Ҳамал (21 март-20 апрел)
На ҳар рӯзи умри инсон тақдирсоз буда метавонад, аз ин рӯ, аз имрӯзи худ умеди зиёд накунед. Назди худ мақсадҳои амиқ гузошта, вазъиятро бо ақли сар баҳогузорӣ намоед. Агар ақлу заковати худро ба кор бареду сабрро пеша намоед, пушаймон намешавед. Аз осмон ситора ба даст оварда наметавонед, аз ин рӯ, аз натиҷаи кори худ шодӣ карданатон кифоя аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Агар шумо дар интизори он бошед, ки вақти холиятон бештар гардад, ба мақсад расида наметавонед. Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб бояд ҳама корро ба анҷом расонед, касе ба ҷои шумо кор намекунад. Агар оқибати амалҳои худро бартараф карда тавонед, рӯзро табъи дили худ гузаронида метавонед. Уҳдабарову чобук бошед, он гоҳ ба ҳадаф расида метавонед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз диққати худро танҳо ба корҳои шахсӣ равона созед, бо коре, ки ба шумо дахл надорад, машғул нашавед. Дахолат ба зиндагии нафаре метавонад боиси руҳафтодагии шумо гардад. Бигзор атрофиён мушкили худро мустақилона рафъ намуда, аз ғалатҳои худ панд гиранд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Баъзан дар зиндагиятон ҳодисаҳои хурсандибахши зиёде рух медиҳанд. Дар чунин лаҳзаҳои ширини умр намехоҳед, ки он анҷом ёбад. Чунин эҳсосот дар ин рӯз низ пайдо мешавад, зеро бо нафароне, ки дӯсташон медоред, рӯзатонро сипарӣ месозед. Аз чунин туҳфаи тақдир аз наздикони худ миннатдор бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи бобарорест барои робитаҳои корӣ. Нақшаву ақидаҳои навро ба шарте дар амал татбиқ кардан мумкин аст, ки сабрро пешаи худ намоед. Шумо бо одамон хеле хуб забон ёфта метавонед, хусусан бо нафарони аз шумо дар синну сол хурдтар. Агар ишқи ҳамкоратонро қабул кунед, муносибатҳои кориятон қатъ мегардад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ҳаёти шумо нафаре пайдо шудааст, ки сифатҳои доштаашро шумо орзу мекунед. Рафтору кирдори ин нафарро таҳти назорат гирифта, бо хислати худ қиёс намоед. Аз нафароне, ки шуморо ба ваҷд меоранд, дарси ибрат гирифтанро омӯзед. Комёбии шумо аз худатон вобаста аст, танҳо ба қувваи худ умед баста метавонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз нерӯятон беҳад зиёд мегардад, аз ин рӯ, худро ба даст гиред. Агар дар давоми рӯз каме истироҳат кунед, бегоҳирӯзӣ худро беҳтар ҳис мекунед. Кӯшишу ғайрати пайваста хуб аст, вале худро руҳану ҷисман хаста гардонидан кори оқилона нест.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба дигарон некӣ карда, аз амали худ шод мегардед. Дар зиндагии шумо давраи дигаре фаро мерасад, шумо саховатманду дасткушод мешавед. Зимни суҳбат бо сардор ё роҳбарияти коргоҳатон каме андозаро нигоҳ доред, дағалӣ накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз нерӯятон ба андозае заиф аст, ки эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст. Уҳдадориҳои худро камтар созед, вале ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати худро бо сардор бад насозед, вагарна нақшаҳои худро амалӣ сохта наметавонед. Ғалату камбудиҳои пешинаро фаромӯш карданатон лозим аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи душвор аст, хусусан барои мардони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта. Нерӯятон ба андозае заиф аст, ки робитаатонро бо роҳбарият душвор месозад. Мушкилоти оилавӣ ё камбудии рӯзгор даромади иловагии пулиро талаб мекунанд. Дар ҳаёти шахсии бонувон ҳодисаи гуворо рух медиҳад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз ба осонӣ хубиро аз бадӣ фарқ карда метавонед, вақте расидааст, ки харидҳои даркорӣ кунед. Харидҳоятон бобарор ва бо нархи арзон молҳои даркорӣ ба даст меоред. Ба наздикӣ ҳодисаи муҳиме рух медиҳад, маблағи зиёд даркор мешавад, аз ин рӯ, пулҳои худро захира кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз хабарҳоеро мешунавед, ки боварии шуморо ба оянда эътимод мебахшад. Ҳодисаҳо тавре сурат мегиранд, ки шумо интизор будед, аз ин лиҳоз, аз рӯйдодҳои гуворо ҳаловат мебаред. Ҳар қадаре метавонед зудтар амал кунед, дар ин рӯз вақти зиёди худро барои омодагӣ ва нақшакашӣ сарф накунед. Ба он чизе, ки садди роҳатон мегардад, диқат надода, ба пеш амал кунед.