arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3182

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз сарфи ғайринақшавии маблағ имкон дорад. Атрофиёнатон раҳматонро оварда, шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд. Ба фитнаву иғво дода нашавед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш надиҳад ҳам, эҳтиёт шуданатон ҳатмист. Бадгумонӣ боиси вайрон шудани муносибатҳои ошиқонаатон мегардад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Муноқишаи ногаҳонӣ ба фоидаи шумо ҳал мегардад, вале фориғбол нашавед, ки ногувориҳои нав пайдо мешаванд. Хоби дар ин шаб дидаатон амалӣ мегардад. Саломатии шумо аз меҳрубониву дастгирии наздиконатон вобастагӣ дорад. Хусусан, меҳрубонии шахсе, ки дӯсташ медоред, шуморо нерӯи тоза мебахшад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Ҳангоми рафъ намудани монеаҳои дар ҷойи кор ва хона рухдода асабатон хароб мегардад. Барои шунидани хабари ногаҳонӣ омода бошеду худро ба даст гиред. Агар имкон дошта бошед, рӯзро дар муҳити орому беодам гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳангоми сари қароре омадан ба маслиҳати ҳамкорон гӯш андозед. Таваккал накунед, оқибати корро андеша намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйиротҳои судманд имкон доранд. Дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед, ба дастгирии ӯ ниёз пайдо мекунед. Аз истеъмоли ғизоҳое, ки ба саломатӣ зарар мерасонанд, худдорӣ намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз якраву зудранҷ гашта, ба эҳсосот дода мешаведу сабабгори муноқишаҳо мегардед. Беҳтар мебуд, ки нуқтаи назари худро иброз накунед. Рафту аз уҳдаи ин кор набароед, ҳатман барои бахшиш пурсидан омода бошед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира мегардаду изтироби зиёд ба дилатон роҳ меёбад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Корҳоеро, ки аз уҳдаашон намебароед, ба дӯш нагиред. Мутаассифона, шумораи чунин корҳо зиёд мешавад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёдеро ба бор меорад. Барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон бояд ғамхорӣ зоҳир намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои оилавӣ хастагиву асабониятро ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо буда метавонад. Инчунин, аз қарз гирифтану қарз додан худдорӣ намоед. Аз дӯстони дерин кӯмак пурсед. Нисбат ба саломатии худ бодиққат бошед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бояд сабрро пеша намуда, бо наздикони худ моҷаро накунед. Вазъияти ногувор чанд рӯз идома ёфта, боиси асабонияти шумо мегардад. Ба касе имкон надиҳед, ки ба муносибатҳои ошиқонаатон дахолат намоянд. Бо каси дигар ишқбозӣ карда, рашки ёратонро наоред. Эҳтимоли баланд шудани фишори хунатон дар назар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз макру фиреби зиёд имкон дорад, хусусан, ҳангоми робита бо атрофиён нофаҳмӣ рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед, хӯрдагириву айбҷӯиятон боиси муноқишаву ранҷиши наздиконатон мегардад. Барои он ки рӯзро бе моҷаро паси сар намоед, аз ҳама гуна танқиду ғайбат ва бадгӯӣ худдорӣ намоед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ҷаддиҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи мусоид аст. Хариди бобарор имкон дорад. Дар ин рӯз мусиқии таскинбахш, маҳс ё сайругашт дар ҳавои тоза боиси оромии асабҳоятон мегардад. Вазъи саломатиятон аз тағйирёбии обу ҳаво вобастагӣ дорад. Бо дӯстдоштаи худ баҳс накунед, вагарна кор бо муноқиша анҷом меёбад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар вазъи молиявиатон беҳбудӣ дида мешавад. Барои рафъ кардани мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан оқибати онро андеша намоед. Рӯзҳои наздик болоравӣ дар вазифа ё мукофотпулӣ имкон дорад. Аз хариди ғайринақшавӣ ва чизҳои қиматбаҳо худдорӣ намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор ва ҳатто хатарнок аст. Худро аз наздикон ва хусусан, аз шахси дӯстдоштаатон як сару гардан боло нагиред, вагарна байнатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба эҳсосот дода нашавед, аз садо баланд кардан худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ташаббус нишон доданро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД