sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024
2755

 

Ҳамал

Дар ин рӯз бояд ба як қарори муайян омада, бо кӣ робита кардану аз кӣ ҷудо шудани худро муайян созед. Ин ҷо дӯстону шахси дӯстдошта дар назар дошта шудааст. Мақсадҳои дастнорас насозед. Муваффақиятҳои боре ба даст овардаро дубора кӯшиши фатҳ намудан накунед.

 

Савр

Агар дар ин рӯз бо нафаре гапатон гурезад, яке аз дӯстонатонро хоҳиш намоед, ки шуморо оштӣ диҳад. Миёнаравҳо дар ҷои кор фишори маънавӣ оварда, боиси муноқишаву нофаҳмӣ мегарданд. Хоҳиши дар ҳама кор аввал будан ба ҳаёти шахсиятон таъсири манфӣ мерасонад.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз ба маслиҳатҳои дӯстону наздикон нағзакак гӯш андозед. Хусусан дар масъалаҳои молиявӣ. Беҳуда таваккал накунед, вазъиятро ҳамин тавр қабул намоед. Агар шумо ошиқ бошед, аз рӯйи нақша амал накунед. Якравӣ карда, муҳаббати худро аз даст медиҳед.

 

Саратон

Дар ин рӯз тамоми қувваи худро барои ба даст овардани вазифаи нав сарф накунед. Агар корҳои нотамом дошта бошед, беҳтараш барои ба анҷом расониданашон кӯшиш намоед. Бо нафарони бадкирдор робита накунед, он гоҳ нафарони дилпур ба ҳаётатон ворид мегарданд.

 

Асад

Дар ин рӯз кори зиёдро ба нақша нагиред, вагарна оқибати ногувор ба бор меорад. Дар муносибатҳоятон бо наздикон нофаҳмиву иддао зиёд мегардаду самимият дида намешавад. Аз саломатии худ бохабар бошед, зуд-зуд фишори хунатонро санҷед. Бо сабаби тағйирёбии боду ҳаво каме нотоб мегардед.

 

Сунбула

Барор ба шарте ҳамсафари шумо мегардад, ки ба тағйиротҳо омода бошед. Аз тақдир чизеро, ки бо кӯшишу таҳаммули зиёд ба даст меояд, талаб накунед. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, ёратонро нағзакак омӯзед. Бегоҳирӯзиро барои истироҳат ва сайругашт бубахшед.

 

Мизон

Дар вазъиятҳое, ки дурандешона бояд амал намоед, фаъолнокӣ нишон надиҳед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон асабонияту нофаҳмӣ зоҳир мекунед. Агар лаҳзаҳои хотирмони ошиқона муҳайё карда тавонед, ҳама чиз тағйир меёбад. Рӯзи хубест барои ороиши хона.

 

Ақраб

Агар оромона барои расидан ба мақсад кӯшиш намоед, ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Бемулоҳизагӣ ба корҳои молиявиятон таъсири манфӣ мерасонад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи зиёд вуҷуд дорад, аз ин лиҳоз аз хариди беҳуда худдорӣ намоед. Ба маъракаи дилхушкунандае даъватӣ мегардед.

 

Қавс

Агар ба доми ҳавасҳои худ дода нашавед, бурдборӣ насибатон мегардад. Сафару навовариҳоро ба таъхир гузоред, беҳтараш аз пайи корҳои ҷамъшуда гардед. Аз робита бо кӯдакон хушҳол мегардед. Дар ҷодаи муҳаббат давраи хушбахтӣ фаро мерасад, босабр бошед.

 

Ҷаддӣ

Агар бо ширкатҳои муваффақ ҳамкорӣ кунед, ба зудӣ комёб мегардед. Дар танҳоӣ амал карданатон манъ аст, хусусан агар ба худ боварӣ надошта бошед. Нисбати дӯстдоштаатон сахтгир набошед, алҳол ӯ ба тағйиротҳои ногаҳонӣ омода нест.

 

Далв

Қобилиятҳои ақлониву ҷисмониятонро аз андоза зиёд гумон накунед, вагарна бо корҳои вазнин машғул шуда, бемор мегардед. Бо нафарони ношинос дарди дил накунед. Кушодадилиятонро ҳамчун хирагӣ қабул мекунанд. Бемориҳои дилу рагҳои хунгард имкон доранд.

 

Ҳут

Дар ин рӯз бо шумо забон ёфтан кори душвор аст. Агар худро ба даст гирифта тавонед, ба фоидаи худатон аст. Кӯшиши пайдо намудани камбудиву ғалатҳои шахси дӯстдоштаатонро накунед. Оқилона сарф кардани маблағ аз бепулӣ наҷотатон медиҳад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД