Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2023
2698

                          Ҳамал

Дар ин рӯз амалоро комёбӣ ва бурдборио интизор аст. Нимаи дуюми рӯз мушкилие пеш меояд, ки дар аллаш каме танқисӣ мекашед. Аз дӯстонатон мадад напурсида, дилпурона, ба ақлу фаросати худатон такякунон амал кунед, ба мақсад мерасед ва ғолиб мебароед. Охири рӯз ба сафари корие мераведу барои худ рои нави даромадро мекушоед.

 

Савр

Дар ин рӯз савроро шиносоиои аҷибу тақдирсоз дар назар аст. Агар дидадаро ва мерубон бошед, метавонед ба зудӣ дар дили ошноои наватон маъво гирифта, бо воситаи ин одамон тиҷорати нав кушоед, кори сердаромад ёбед, умуман коратонро равнақ бахшеду зиндагиро роатбахш созед. Нимаи дуюми рӯз идеяоеро, ки ба саратон меояд, каме тағйир дода дар амал тадбиқ мекунед.

                                      Ҷавзо

Ин рӯз якравиро як тараф монеду ақли солимро кор фармуда, ба пеш аракат кунед. Гирифтани вазифаи нав зодагони бурҷи ҷавзоро дар назар аст, аз ин рӯ кӯшед, ки тамоми короятонро бе хатогӣ анҷом диед. Рашку асади амкоронатон метавонад балоеро ба саратон орад.

                                 Саратон

Дар ин рӯз зодагони бурҷи саратон атрофиёнро бо накӯкорию мерубонӣ ба худ ҷалб мекунанд. Дӯстони наздикатон барои кӯмакпурсӣ наздатон меоянд. Дасти ёрӣ дароз карданатон зарур аст, зеро дӯстро дар вақти тангӣ мешиносанд. Дилтангию хасисӣ накарда, бо дили кушод ба дӯстон некӣ кунед, Худованд подоши некиатонро як бар сад бармегардонад.

                                Асад

Мушкилиоеро, ки кайо боз азиятатон медианд, фаромӯш созед, вагарна аз фикри бисёр бемор шуданатон этимол дорад. Фаромӯш накунед, ки саломатӣ ганҷи бебаост ва ягон сарвати олам ба барбод доданаш намеарзад. Тану ҷони худро нағзакак этиёт намоед. Дар зиндагӣ рӯафтода нашуда, ба пеш аракат кунед, чунки арчӣ дар қисмати инсон навишта шуда бошад, онро нодида гурехта намешавад.

                                    Сумбула

Дар ин рӯз хабаре ба гӯшатон мерасад, ки дунёро дар назаратон торик мекунад. Дарол ба воима афтода, аз пашша фил насозед. Ба гапои иғвоангезон эътибор надиед, бетараш барои мӯйро аз хамир ҷудо кардан аракат кунед. Рост ё дурӯғ будани хабарро аниқ карда, баъд хулоса бароред. Аз ама муимаш нагузоред, ки эсосотатон аз ақлатон боло гирифта, корро расвою саргум кунад.

                                Мизон

Ин рӯз атрофиён ба кор ва рафтору кирдоратон бао мегузоранд, аз ин рӯ бодиққат ва хушмуомила бошед. Этимол бадхоонатон ар гуна овозаю ангомаоро пан карда, аз пасатон миш-миш мекунанд. Ба ғазаб биёед ам асабонӣ шуданатонро нишон надиед, тавре рафтор кунед, ки бароятон кору гапи оно заррае ам эътибор надорад.

                               Ақраб

Ин рӯз қувваи ноаёнеро ис мекунед, ки ниоят шуморо аз ботлоқи ғаму андӯу нобарорио кашида мебарорад. Нокомиоятон хотима меёбанду бо дили гарм нақшаои навро барои зиндагӣ таррезӣ мекунед.

Нимаи дуюми рӯз шанси ба даст овардани пули калон пайдо мешавад. Кӯшиш кунед, ки тамоми сарчашмаои даромадро тафтиш намуда робитаро бо дӯстони деринатон, ки амеша хайрхоатон буданд, дубора барқарор созед.

                                  Қавс

Зодагони бурҷи қавсро айёми дар амал татбиқ кардани нақшаояшон фаро расидааст. Кӯшиш кунед, ки фурсатро ғанимат дониста, дар ама кор сарриштаро ба дасти худ бигиред. Пешрафти зиндагиатонро таъмин месозед, ба шарте, ки тамоми ақлу маорати худро истифода баред. Шанси вохӯрӣ бо одамони воломақом вуҷуд дорад. Агар ширинзабонӣ кунеду ба оно писанд афтед, шояд кордатон болои равған мешавад.

                                     Ҷаддӣ

Дар ин рӯз чунон серкор мешавед, ки вақти сархорӣ намеёбед. Беуда барои ар майда- чӯйда худро асабонӣ карда, ба беморӣ гирифтор насозед. Агар бо асаби ором ба кор часпед, тезтар ба мақсад мерасед. Якбора аз пайи анҷом додани чанд кор нашавед, вагарна тамоми короятон нимкола мемонанд. Бетараш корои муимтаринро худатон анҷом дода, дуюму сеюмдараҷааашро ба дигарон супоред.

                 Давл

Ин рӯз дарк мекунед, ки аётатон якранг асту дилатон майли навигарио дорад. Зиндагиятонро тано худатон метавонед тағйир диед. Тақдир шанси рангин намудани рӯзгоратонро медиад, вале барои ба даст овардани мурғи барор худатон бояд талош намоед. Фаромӯш накунед, ки ганҷ бе ранҷу роат бе замат ба даст намеояд.

                             Ҳут

Дар ин рӯз сирре, ки аз атрофиён пинон мекардед, ошкор мешавад. Фикр мекунед, ки пайвандонатон шуморо намефаманд ва моҷарои ба саратон омадаро аз оно пинон карданӣ мешавед. Хато мекунед. Ба дастгирӣ ниёз доред, аз ин рӯ албатта фавран буду шуди гапро ба азизонатон гӯед, то якҷоя шуда рои аз ин ботлоқ баровардани шуморо пайдо намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД