Ҳамал (21 март-20 апрел)
Айни замон шуморо лозим аст, ки калимаи “мехоҳам”-ро фаромӯш намоед. Бигзор, дар аввал бо калимаи “бояд” кор кунед. Ба варзиш машғул нашавед, вагарна ҷароҳати сахти ҷисмонӣ мебардоред. Зиёдтар об нӯшед, чун организматон аз беобӣ азият мекашаду шумо нисбат ба ин бепарво ҳастед.
Савр (21 апрел-20 май)
Барои оғоз кардани машқҳои ҷисмонӣ рӯзи хуб аст. Гирифтани рӯза ё парҳез ба шумо имкон медиҳад, ки вазъи саломатиатонро беҳтар созед. Корҳоятон барор мегиранд ва музди меҳнататон зиёдтар мешавад. Пул қарз гирифтанро барои имрӯз тавсия намедиҳем, зеро дар баргардонидани он азоб мекашед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз баъди дудилагии дуру дароз ба ҳаёти аввала бармегардед. Агар пеши роҳатонро монеае бигирад, барои бартараф кардани он кӯшиш накунед, чун ҳоло вақти ин кор нест. Ҳар қадар вақти худро барои корҳои муҳим сарф кунед, ҳамон андоза натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда, хурсанд мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз саратонҳои муҷаррад худро чунон хушбахт эҳсос мекунанд, ки бесобиқа аст. Аниқтараш, онҳо барои худ ҷуфти муносиб пайдо мекунанд. Нисбат ба ҳамагуна тағйирот назари ҷиддӣ дошта бошед. Ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба чораҳои бехатарӣ беэътиноӣ зоҳир накунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз барои оянда нақша тартиб диҳед, аммо дар иҷрои онҳо саросема нашавед. Шумо одат кардаед, ки аз нақша берун кор кунед. Бояд аз ин одати худ даст кашед. Ба коре, ки то охир иҷро карда наметавонед, даст назанед. Барои хариди баъзе чизҳои лозимӣ рӯзи бобарор аст. Тахфифҳо шуморо интизоранд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз сафи дӯстонатон зиёд мешавад, чун шуморо шиносоиҳои нав дар пеш аст. Бояд қобилияти ташкилотчигии худро ба мардум нишон диҳед. Агар бархе аз корҳоятон то ҳол ҳал нашудаанд, рӯҳафтода нашавед. Ҳар кор вақти худро дорад. Наздиконатон ба меҳру муҳаббати шумо эҳтиёҷ пайдо мекунанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз шумо корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед, аммо ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ба шитобкорӣ роҳ надода, оромона кор кунед. Агар дар ҳаётатон вазъияти ногуворе ба амал омада бошад, пас шуморо лозим аст, ки чизеро тағйир бидиҳед. Боз таъкид мекунем, ки саросема кор накунед, вагарна пушаймон хоҳед шуд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз аз натиҷаи меҳнату заҳмати худ лаззат мебаред. Вақте ба назаратон чунин менамояд, ки муваффақият наздик аст, аз роҳатон монеаҳое мебароянд, ки нақшаҳои шуморо вайрон кардан мехоҳанд. Агар сахт ночор монед, аз коршиносон маслиҳат пурсед. Реҷаи хӯрокхӯриатонро тағйир диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз беҳтараш дар ҳама ҳолат бетараф бошед. Агар имкон дошта бошед, на дар баҳсҳои кӯҳна, балки дар баҳси лоиҳаҳои нав иштирок кунед ва ба худ чизи наве бигиред. Аз пода пеш чанг набардоред, ҳама кор тибқи нақша бояд бошад. Нисбат ба дигарон ҳаргиз таҳқир ва бадгӯию ғайбатро раво набинед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои шумо давраи шукуфоӣ фаро расидааст. Қариб тамоми соҳаҳои фаъолияти касбии шумо рангоранг хоҳад шуд. Аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳу дақиқ натарсед. Баъзе зодагони зери ин бурҷ ноумедиро аз худ дур карда наметавонанд. Ҷаддиҳои муҷаррад худро имрӯз хушбахт ҳис мекунанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз барои иҷрои корҳои гурӯҳӣ, сайру саёҳат ва истироҳат бо ҳамкорон рӯзи мусоид аст. Кӯшишу ғайрат ва вақти худро барои омӯзиш дареғ надоред, зеро он дар оянда ба шумо лозим шуда мемонад. Чизеро, ки ба шумо писанд аст, ба осонӣ аз даст надиҳед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи хуб аст. Вақти бештарро бо хонаводаатон гузаронед. Бештар аз ҳама дар бораи чизҳои муҳим ва зарурӣ андеша кунед. Корҳоеро, ки ҳам барои худатон ва ҳам барои дигарон нороҳаткунанда аст, анҷом надиҳед. Охири рӯз даромади иловагӣ дар назар аст.