Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Дар ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, сахтгирӣ накунед. Вақти он расидааст, ки дар бораи касбу кори нав ва даромади иловагӣ андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо дилсиёҳӣ, балки ҷудошавӣ низ имкон дорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Аз нафарони асабие, ки шуморо ба кирдори ғазаболуд водор месозанд, худро дур гиред. Барои ба эътидол овардани корҳои тиҷоратӣ ба шумо донишу малака лозим аст. Умеду орзуҳоятон дар ин рӯз амалӣ намешаванд. Дӯстдоштаатон аз бепарвоии шумо сахт ранҷидааст. Танҳо туҳфа метавонад яхи дилашро об гардонад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Агар дӯстдошта дошта бошед, ин бегоҳ ҳамроҳаш бошед. Рафту муҷаррад бошед, барои шинос шудан омода бошед. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан эҳтиёт шавед, эҳтимоли фиреб хӯрдану харҷи зиёд карданатон зиёд аст. Инчунин, аз истеъмоли хӯроки гӯштдор ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон, қабули меҳмонон ва дилхушӣ кардан. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани маблағ имкон дорад, аз ин лиҳоз, пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҷашну шодӣ боиси нобарорӣ ё бад гаштани вазъи саломатӣ мегардад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз дар бораи дӯсти наздикатон гаперо мешунавед, ки боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми ба роҳи дур сафар кардан на танҳо ҳуҷҷатҳои даркорӣ, балки ҳамсафарони хубро интихоб намоед. Як пиёла лимӯчой бо асал нӯшида, на танҳо бехобиро рафъ, балки зукомро пешгирӣ карда метавонед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ба пешвози нафароне бароед, ки ҳамроҳатон дар ҳаёт якҷоя қадам гузоштан мехоҳанд. Ҳам бо шарикони корӣ ва ҳам нафари дӯстдоштаатон забон ёбед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна табъатон нохуш мегардад. Дар ин рӯз бо қартабозӣ ва бозиҳои пулакӣ машғул шудан қатъиян манъ аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бо сабаби якравӣ ва рӯирост гап заданатон дӯстони зиёдеро аз даст медиҳед. Ба ғалат роҳ надиҳед ва аз гуноҳу айби нафароне, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгири шумо буданд, гузашт намоед. Дар ин рӯз дар муносибатҳои ошиқона бурдборӣ ҳамсафаратон мегардад. Даромади иловагӣ дар назар нест.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз рух додани ҳодисаву рӯйдодҳои зиёде имкон дорад. Кӯшиши бедор кардани рашки шахси дӯстдоштаи худро накунед, вагарна байнатон сардӣ меафтад. Ба касе қарз додану аз касе қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Аз шамолхӯрӣ ва зуком эҳтиёт шавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Нерӯи дучандатон ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Нимаи дуюми рӯз нисбати саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед: имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ, ҷароҳат бардоштан ва рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба назди дандонпизишк ва табиби чашм рафтанро тавсия намедиҳем. Бемориҳое, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, табобаташон тӯл мекашад. Хабару овозаҳои дилхарош мешунавед, вале дар сари эҳсосот ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад аз шумо рӯй гардонад, аз ин рӯ, корҳои қаблан саркардаатонро ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз руҳафтодагӣ ва фишори руҳӣ имкон дорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, аз рафтору гуфтори қабеҳ худдорӣ намоед. Аз нафаре кӯмакро интизор набошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Нимаи аввали рӯз барои ба анҷом расонидани корҳоятон кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба манзили истиқоматии худ диққати бештар диҳед, хатари рух додани сӯхтор ё ба доми ғоратгарон афтиданатон имкон дорад.