Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳар чизи наву ғайриодӣ диққати шуморо ҷалб сохта метавонад. Чизҳои муқаррарӣ шуморо руҳафтода сохта, бештар ба навигариҳо майл мекунед. Барои қаноатманд гаштанатон таваккал карданатон лозим меояд. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмонҳо дар давоми рӯз имкон дорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз кӯшиши зиёд намудани маош бенатиҷа анҷом меёбад. Рафтори беандешаи шумо боиси ранҷиш ва ҳатто аз кор хориҷ гаштанатон мегардад. Беҳтараш мушкилоти молиявиро мустақилона рафъ намоед ва масъалаи зиёд кардани маошро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи ором менамояд, вале дар асл чунин нест. Баъзан ба мушкилиҳои рӯзгор чашм пӯшидан ба манфиати кор аст, вале фаромӯш насозед, ки камбудиҳоро бояд рафъ намоед, вагарна умре дар гарданатон бор мешаванд. Қаҳваи талх ва сайругашт дар ҳавои тоза шуморо аз асабоният эмин медорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди сарфакорӣ, саховатмандиятон зиёд гашта, нисбати нафарони бароятон азиз чизеро дареғ намедоред. Саховатманд буданатон хуб аст, вале охири моҳ бепул мемонед. Саратонҳои муҷаррад бахти деринтизори худро пайдо мекунанд.
Асад (23 июл-22 август)
Кӯшиши худро ба даст гирифтанатон дар ин рӯз бебарор меанҷомад. Агар асабонияти худро нишон додан нахоҳед, қаҳру ғазабро пинҳон карданатон беҳуда аст. Беҳтараш ҳар гапе, ки дар дил доред, рӯирост гуфта, дилатонро холӣ кунед. Нисбати кӯдакон ва афроди калонсоли оила дағалиро раво набинед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Нерӯи ногаҳоние, ки имрӯз эҳсос мекунед, атрофиёнро ва дар ин баробар, худи шуморо ба ҳайрат меорад. Бо нуқтаи назари дигарон созиш карданатон танҳо ба хотири аз рақибон халосӣ ёфтан аст. Дар ин рӯз қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Мушкилиҳои молиявиро бояд мустақилона ҳал намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Андешаҳои аҷибе, ки имрӯз ба саратон меоянд, боиси бо осонӣ беҳтар сохтани вазъи молиявиатон мегарданд. Агар ошиқ бошед, бе дудилагӣ ба дӯстдоштаатон изҳори муҳаббат намоед, вагарна каси дигар ӯро аз шумо мегирад. Одати шармгиниатонро як тараф гузошта, каме дилкушод шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳар мушкилие, ки имрӯз садди роҳатон мегардад, бо ақлу заковати худ рафъ месозед. Нисбати наздикон ва атрофиён дағалӣ накунед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтанро тавсия намедиҳем. Агар мошин меронда бошед, дар роҳҳои дохили шаҳр, ки серодаманд, суръати ҳаракатро баланд накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аз субҳ коратон зиёд шуда, дар анҷом додани баъзе корҳои муҳим душворӣ мекашед. Зуд вазъиятро ислоҳ карданатон лозим аст, вагарна ба қаҳру ғазаби роҳбарият ва ҳамкорон гирифтор мешавед. Шом хабари хуш шунида, хастагии рӯзонаро фаромӯш мекунед ва ором хобатон мебарад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз барои расидан ба мақсад роҳи дурустро интихоб намоед. Хоҳед, ки барор ҳамроҳу пеши коратон кушода бошад, аз ҳамагуна найрангу фиреб худдорӣ намоед. Кӯшиш накунед, ки чизеро аз касе дар ин рӯз пинҳон кунед. Танҳо самимият ва росткорӣ шуморо ба мақсад расонида метавонаду халос.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ба эҳсосот дода шуда, дар ҷустуҷӯи ҳақиқат бо ҳар шахси фиребгару дурӯғгӯ ҷангу ҷанҷол мекунед. Беҳуда кӯшиши ба касе чизеро исбот карданро накунед. Вақт худ ҳамаро исбот хоҳад кард. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли дарунрав шудану беҳол гаштанатон зиёд аст. Ба таҳлука наафтед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз ҳар кори майда-чӯйда асабӣ мешавед. Аз нобарориҳои ночиз роҳгум мезанед, вале мушкилоти калони ба саратон омадаро мардона таҳаммул менамоед. Руҳафтода нашуда, аз пайи рафъ кардани мушкилоти ҷиддитар шавед. Хусусан, корҳоеро ба анҷом расонед, ки дар танҳоӣ аз уҳдааш мебароед.