Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба худ эътимод дошта бошед, зеро ин сабаб мешавад, ки ба пеш ҳаракат намоед. Дар бораатон чӣ мегӯянд, бояд барои шумо тамоман бефарқ бошад. Инҷиқӣ карда, дар бораи ҳар гап фикр накунед. Ба кор дода шуда, истироҳатро фаромӯш насозед ва аз хурӯҷи дубораи баъзе бемориҳои кӯҳна эҳтиёт кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ҳама корҳои ба нақша гирифтаатонро иҷро карда наметавонед. Барои ин рӯҳафтода шудан шарт нест. Танҳо кӯшиш кунед, ки корҳои муҳимтарро анҷом дода, боқимондаро ба таъхир гузоред. Аз танқид худдорӣ карда, ба сари касе санги маломат назанед ва худро қурбони айбдоркунии беасос накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Агар аз ҳамкорон ё роҳбарият шикояте доред, пас имрӯз дар ин бора ба касе лаб во накунед. Оилаи худро зиёд мунтазир накарда, шом аз кор барвақттар ба хона баргардед ва бештари вақти худро бо онҳо сипарӣ кунед. Нисбати нафароне, ки барояшон азизед, бепарво нашавед, вагарна эшон аз шумо меранҷанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ҳамроҳи наздиконатон ба истироҳат равед. Ҳар қадар бо онҳо наздик бошед, ҳамон андоза нофаҳмиҳо кам мешаванд. Аз нишон додани самимият ва ошкорбаёнии худ натарсед. Даромади иловагиеро, ки дербоз интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед ва каме рӯҳафтода мешавед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз дар бораи нақшаву ниятҳои дарозмуддат фикр накунеду уҳдадориҳоеро, ки ба назар дилфиреб менамоянд, ба дӯш нагиред. Хатари ба дом афтидану аз он раҳо наёфтанатон зиёд аст. Кӯшиш намоед, ки дар вақташ хӯрок хӯрда, сари вақт хоб кунед, вагарна нотоб шуданатон аз эҳтимол дур нест.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки таваккал накарда, бо маслиҳату роҳнамоии наздиконашон амал мекунанд. Табъатон хира гашта, қаҳру ғазаб боиси ранҷиши атрофиён ва шахси дӯстдоштаатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигариҳои гуворо имконпазир аст. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои шумо рӯзи ғайриодӣ фаро мерасад. Ҳатто бо нафаре, ки бори аввал шинос мешавед, забон ёфтанатон осон мегардад. Наздикон дар бисёр корҳо дастгириатон мекунанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, ҷароҳат бардоштанатон имконпазир аст. Ба сару либос ва симои худ диққати хоса диҳед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ пайдо мешавад. Сари вақт ба қароре омада тавонистанатон боиси пешравӣ мегардад. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва доираи нафарони ба дилатон наздик гузаронед. Дар хона боэҳтиёт бошед, бо сабаби фориғболии шумо бисёр чизҳо имрӯз мешикананду вайрон мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ҳамагӣ чанд сония кифоя аст, ки шумо сари калобаи худро гум карда, ба моҷаро гирифтор шавед. Барои ба худ омаданатон вақти зиёд лозим мегардад. Муносибататон бо наздикон бо сабаби хафагиву нобоварии шумо вайрон мегардад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ муваққатан худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстонатон нишон надиҳед, вагарна онҳо аз шумо сахт меранҷанд. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвоӣ зоҳир накунед ва ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз бояд хеле боинтизом бошед, то ки ба иштибоҳ роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, сараввал то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз на танҳо аз уҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки хоҳиши кор кардан дар шумо зиёдтар мегардад. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Дар ин рӯз истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро ба куллӣ аз даст медиҳед. Дӯстдоштаи худро аз ҳад зиёд эрка накунед.