Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
4348

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар хоҳед, ки вазъи саломатиатон мӯътадил бошаду шуморо нороҳат накунад, муддате аз истеъмоли гӯшт даст кашед. Ҳангоми харид аз бозор ё мағоза ба санаи истеҳсоли ҳама молу маҳсулот диққат диҳед, зеро эҳтимоли харидани моли пастсифат вуҷуд дорад. Дӯстонатонро, ки ба зиндагии мустақилонаи худ овораанд, танқид накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Барои таҳкими робитаҳои оилавӣ вақти мусоид аст. Хешовандони худро, ки муддатҳо надида будед, ба хабаргириашон биравед, аммо дасти холӣ рафтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Ба онҳое, ки дар ҳақиқат ба кӯмак эҳтиёҷ доранд, дасти ёрӣ дароз кунед. Шом хабари хуш шунида, болидарӯҳ мегардед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Барои пеш рафтани кори худ ба дӯстон такя кунед, зеро онҳо омодаанд, ки ба шумо кӯмак расонанд. Худнамоии дигаронро дида, асабҳои худро беҳуда хароб накунед. Чӣ гунае ки шумо ба кӯмаки дигарон ниёз пайдо кардед, ҳамин тавр, дигарон низ аз шумо ёрӣ мехоҳанд. То қадри имкон ёрӣ расонед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои корҳое, ки чанде пеш иҷро карда будеду аз хотиратон баромада буданд, мукофот мегиред. Дар он хусус, ки дигарон аз пасатон чӣ мегӯянд, беаҳамият бошед. Ба варзиши сабук ё йога машғул шудан барои шумо фоидаовар аст. Ба реҷаи хӯрокхӯриатон низ диққати хоса диҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба одамон аз ҳад зиёд бовар карда, сирру асрори худро фош насозед. Агар ба дастгирии дӯстона ниёз дошта бошед, бо нафарони эътимоднок суҳбат кунед. Бо дӯстдоштаатон ҷангу ҷанҷол накунед, балки созиш карда, дар бораи ояндаатон фикр намоед. Даромади иловагӣ имрӯз дар назар нест.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз бо нафароне вомехӯред, ки аз онҳо маълумотҳои муфид гирифта метавонед. Агар хоҳед, ки ба шумо дағалӣ накунанд, дигаронро таҳти фишор қарор надиҳед. Нимаи дувуми рӯзро бо аҳли оилаатон паси сар намоед. Замоне фаро расидааст, ки бо ҳамсари худ ифтихор кунед ва ӯро аз пештара бештар дӯст доред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳолатҳои ғайричашмдошт ба вуҷуд омада, бархе аз нақшаҳои шуморо барбод медиҳанд. Агар корҳоятон ба таври дилхоҳ сурат нагиранд, рӯҳафтода нашавед, зеро дар ниҳояти кор онҳо ба анҷом мерасанд. Зиёдтар об нӯшед, вале нӯшидани обҳои сахтгазноккардашударо ба шумо тавсия намедиҳем.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ҳис мекунед, ки бисёриҳо нисбати шумо рафтори ноадолатона доштаанду ҳоло ҳам доранд. Гунаҳкори асосӣ худи шумоед, ки ба дигарон иҷоза медиҳед, то аз хубиву хоксории шумо сӯистифода кунанд. Ба дигарон “не” гуфтанро омӯзед ва худро барои талаффузи ин калима маҷбур кунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои некӯаҳволии худ кӯшиш кунед ва ба ҳарфи дилатон гӯш диҳед, ки чӣ мегӯяд. Бемории худро ба гӯшаи фаромӯшӣ нагузошта, аз пайи табобат шавед, вагарна мушкилиатон дучанд зиёд хоҳад шуд. Кӯшиш кунед, ки худро зиёд асабӣ накунед ва аз суҳбатҳои гурӯҳӣ худро канор гиред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои омӯхтани касби нав айёми хуб аст. Дар ин давра ҷаҳонбиниатонро васеътар карда, аз таҷрибаи дигарон самаранок истифода баред. Дар гирду атрофи худ нафареро пайдо карда наметавонед, ки ба кори шумо халал бирасонад. Бештар меваҷот ва сабзавотҳои тару тоза истеъмол намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои корҳои гурӯҳӣ рӯзи хубу бобарор аст. Робитаатонро бо ҳамкорон зичтар кунед, зеро ин ба фоидаи кори шумо хоҳад буд. Дар муносибатҳои шахсӣ ихтилофот ба вуҷуд меояд. Агар зуд узр пурсед, моҷаро калон нашуда, хомӯш мешавад. Даромади пулӣ дар назар нест, бинобар ин, сарфакор бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз шумо барои ҳар кори кардаатон бояд ҷавоб диҳед. Ҳама дар назди қонун баробаранд, бинобар ин, ҷиноятатон кӯчак ҳам бошад, зарари онро ҳатман ҷуброн кунед. Агар дар вазъиятҳои ногувор чӣ кор карданатонро надониста монед, ба мутахассисони соҳа муроҷиат намуда, аз онҳо кӯмак пурсед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД