Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2442

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба корҳои дилгиркунанда машғул нашавед. Эҳтимоли муноқиша бо ҳамкорон дар ҷои кор вуҷуд дорад. Худро зиёд хаста накунед ва аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед. Давоми рӯз ба корҳое машғул шавед, ки даромади хуб дошта бошанд. Бегоҳирӯзӣ барвақттар хоб карда, истироҳат намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯз аз ҳар ҷиҳат бобарор аст. Аз рақибону душманонатон хавотир набошед, имрӯз ба шумо зарар расонида наметавонанд. ба бемориҳои роҳҳои нафас диққати аввалиндараҷа диҳед. Барои фаромӯш сохтан ва рафъи хастагӣ бештар дар ҳавои тоза гаштугузор кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Мушкилиҳо ҳалли худро ёфта, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Дӯстдоштаатон бо рафторҳояш шуморо хурсанд мекунад. Либоси гарм пӯшед, то сармо нахӯред. Бештар чойи гарм нӯшида, аз ҷойҳои шамолдаро дурӣ ҷӯед. Муваффақият насиби шумост.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои саратонҳо рӯзи орому беташвиш аст. Ҳама корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Диққати худро ба масъалаҳои молиявӣ ва роҳҳои нави даромади пулӣ равона созед. Агар заррае дар фикри саломатии худ бошед, пас ба назди духтур равед. Беморие, ки нисбаташ беаҳамиятӣ зоҳир мекунед, куҳна мешавад.

Асад (23 июл-22 август)

Як рӯзи пур аз ҳодиса аст, ки шуморо ба ҳаяҷон меорад. Душманон аз заифиятон истифода бурда, бар зидди шумо шӯриш бардошта метавонанд. Аз муноқиша бо нафароне, ки ояндаи шумо ба онҳо вобастагӣ дорад, худдорӣ намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед ва аз хӯрокҳои равғанин ва тунд худдорӣ кунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Вазъият дар ин рӯз яку якбора рӯ ба беҳбудӣ оварда, орзуҳои дерина амалӣ мешаванд. Бо наздикон нофаҳмӣ дида намешавад, бо дӯстони нав низ ба зудӣ забон меёбед. шахсеро, ки дӯст доштаед, ба мулоқоти ошиқона даъват кунед. Корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем, беҳтараш истироҳат кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз кам будани имкониятҳои худ рӯҳафтодаву дилмонда нашавед. Агар кӯмак лозим шавад, аз шиносҳои дерина пурсед. Ба корҳои ҷисмонӣ машғул нашавед, вагарна сахт монда мешавед. Барои он ки муносибататон бо наздикон вайрон нашавад, дурӯғ нагӯед ва бо сабр бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳодисаҳои манфие, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ба ҳаёти шахсиатон низ таъсири худро мерасонанд. Бо атрофиён муноқиша карда, бо калонсолон гапатон мегурезад. Аз хариди калон ва чизҳои нолозим худдорӣ намоед. Баъди оббозӣ кардан вазъи саломатиатон бад мешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯз орому беташвиш аст, ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Дар масъалаҳои ошиқона зиёд ташвиш накашед, зеро рӯзҳои наздик ҳодисае рух медиҳад, ки ҳама камбудиҳоро фаромӯш мекунед. Машқи бадан дар фазои кушод ба саломатӣ муфид аст. Дар масъалаҳои молиявӣ корҳои худро ба тартиб дароред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бобарор аст. Аз мусоидии рӯз истифода бурда, мушкилоти касбиро рафъ ва соҳиби даромади пулӣ мешавед. Ба варзиш машғул шуда, бештар ҳаракат кунед. Аз нафари арзандае туҳфаи ногаҳонӣ мегиред. Оббозӣ дар ҳаммоми гарм хастагиро рафъ месозад. Дар масъалаҳои пулӣ танбал нашавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои он ки хато накунед, бояд бодиққат бошед. Камтарин ғалаб боиси мушкилиҳои зиёд мегардад. Дар умум рӯз барои далвҳо душвор аст. Эҳтимоли сар задани мушкилоти молиявӣ ва хароҷоти беҳуда дар назар аст. Ба наздикони худ танқидро раво набинед, онҳо сахт хафа мешаванд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Корҳои аз дирӯз боқимондаро анҷом дода, нафаси осуда мекашед. Барои табобати бемориҳо бо давоҳои халқӣ рӯзи хуб аст. Агар худатон сабабгори муноқишае нагардед, аз ҷониби дигарон мушкилие дар назар нест. Табъатон хуш набошад ҳам, хастагиро эҳсос намекунед. Даромади хуб дар назар аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД