Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз худро нерӯманд ҳис мекунед ва барои иҷрои корҳои дермонда омода ҳастед. Аз фурсат истифода бурда, ба корҳое машғул шавед, ки муддати зиёд ба таъхир гузошта будед. Аммо дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед ва пеш аз харҷ ё қабули қарор хуб андеша намоед. Нимаи дуюми рӯз барои суҳбат бо шахси муҳим муносиб аст. Агар бештар гӯш кунеду камтар исрор намоед, гуфтугӯ натиҷаи хуб медиҳад. Бегоҳ каме сайругашт карда, истироҳат кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз худро боэътимод ва ором ҳис мекунед. Рӯзи хубест барои гуфтушунид, харид ва оғоз кардани корҳои эҷодӣ. Агар байни ду интихоб қарор гирифтан лозим шавад, ба ҳисси ботинии худ низ такя кунед. Дар муносибатҳои шахсӣ фазо гармтар мешавад. Шахси наздик мехоҳад бо шумо бештар вақт гузаронад. Саврҳои танҳо метавонанд дар ҷои ғайриинтизор бо шахси ҷолиб шинос шаванд. Аз эҳсосоти худ шарм надоред ва аз ҳад зиёд худро маҳдуд накунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз фикрҳои нав пай дар пай ба саратон меоянд ва барои ҳалли масъалаҳо роҳҳои ҷолиб пайдо мекунед. Рӯз барои суҳбат, вохӯрӣ, гуфтушунид ва дигар корҳое, ки ба сухан вобастаанд, мусоид аст. Масъалаҳои душворро низ нисбат ба рӯзҳои дигар осонтар ҳал карда метавонед. Аммо бегоҳ хастагӣ эҳсос мешавад. Аз рӯйи одоб масъулияти дигаронро бар дӯш нагиред, зеро ин метавонад шуморо хеле хаста кунад. Барои оромӣ ва барқарор кардани неру вақт ҷудо намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҳолати рӯҳии шумо метавонад зуд-зуд тағйир ёбад ва баъзан худатон ҳам сабаби онро намефаҳмед. Ба суханҳои дигарон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед ва дар ҳар ҷумла маънои пинҳонӣ наҷӯед. Баръакс, корҳои хона бароятон хуб пеш мераванд. Агар муддати зиёд мехостед хонаро ба тартиб дароред, таъмири хурд кунед ё бо аҳли оила дастархон ороста, якҷоя вақт гузаронед, имрӯз вақти муносиб аст. Ғамхории шуморо наздикон қадр мекунанд.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз диққати атрофиён бештар ба шумо равона мешавад ва метавонед ба осонӣ дигаронро ба худ ҷалб кунед. Дар корҳои рӯзмарра кӯшиш кунед бо нармӣ ва боэҳтиёт муносибат намоед, махсусан ҳангоми баҳсҳои корӣ. Ҳамеша исрор кардан ба фикри худ роҳи дуруст нест. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ашёи шахсӣ, аз ҷумла телефон ва ҳамён, диққати бештар диҳед. Бегоҳ худро бо кори хуш ё барномаи фарҳангӣ хурсанд кунед. Як хӯроки хуб низ метавонад табъатонро болида созад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз барои корҳое, ки диққати зиёд ва дақиқкориро талаб мекунанд, рӯзи мувофиқ аст. Вазифаҳои мураккаб тадриҷан осон мешаванд ва метавонед масъалаҳои печидаро бо сабр ҳал намоед. Ҳамкорон эҳтимол барои маслиҳат ба шумо муроҷиат кунанд. Дар муносибатҳои шахсӣ бошад, каме нармтар рафтор кардан беҳтар аст. Кӯшиши ҳамеша комил будан метавонад шуморо аз лаҳзаҳои хуш бо шахси наздик маҳрум созад. Баъзан камбудиҳои хурд ҳам зиндагиро самимӣ ва гуворо мекунанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз нерӯ ва рӯҳияи хуби худро бештар эҳсос мекунед. Барои оғоз кардани кори нав ё суҳбати муҳиме, ки муддати дароз ба таъхир гузошта будед, рӯзи муносиб аст. Дар муносибат бо дигарон оромӣ ва хушмуомилагӣ ба шумо кумак мекунад. Эҳтимол аз ҷониби шахсе, ки ӯро ҳамфикр ва боэътимод медонистед, рафтори ғайричашмдошт бинед. Аммо пеш аз хулоса баровардан, эҳтимоли нофаҳмиро низ ба назар гиред. Дар маҷмуъ, рӯз метавонад ба шумо рӯҳияи хуб бахшад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ба бисёр масъалаҳо бо диққати бештар менигаред ва эҳсос мекунед, ки дар паси баъзе воқеаҳо чизи дигаре ҳаст. Ба ҳисси ботинии худ диққат диҳед. Маълумоти муҳим метавонад ҳангоми як суҳбати тасодуфӣ ё мушоҳидаи кӯтоҳ ба даст ояд. Дар масъалаҳои корӣ бошад, барои имзои ҳуҷҷатҳои муҳим ё бастани созишҳои калон шитоб накунед. Беҳтараш маълумотро бодиққат санҷед ва баъд қарор гиред. Бегоҳ бо шахси наздик ва боэътимод вақт гузаронед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз табъатон болида ва хоҳиши омӯхтани чизҳои нав зиёд мешавад. Барои омӯзиш, саёҳат ва ҳатто сайругашти одӣ дар дохили шаҳр рӯзи хуб аст. Аз пешниҳоду имкониятҳои ғайриоддӣ ҳам натарсед, зеро онҳо метавонанд таҷрибаи ҷолибе диҳанд. Дар кор эҳтимол бо роҳбар суҳбати нохуш пеш ояд. Кӯшиш кунед баҳсро тезутунд накунед. Аввал суханони ӯро бодиққат гӯш кунед ва баъд барои худ хулоса бароред. То бегоҳ вазъият метавонад оромтар шавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҷиддият ва диққати шумо ба корҳоятон ёрӣ мерасонад. Барои қабули қарорҳои муҳим беҳтараш ба эҳсосот дода нашавед ва масъалаҳоро оромона баррасӣ кунед. Ҳамкорон ва шарикон метавонанд ба шумо ҳамчун шахси боэътимод такя кунанд ва барои маслиҳат муроҷиат намоянд. Вазъи молиявӣ умуман ором аст, вале хароҷоти хурд метавонанд ҷамъ шуда, маблағи назаррасро ташкил диҳанд. Хароҷоти як ҳафтаи охирро аз назар гузаронед ва чизҳои нолозимро кам кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз фикрҳоятон зуд-зуд аз як масъала ба масъалаи дигар мегузаранд ва диққатро ба як кор равона кардан душвор мешавад. Аз ин ҳолат асабонӣ нашавед. Беҳтараш нерӯи худро ба корҳои эҷодӣ, пайдо кардани ғояҳои нав ё муҳокимаи масъалаҳо равона кунед. Дар доираи шиносонатон эҳтимол шахсе бо пешниҳоди ғайриоддӣ пайдо шавад. Танҳо барои он ки ин идея бароятон ношинос аст, онро фавран рад накунед. Шояд ҳамин пешниҳод барои шумо имконияти нави ҷолиб фароҳам оварад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз бештар ба хаёлу хотираҳо ғарқ мешавед ва эҳсосотатон нозуктар аз рӯзҳои дигар мешавад. Аз ин рӯ, масъалаҳои муҳимеро, ки қарорҳои ҷиддӣ талаб мекунанд, беҳтараш ба фардо гузоред. Эҳтимол баъзе чизҳоро имрӯз равшан дарк карда натавонед. Аммо барои корҳои эҷодӣ рӯзи хеле мувофиқ аст. Гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филм, расмкашӣ ё машғул шудан ба дигар корҳои дӯстдошта метавонад ба шумо лаззати зиёд бахшад. Баъзан истироҳат кардан ҳам барои барқарор кардани нерӯ зарур аст.