Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хубест барои изҳори муҳаббат. Нисбати ҳамкорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоед ва истеъдоди эҷодии худро истифода баред. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед, даромади пулӣ ба даст меоред ё дар оилаатон сафи фарзандон зиёд мегардад. Душмани асосии шумо дар ин рӯз машрубот аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи хубест барои барқарор намудани робитаҳои дӯстона. Барои вохӯриҳои ногаҳонӣ бо дӯстон ва наздикон омода бошед. Аз ишқбозӣ худдорӣ намоед, вагарна шуморо ноумедиву фиреб интизор аст. Агар имкон дошта бошед, вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва танҳоӣ гузаронед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо вуҷуди пеш омадани монеаву мушкилиҳо, ҳамагуна душвориҳоро убур менамоед. Нисбати дигарон тавре рафтор намоед, ки худатон онро аз дигарон интизор ҳастед. Агар нияти бо кори махсус машғул шуданро дошта бошед, имрӯз бароятон мусоид аст. Саломатиро дар мадди аввал гузоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нерӯятон дар ин рӯз зиёд мегардад. Рӯзи хубест барои машқҳои ҷисмонӣ, хариду фурӯши хона ва хариди калон. Шуморо дар ин рӯз мулоқоти ошиқона ё вохӯриҳои дӯстона интизор аст. Вақти бештари худро бо дӯстдошта ё ҳамсаратон сипарӣ намоед, ин ба ҳардуятон фоида мерасонад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз нерӯятон зиёд мегардад. Барои он ки ба ҳодисаҳои рухдода таъсир расонида тавонед, кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим аст. Дар зиндагиятон тағйиротҳое рух медиҳанд, ки боиси хушҳолии шумо мегарданд. Аз зуком эҳтиёт шавед, вагарна оқибатҳои ногувореро ба бор оварда метавонад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Нақшаҳои худро дар ҳаёт амалӣ намудан яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Имрӯз бо шарофати нерӯи зиёдатон ба мақсад мерасед. Қабл аз он ки суханеро ба забон оред, нағзакак андеша намоед, вагарна дӯстдошта ё наздикони худро ранҷонида метавонед. Даромади иловагӣ дар назар аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мавқеи шумо дар доираи дӯстон хеле баланд аст. Азбаски ба атрофиён таъсири сахт расонида метавонед, инро барои беҳтар сохтани муносибатҳои низ дӯстона равона созед. Шумо ба атрофиён нерӯ мебахшед ва амалҳои ҷасурона анҷом медиҳед. Аз ин хислати худ ифтихор карданатон лозим аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нақшаву ниятҳои худро бо осонӣ амалӣ карда наметавонед, вале аз раъйи худ нагардед. Шумо имкони муваффақ шуданро доред. Аксари ақрабҳо бо шарофати муносибати хубашон бо одамон аз ҳамагуна вазъият берун шуда метавонанд. Шумо эътимоди нафарони баландмартабаро ба даст оварда метавонед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Тағйиротҳои дар ин рӯз рухдода ба он ҷанбаҳои зиндагиятон дахл доранд, ки шумо хеле кам диққат медиҳед. Шуморо тағйиротҳои ҷиддӣ интизор аст, вале ба беҳбудӣ умед набандед. Мусиқии форам ва хӯроки болаззат табъатонро болида месозад. Вақте расидааст, ки дӯстонро ба меҳмонӣ даъват намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бо вуҷуди он ки имрӯз пур аз рӯйдод нест, рӯҳафтода намешавед. Аз ҳодисаҳое, ки дар давоми рӯз рух медиҳанд, таҷриба ба даст оварда, дар корҳои ояндаатон истифода бурда метавонед. Як лаҳзаи холии ба даст овардаро бо наздикон ва муҳити гуворову таскинбахш сипарӣ намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Каме нерӯи худро барои нақшаву ниятҳоятон равона сохта, имкони бурд карданро пайдо месозед. Шумо бояд муайян намоед, ки айни замон бароятон чӣ муҳимтар аст. Агар ягон кори нотамом дошта бошед, қабл аз он ки бо кори муҳиму ҷиддие машғул мешавед, онро бояд ба анҷом расонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бодиққат буданатон лозим аст. Хатоҳои ночизтарине, ки дар ин рӯз содир мекунед, оқибатҳои ногувор ба бор меоранд. Мушкилоти сарзада худ ба худ рафъ намегардад, аз ин рӯ, гумон накунед, ки мушкилӣ вуҷуд надорад. Дар ҳама ҳолат худро ба даст гирифта, дағалӣ накунед.