sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3822

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар масъалаҳои корӣ баъзе дилхарошиҳо сар мезананд. Нимаи дуюми рӯз ҳамкоратон бо гапҳои дурӯғаш шуморо дар ҳолати ногувор мегузорад. Зиқӣ накунед, ин барои шумо дарси адаб хоҳад шуд. Аз таклифҳои корӣ дурӣ ҷӯед, то ҷои гарматонро хунук накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Вохӯрӣ бо дӯстони ҷонӣ метавонад боиси шиносоии нав ва оғози ишқи бошукӯҳ гардад. Бо мадади як дӯстатон кори нави даромаднок меёбед. Агар донишу маҳорататонро нишон дода тавонед, ин вазифа нардбоне мегардад, ки ба қуллаҳои баланди мансаб мебарад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Душвориҳои пеш омадаро танҳо бо оромӣ метавон бартараф намуд. Шартномаҳо бо хориҷиён манфиатовар мешаванд. Агар боақлона амал намоед, кордатон болои равған мешавад. Ба касе бовар накунед, то сахт фиреб нахӯред. Аз дӯстонатон низ талаб намоед, ки барои тасдиқи гапҳояшон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд. 

Саратон (22 июн-22 июл)

Аввали рӯз бо нобарориву мушкилоташ табъатонро хира мекунад. Ҳар коре, ки оғоз намоед, бебарор хоҳад шуд, аз ин рӯ, тамоми корҳои муҳиматонро ба таъхир гузоред. Дар ҷодаи ишқ саратонҳои танҳоро гулхани тозаи эҳсосоти ширин интизор аст. Ишқе, ки дар ин рӯз тавлид мешавад, бобарору бахтовар хоҳад буд.  

Асад (23 июл-22 август)

Вохӯриҳои муҳимро ба вақти дигар гузореду корҳои нобасомонатонро пайгир шавед. Дар давоми рӯз таклифҳои хуби корӣ дар назар аст. Хуб фикр кунеду баъдан роҳбаратонро аз қарори худ огоҳ созед. Даъво кунед, ки маошатонро зиёд кунад, вагарна ба кори дигар мегузаред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Шуморо зарур аст, ки қобилиятатонро нишон диҳед, зеро вазифае, ки кайҳо боз орзу мекардед, шуморо интизор аст. Душманони ашаддӣ аз ин болоравиатон дар вазифа огоҳ шуда, кӯшиш мекунанд, ки коре карда, зарарашонро ба шумо расонанд. Эҳтиёт кунед, вале қасос нагиред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Хислату рафтор ва зиндагиятонро тағйир диҳед, вагарна танҳо мемонед. Рӯзи хубест барои вохӯрӣ бо дӯстону наздикон. Ниҳоят орзуи деринаатонро амалӣ карда метавонед. Бо нафароне, ки корашон пайваста ғайбату гапбофӣ аст, риштаи дӯстӣ набандед ва худро аз ин гуна одамон дур гиред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз тиҷорататон рушд меёбаду даромади калонеро ба даст меоред. Омадани хостгор ба рӯйи ақрабхонумҳои нозанин дари бахтро кушода, зиндагиашонро рангу маънии нав мебахшад. Душманонатон гапу гапчаҳои зиёдеро паҳн мекунанд. Сабуриро пеша кунед, вагарна бадхоҳон ба мақсадашон мерасанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қабл аз кореро ба анҷом расонидан хуб фикр карда, баъдан нақшаҳоятонро дар амал татбиқ намоед. Қадами беандеша гузошташуда метавонад корро дӯлоб созад. Рафту вазъи саломатиатон каме бад шавад, зуд ба духтур муроҷиат кунед. Вохӯриҳои корӣ ва бастани шартномаҳоро беҳтараш ба таъхир гузоред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба назаратон чунон менамояд, ки ду роҳ барои интихоб ҳаст ва кадомеро, ки интихоб накунед, ба марра наздик мешавед. Хато мекунед. Аз паси ду заргӯш, яъне аз паи ду ишқ надавед, зеро дар акси ҳол, аз ҳар ду мемонед. Ситораҳо бо тақдир бозӣ карданро тавсия намедиҳанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар коргоҳатон дигаргуниҳои куллӣ дар назар аст. Шояд гирифтани вазифаро интизор набудед, вале акнун миёнатонро маҳкам бандед. Дар ин рӯз хатое мекунед, ки боварии дӯстдоштаатонро коста мегардонад. Гуноҳатонро ба гардан гиред, шояд ин амал боварии ӯро дубора барқарор намояд. Вафодориро омӯзед. 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Худписандӣ ва ҳавобаландӣ дӯсти наздикатонро аз шумо дур мекунад. Дилозориро бас кунед, вагарна тамоми дӯстонатон аз шумо рӯй мегардонанд. Агар танбалӣ накунед, маблағи калон ба даст меоред. Албатта, баргардонидани қарзҳоятонро фаромӯш накунед. Вохӯрии ногаҳонӣ дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД