Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
5691

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Табъатон дар ин рӯзи сарди фасли дай болида мегардад. Муҳаббати нав пайдо карда, кори аҷиб меёбед ва вазъи хуби молиявӣ хотиратонро шод мегардонад. Муҳимаш ба ташвиш афтида, асабӣ нашавед. Қувваи муҳофизатии ҷисматон зиёд гашта, аз бемориҳо эмин мемонед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дӯстону наздикон дар корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Ғизои худро назорат кунед, аз хӯрокҳое, ки боиси фарбеҳӣ мешаванд, худдорӣ намоед. Маблағатон барои харид кардани чизҳои зарурӣ кифоя аст. Дар оила рух додани муноқиша эҳтимол доранд. Саломатиятон нохуб гашта, имкони ҷароҳат бардоштан зиёд аст. 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз нисбати худ ҳарфу суханҳои хуш шунида, шод мегардед. Бонувон шарикони нави корӣ меёбанд. Мардҳо хабаре мешунаванд, ки боиси пайдо намудани манбаи нави даромад мегардад. Аз амалӣ нашудани нақшаву даромади хуб ба даст оварда натавонистанатон асабӣ мегардед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз аҳволи хешовандону дӯстон бохабар гардед. Ба вазъи саломатӣ ва ғизои худ диққати бештар ҷудо кунед. Мустақилона амал карда, бо касе маслиҳат накунед. Ҳамсафари ҳаётӣ дар ҳама кор дастгиру мададгоратон мегардад. Саломатии худро эҳтиёт кунед, нисбати саломатии наздикон низ бодиққат бошед.  

Асад (23 июл-22 август)

Тамоми рӯз дар бораи норасоии маблағ фикр карданатон маънӣ надорад. Бо шахсони даркорӣ шинос шуда, вазъиятро беҳтар сохта метавонед. Пурхӯрӣ, машрубот ва шабҳои бехобӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонанд. Бо истифода аз дорувориҳо, маҳс ва сайругашт ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ меорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Мушкилиҳои нотамом боиси рух додани ҳодисаҳои ногувор мегарданд. Аз робита бо нафарони табъашон нозук дурӣ ҷӯед. Агар аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво фишори хунатон баланд шавад, бодиққат бошед. Давоми рӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ мулоқоти ошиқона бо дӯстдоштаатон имкон дорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз ҳолати хоболудӣ баромада, аз пайи кор шавед. Мардҳо сарчашмаи нави даромадро пайдо мекунанд. Аз наздикони худ рӯбучини хона ва ҳатто таъмир карданро талаб мекунед. Бо асаби харобу шиками гурусна гаштан ба саломатиятон бетаъсир намемонад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар ин рӯз ба нафаре пешниҳоди издивоҷро кунед, пушаймон намешавед. Хусусан, агар сидқан дӯст дореду қадр намоед, хомӯш наистед. Мушкилиҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Агар кори вазнини ҷисмонӣ мекарда бошед, аз ташхиси тиббӣ гузаштанатон ҳатмист.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бебарор аст. Бар асари камбудиву ғалатҳои пешина мушкилиҳо пайдо мешаванд. Бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Пулҳоятонро бисёр сарф накунед, вагарна аз бепулӣ азоб мекашед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Диққати бештари худро ба касбу кор ва вазъи молиявӣ равона созед. Пайваста ғалатҳои пешинаро ба ёд овардан лозим нест. Беҳтараш аз хатоҳо панд омӯзед. Маблағеро, ки барои рӯзи мабодо пинҳон карда будед, барои наздикон ва ҷиҳозонидани хона сарф карданатон лозим меояд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои нотамом ё ғалатҳои пештара аз нав пеши роҳатон меоянд. Робитаро кам кунед, вагарна бо атрофиён муноқиша имкон дорад. Ба бозору мағоза рафтанро ба рӯзи дигар гузоред. Баъди нисфирӯзӣ нотоб мегардед. Дӯстдоштаатон аз шумо кӯмаку дастгирӣ ва меҳрубонӣ талаб мекунад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои он ки аз бори масъулияти ғалатҳои содиркардаатон гурехта тавонед, роҳи ҳилларо пеш гирифтанатон лозим меояд. Ин муваққатӣ аст, дер ё зуд барои кирдори худ ҷавоб гуфтанатон лозим меояд, аз ин лиҳоз, камтарин дурӯғ вазъиятро душвор месозад. Барои оғоз намудани табобат рӯзи мусоид аст.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД