Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3734

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, риштаи дӯстиятонро мустаҳкам намоед. Агар аз дӯстонатон нафаре дар тиҷорат ва тарғиби савдо таҷрибаи бой дошта бошад, аз ӯ маслиҳат пурсед. Дар муносибатҳои ошиқона саросемавор хулосабарорӣ накунед. Аз дағаливу шитобкории шумо чизе тағйир намеёбад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҳаёти оилавиятон ҳодисаҳои ногувор рух медиҳанд. Шумо ҳатто тасаввур намекардед, ки мушкилоти пулии дигаронро ҳал кардан чӣ қадар душвор аст. Дилтангӣ накунед, ин мушкилӣ ба шумо низ дахл дорад. Барои нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчиданро доранд, рӯзи мусоид аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҳангоми гуфтор ба парешонӣ роҳ дода, риштаи суханро гум мекунед, зеро ҳамсуҳбати хубу дурандеш пайдо карда наметавонед. Ба гапҳои беҳудаву ғайбати дигарон ҳамроҳ нашуда, аз пайи корҳои шахсӣ шавед ва бегоҳирӯзиро бо нафаре гузаронед, ки ҳамроҳаш хушбахтиро эҳсос намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз субҳи барвақт танбаливу бемадориро эҳсос мекунед. Бо вуҷуди лавандиву заифӣ ташвишатон зиёд гашта, аз шумо фаъолнокиро талаб мекунанд. Пулро беҳуда сарф накунед, вагарна маблағи ҷамъкардаро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.  

Асад (23 июл-22 август)

Ҳатто дар ҳолатҳои душвортарин худро ба даст гиреду сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо вуҷуди мушкилиҳо ором шаведу нағзакак андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона низ ба воҳима роҳ надиҳед. Агар дӯстдоштаатон аз шумо гурехта, ба зангҳоятон ҷавоб надиҳад, ӯро ба ҳолаш гузоред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар бораи дӯсти қадрдону деринаатон хабаре мешунавед, ки табъатон хира мегардад. Хайру сахои дар ин рӯз кардаатон дучанд шуда бармегардад. Ҳангоми суҳбат бо дӯстдоштаатон ба ҳар як ҳарфаш диққат диҳед. Танҳо бо ҳамин роҳ муносибатҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст, лаззати ҷудоӣ ва дилмондагиро мечашед. Аслан, шумо ба чунин гардиши қисмат омода набудед, вале ҳодисаҳои рӯзҳои охир аз чунин пешомад гувоҳӣ медоданд. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст, вале рӯзҳои наздик табобат кардани бемориҳои куҳна шарт ва зарур аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз қувваву имкониятҳои худро ба инобат гирифта, амал намоед, то ки ба саломатиятон зарар нарасад. Баъзе орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Вохӯрии ошиқонаро ба таъхир нагузоред, дар ин рӯз аз таҳти дил хурсандӣ кунед. Бо вуҷуди кам будани музди меҳнат аз пайи кор шавед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз касе маслиҳату кӯмак напурсед. Бо сабаби содадиливу меҳрубониятон ба доми иғвогарон меафтед. Ба касе имкон надиҳед, ки бинияшро ба корҳоятон халонад. Бештари рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Сайругашт дар ҳавои тоза пеш аз хоб манфиатбахш мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Хабареро, ки дар ин рӯз мешунавед, бароятон хеле муҳим аст. Рӯзи хубест барои баргузор намудани маърака ва ба сайру тамошо баромадан. Бо дӯстдоштаи худ оштӣ шуда, худро хушбахти ҷаҳон эҳсос мекунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, хатари аз бемориҳо сироят ёфтанатон зиёд аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Ҳар ҳодисае, ки имрӯз ба саратон меояд, сабурона таҳаммул кунед. Муҳимаш воҳима накунеду худро ба даст гиред, он гоҳ мушкилии зиёдеро рафъ мекунед. Фаромӯш насозед, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Хеши куҳансолатон маслиҳати судманд медиҳад, ҳатман ба гапҳояш гӯш андозед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар оилаатон рух додани нофаҳмиву низоъ имкон дорад. Баъди ин ҳодиса муносибати хешовандонатонро нисбати худ муайян менамоед. Аз рӯйи нақшаи аниқ амал намуда, маблағи хуб ба даст меореду қарзҳоятонро бармегардонед. Бо намояндагони ҷинси муқобил вохӯриҳои аҷиб имкон доранд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД