Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
4520

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бадро аз дилатон дур кунед. Нерӯю тавоноии худ ба назар гирифта, баъдан ба коре даст занед. Агар аз нафаре қарздор бошед, илоҷе карда қарзатонро баргардонед. Нафароне, ки мошин меронанд, аз назар гузаронидани ҳолати техникии мошинро тавсия медиҳем.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз вохӯрӣ бо нафаре, ки то ҳол дӯсташ медоред, шуморо ба ҳаяҷон меорад. Барои ба бозору мағоза рафтан ва харид кардан рӯзи хуб аст. Либоси нав табъатонро болида месозад. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред ва ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. ба нафаре, ки дигаронро дар назди шумо ғайбат мекунад, рӯзи хуш надиҳед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҷавзоҳои корчаллон имкони ба даст овардани кори даромаднокро пайдо месозанд. Барои ба даст овардани муваффақият бо амри дил амал намоед. Наздикон ба ҳаёти шахсии шумо аз ҳад зиёд кордор шуда, шуморо ба амалҳое водор месозанд, ки худдорӣ кардан мехоҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз вазъият тавре сурат мегирад, ки бо нафарони бароятон ногувор дар ротиба шуданатон лозим меояд. Танҳо саратонҳои дорои сабру таҳаммул ба оромӣ риоя карда метавонанду халос. Даромади иловагӣ дар назар аст, вале хароҷотатон чунон зиёд мегардад, ки вазъи молиявиатон қариб бетағйир боқӣ мемонад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз табъатон гоҳ хушу гоҳи дигар нохуш мегардад. Нафаре, ки кӯшиши хурсанд кардани шуморо мекунад, ба қаҳру ғазаби шумо гирифтор мешавад. Баъзе асадҳо тамоман истироҳат карда наметавонанд. сайругашт ва машғул шудан ба варзиш ба саломатиатон фоида дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Самимияту меҳрубонии худро муваққатан аз чашми нафарони бегона пинҳон кунед. Имкони ба даст овардани муҳаббати нафареро доред, ки кайҳо боз ба шумо писанд аст. Эҳтимоли изҳори муҳаббат ва даъват ба мулоқоти ошиқона дар назар аст. Либоси гарм пӯшед, то шамол хӯрда, бемор нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз шуморо лозим меояд, ки аз баҳри як кор гузашта, ба кори дигар машғул шавед. Дар натиҷа ягон корро ба анҷом нарасонида, асабӣ мешавед. Ба худ ёрдамчӣ гиред, вагарна танҳо азоб мекашед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад. Нафарони бемор ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳама бо хислату рафтори шумо созиш карда наметавонанд ва бояд ба ин омода бошед. Дар ҷодаи касбу кор рақибонатонро мағлуб месозед. Ба шубҳаву гумони бад ва рашки беасос роҳ надиҳед. саломатиатон аз тарзи хӯрокхӯрӣ ва истироҳати шумо вобастагӣ дорад. Дарди дили дӯстдоштаатонро гӯш кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз танҳо ба баъзеҳо қавсҳо имкон даст медиҳад, ки аз нобарориҳо эмин монанд. Эҳтимол аз боварии нафаре мебароед, ки ояндаи шумо ба ӯ вобастагӣ дорад. Дар муносибатҳои шахсӣ осудагиву оромӣ дида мешавад. Имкони бо ғамхориву меҳрубонӣ фаро гирифтани шахси дӯстдоштаатон пайдо мешавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бояд иқрор шавед, ки аз ӯҳдаи корҳои зиёд баромада наметавонед. Дар ин рӯз бо рақибони воломақом ва маккори худ рӯ ба рӯ мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ барор ҳамсафари шумост. Барои шиносоиҳои нав, мулоқотҳои ошиқона ва изҳори муҳаббат рӯзи хуб аст. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳоли ногувор афтида, кӯшишҳоятон барбод мераванд. Гап сари он аст, ки шумо бо кори бароятон номувофиқ машғул ҳастед. Ҳар қадар ин ҳақиқатро аз худ намуда, аз пайи кори дигаре шавед, ҳамон қадар бурд мекунед. Хеле муҳим аст, ки боварии шахси дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар зиндагиятон ҳодисаи аҷибе рух медиҳад, ки оғози тағйиротҳои муҳим мегардад. Мутаассифона, вазъиятро таҳти назорат гирифтанатон душвор мегардад. Ба дӯсти дерин ё нафаре, ки сахт эътимод доред, умед баста метавонед. Барои нафароне, ки ошиқ ҳастанду изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД