Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
2295

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Вақте расидааст, ки каме истироҳат кунед. Агар чунин имкониятро надошта бошед, танҳо корҳои муҳимро иҷро карданатон кифоя аст. Мардҳо бояд танҳо нафарони арзандаро дар атрофи худ гирд оваранд, вагарна мушкилиҳо сар мезананд. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз ҷониби бадхоҳон фишор ва ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Эҳтимоли ба доми туҳмату буҳтон печиданатон вуҷуд дорад. Зимни робита бодиққат бошед, одамони тасодуфиро ба худ наздик насозед, аз шиносоиҳои нав роҳи гурез ҷӯед. Ба саломатии худ ва саломатии наздикон бодиққат бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз ғайбат кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна дигарон низ шуморо ғайбат мекунанд. Дар ин рӯзҳо нерӯи баланд доред ва тамоми мушкилиҳоро паси сар мекунед. Дар муносибатҳои шахсӣ ва оилавиятон душвориҳо сар мезананд. Танҳо дар корҳои нек ба кӯмаки нафаре умед баста метавонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хушу истироҳатиро бо пайвандону наздикони худ сипарӣ намоед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои рафъ намудани бемориҳои музмин чораҳои пешгирикунандаи саломатиро андешед. Агар дар коре шубҳа мекарда бошед, кӯмаки дӯстонро рад накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз бонувон бо шарофати ақли расову саховатмандияшон наздиконро шод месозанд. Мардҳоро дар корҳои вобаста ба сохтмон ё эҷодиёт душвориҳо пеш меояд. Ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва корҳои хатарнок худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Мушкилиҳо яке пайи ҳам пайдо шуда, барои рафъ карданаш вақту қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Аз хасташавӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ташвиши зиёд ва заҳмати дандоншикан боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои нафароне, ки дар хонадонашон маъракаву тӯйи арӯсӣ доранд, рӯзи пурнишот аст. Аз ҳама гуна кори фаъол худдорӣ намоед, вагарна дучори монеаҳо мешавед. Беҳтараш дар ҳама кор аз наздикон кумак пурсед ва бо маслиҳату машварат кор кунед. Воқеаҳои имрӯзро ҳамчун санҷиши қисмат қабул кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯзҳо набояд ба кори ғалат роҳ диҳед. Тамоми рафтор, гуфтор ва ҳатто андешаҳоятонро санҷида, баъдан амал кунед. Муваққатан вазъи молиявии худро беҳтар сохтан муяссаратон мегардад. Нафароне, ки ба сафару саёҳат мебароянд, эҳтиёт буданро тавсия медиҳем, хатари ҷароҳат бардоштану сироят ёфтан аз бемориҳо имконпазир аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дар ҳама кор якравӣ мекунед. Ақидаи ғалати худро пайгирӣ намуда, сабаби чунин рафтори худро ба касе фаҳмонидан намехоҳед. Ин амали шумо ба наздикон писанд намеояд. Вазъи молиявии худро беҳтар месозед. Хоби дидаатон дар ҳамин рӯз амалӣ мешавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ҷисману руҳан худро хуб ҳис мекунед. Аз шиносоии наве, ки дар ҳаёти шумо нақши ҳалкунандаро мебозад, худдорӣ намоед. Хобатон ба наздикӣ метавонад амалӣ шавад. Беморие, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад. Хоби дидаатонро ба касе нагӯед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз барои аксарият серташвиш меояд. Муносибатҳоятон бо хешовандони дур барқарор гашта, дар оянда фоидаи зиёд меоранд. Эҳтироми атрофиён нисбати шумо меафзояд. Барои муноқиша кардану баҳсу мунозира рӯзи бебарор аст. Барои ишқбозӣ рӯзи номусоид аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи бобарор аст, қисмати бештари рӯзро дар робита бо пайвандон сипарӣ менамоед. Оғуши шахси дӯстдошта дилатонро ба зиндагӣ гарм месозад ва худро хушбахт ҳис мекунед. Дар ин рӯз нӯшидани чойи талх ё қаҳва, нӯшокиҳои газнокро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД