Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 22-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3200

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамалҳо имрӯз каме аз худ мераванд, зеро чанд муддати охир комёбӣ насибашон асту аз ин меболанд. Афроди муҷаррад имрӯз ҳам барои худ ҷуфти муносиб пайдо карда наметавонанд. Даромади иловагӣ низ дар назар нест. Ин маънои онро надорад, ки рӯзи шумо тамоман бебарор аст. Шом хабари хуш хоҳед шунид.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз тибқи нақшаи пешакӣ кашидаатон амал намоед. Барои ҳимояи худ аз гуфтани ҳеҷ сухане худдорӣ накунед. Дар ҷои кор фаромӯш накунед, ки чӣ вазифа доред. Зиёдтар об нӯшед ва аз истеъмоли ғизоҳои хамирӣ худдорӣ намоед. Саломатиатон шуморо ташвиш медиҳад, аз ин рӯ, беаҳамиятӣ накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз аз касе қарз нагиред, хусусан, аз дӯстони наздикатон, зеро ин қарз дар охир бо муноқиша меанҷомад. Мунтазам ба варзиши сабук ва обутоби бадан машғул шавед. Ҳам соҳиби андоми зебо мешавед ва ҳам саломатии худро барқарор мекунед. Ба лоиҳаҳои шумо аз пештара камтар сармоягузорӣ мекунанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҷаҳонбинии шумо чунон васеъ шудааст, ки дар дилатон ҳаваси навиштани китоб ё кашидани расм пайдо мешавад, аммо ба эҳсосот дода нашавед. Суханҳои хубро қабул кунед, аммо барои суханҳои беарзиш асабатонро хароб насозед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки оилавӣ ба тамошои намоишномаи театрӣ биравед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ҳолатҳои зарурӣ ба дӯстони худ комилан такя карда метавонед. Вақти он расидааст, ки марҳила ба марҳила ба вазифаи дигар гузаред. Асадҳои муҷаррадро лозим аст, ки аз пайи пайдо намудани ҷуфти мувофиқ барои худ бишаванд. Аз нафарони бахил ва суханчин дуртар бошед, бароятон хубтар хоҳад буд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои худ нафарони ҳамфикр пайдо намоед, то дар лаҳзаҳои душворӣ ва ғамгинӣ бо онҳо дарди дил карда тавонед. Ба ҳар гуна бозиҳои хатарнок машғул нашавед, зеро дар насибатон бурд не, балки бохт аст. Барои ба ҳадаф расидан саъю талош варзед. Иҷозат надиҳед, ки нохалафон обрӯю эътибори шуморо паст зананд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои пайдо намудани манбаи дигари даромад рӯзи мусоид аст. Кӯшиш кунед, аз овозаҳое, ки гирди номатон паҳн мешаванд, ба хашм наоед. Шом ба ҳамсаратон хӯроки лазиз фармоиш диҳед ва дар паҳлӯи оилаатон хӯроки шом тановул кунед. Аз истеъмоли ширинӣ муваққатан парҳез кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз бо нафарони бообрӯ ва пешрафта мулоқот мекунед. Ин барои интихоби дуруст дар бисёр соҳаҳо ба шумо кӯмак хоҳад кард. Дар бораи наздикони худ зиёд фикр карда, хавотир нашавед, зеро онҳо чӣ кор карданашонро аз шумо хубтар медонанд. Масъалаҳои кориатонро ба ҳар кас бовар накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

“Даҳони пӯшида сад тилло” гуфта, имрӯз хомӯширо ихтиёр кунед, беҳтар хоҳад буд. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад, аммо зиёд оби хунук нанӯшед. Шомгоҳон дар хона нанишаста, ҳамроҳи ҳамсаратон ба ягон тарабхона равед. Сюрпризҳое кунед, ки ӯро дар ҳайрат гузошта тавонед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар дилатон шубҳаҳо пайдо шуда, намегузоранд, ки шумо ба муваффақиятҳо ноил гардед. Аз будаш зиёд худро хубу хоксор нишон надиҳед. Ҳамоне бошед, ки ҳастед. Даромади иловагӣ дар назар аст. Ҷаддиҳое, ки ба фишорбаландӣ ва диабети қанд гирифторанд, дар ин гармои тоқатфарсо худро бояд эҳтиёт кунанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз дар ҷои кор тафтишоти молиявӣ гузаронида мешавад. Агар тиҷорати шумо софдилона ба роҳ монда шуда бошад, пас хатаре ба шумо таҳдид намекунад. Ба як дидан ба инсонҳо бовар накунед, зеро эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Истироҳати шумо ба ҳаёти шахсиатон халал намерасонад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ба умеди касе нашуда, миёнатонро мустаҳкам бандеду аз пайи кор шавед, зеро касе дар фикри ёрӣ додан ба шумо нест. Бо шахсони наздикатон муоширатро хуб ба роҳ монед. Дар оилаатон тифле ба дунё меояд ва шуморо лозим аст, ки нисбати навзод меҳрубон бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД