Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
2616

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз назди худ савол гузоред, ки то кадом андоза ба ҳамсояҳои худ бовар доред?! Барои онҳое, ки бароятон азизанд, бештар вақт ҷудо кунед. Баъзе дӯстонатонро бо сабабҳои гуногун чанд муддат аст, ки надидаед ва имрӯз бо онҳо вомехӯред. Ба гапи дигарон не, ба дили худ гӯш кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз саврҳои ошиқро дар ҷодаи ишқу муҳаббат сюрпризҳои ҷолибу гуворо дар назар аст. Саврҳои муҷаррад агар фориғболӣ накунанд, ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд. Дар муносибатҳои шумо марҳилаи нав оғоз мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ба ҳамдигар бо назари нав нигоҳ кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз то дӯстонатон аз шумо маслиҳат напурсанд, ба корҳои онҳо дахолат накунед. Агар дили шумо то ҳол ишқи касеро напазируфта бошад, имрӯз метавонед, ки бо дили пур аз паси ин кор шавед. Мулоқот бо нафари арзанда дар назар аст. Кӯшиш кунед, ки ба шарики худ эътимод карда тавонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз аз ҷангу низоъ, хусусан, бо нафарони бегона худро канор гиред. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳо боэҳтиёт бошед. Вақте ранги чароғат сурх аст, мунтазири бимонед, то сабз шавад. Дар бораи имконияту фаъолияти худ бо шубҳа нигаристанро бас кунед. Ба худ бовар дошта бошед.

Асад (23 июл-22 август)

Субҳ бо рӯҳияи болида аз хоб мехезед. Кӯшиш кунед, ки то охири рӯз чунин бошед ва барои ҳар сухани ночиз асабҳоятонро хаста накунед. Дар касбу кор ва дар муносибатҳои шахсӣ фаъол бошед. Агар кореро ба наздикӣ ба анҷом расонида натавонед, хубтараш ба он даст назанед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки муносибати шумо бо шахси дӯстдоштаатон вайрон мешавад. Эҳтимол, ӯро таҳқир карда, аз худ хафаву дилмонда мекунед. Ба ақидаи худ содиқ бошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро тағйир надиҳед. Дар навбати аввал ба касе бовар накунед, фиреб хӯрданатон мумкин аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз баъзе аз зодагони зери ин бурҷ ба сӯйи оянда қадамҳои устувор мегузоранд. Рӯзи баъзеҳои дигар ҷолибтар аз рӯзҳои дигар оғоз мешавад ва давоми рӯз шуморо лаҳзаҳои гуворо интизор аст. Ба суханҳои худ аҳамият диҳед, ки чӣ мегӯед. Агар ваъда дода бошед, ҳатман вафо кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз агар дар шумо хоҳиши ба тиҷорат машғул шудан пайдо нашавад, онро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Ақрабҳое, ки ба савдо машғуланд, бояд имрӯз аз ҷои кори худ дур нараванд, зеро бе онҳо кор пеш намеравад. Тавсия медиҳем, ки аз нӯшидани обҳои газдор худдорӣ кунед ва оби одӣ нӯшед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, имрӯз шуморо ягон мушкилӣ ва ғаму ғурбати рӯзгор интизор нест. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон, хусусан, бо роҳбарият муносибати хуб дошта бошед. Ғизоҳоеро истеъмол кунед, ки аз витамину элементҳои манфиатовар бой бошанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз каме вақт ҷудо карда, ба корҳое, ки қаблан карда будед, назар афканед. Шояд дар кори худ камбудиеро пайдо карда, онро дар оянда ислоҳ мекунед. Агар дӯстони наздики худро аз даст додан нахоҳед, онҳоро фиреб надиҳед ва ваъдахилофӣ накунед. Бисёр таваккал мекунед ва аз ҳама зиёд ба мушкилӣ дучор мешавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз беҳтар аст, ки бо сулҳу суботи оилавӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунед. Корҳои заруриро анҷом диҳед, аммо ба худ дарди сар харида, ба кори дигар даст назанед. Баъзе аз зодагони зери ин бурҷ дар муносибатҳои оилавӣ баъзе мушкилиҳоро ҳис мекунанд, ки гузаранда аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз як дӯсти наздикатон метавонад, ки ба шумо фишор орад. Вақти бештари худро бо нафаре гузаронед, ки дӯсташ медоред ва кӯшиш накунед, ки бо андак вақт ӯро фиреб кунед. Сохтакорӣ накунед, зеро ҳамагон чӣ гуна инсон будани шуморо медонанд ва сиратон зуд фош мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД