегузаронанд, эҳтимоли бемор шуданашон вуҷуд дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Корҳои пештар оғоз кардаатонро метавонед ба анҷом расонед. Ҳангоми кореро ба нақша гирифтан хеле эҳтиёткор бошед. Кореро, ки аз ӯҳдааш намебароед, беҳуда ба дӯш нагиред. Худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна ба саломатиятон зарари ҷиддӣ мерасаду табобаташ тӯл мекашад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз қувваву андешаҳои наву тоза табъатонро болида месозанд. Маҳз дар ҳамин рӯз мушкилиҳои ҳаёти шахсиро рафъ месозед, ки вақтҳои охир шуморо тарк намесохтанд. Бегоҳирӯзӣ ҷаддиҳои ҳассос асабонӣ шуда, бе ягон сабаб ғамгин мегарданд. Дӯсти деринаатон дар тақдири шумо нақши муҳим мебозад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Вазъи молиявиатон чандон тағйир намеёбад. Эҳтимоли ба даст овардани пули бе дарди миён вуҷуд дорад, вале он зуд аз даст меравад. Барои мардоне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст, аз ҷониби нафарони воломақом дастгирӣ мебинед. Ба ҳар ҳол, ба умеди касе нашуда, дар фикри ояндаи худ бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ба оташаки хурде монанд мегардед, ки бо гармии худ на танҳо атрофиёнро гарм мекунед, балки рӯҳи тоза мебахшед. Дар ҷодаи муҳаббат шиносоиҳои хотирмон имкон доранд. Баъди нисфирӯзӣ барои ба даст овардани маблағи пулӣ беҳуда кӯшиш накунед. Бемориро сари вақт табобат кардан ба манфиати шумост.