Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
3075

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қувваи зиёди равонӣ ва ҷисмониатон сарф мегардад. Ба ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, чун ба имтиҳони тақдир назар кунед. Айни замон бо мушкилии худ ба роҳбарият муроҷиат карданатон лозим нест. Дар лаҳзаҳои бекорӣ бо корҳое машғул шавед, ки табъатонро хуш сохта метавонанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз қувваву нерӯи зиёдеро эҳсос мекунед, аз ин рӯ, вақти пурқиммати худро ба корҳое равона созед, ки чанд муддат дар иҷро карданашон душворӣ мекашидед. Корҳоятон барор мегиранд. Рӯзи хубест барои харид кардану ба бозору мағоза рафтан. Баъзе ашёҳои куҳнаи хонаатонро партоед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ба шарте рӯзи бобарор мешавад, ки бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед. Бо корҳои муфиди ҷамъиятӣ ё коре машғул шавед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ бахшида тавонанд. Эҳтимоли бо ошиқи пешина оштӣ шуданатон вуҷуд дорад. Рӯзи хубест барои тахт намудани ҳуҷҷатҳои муҳим.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Айни замон дар шоҳроҳи зиндагиятон имтиҳоне пеш меояд, ки ҳатман аз он гузаштанатон лозим аст. Минбаъд ҳама чиз аз худи шумо вобастагӣ дорад. Аз одамоне, ки ба одамгарияшон бовар надоред, кӯмак напурсед ва ба касе чизеро ваъда надиҳед, ба гумон аст, ки аз ӯҳдааш бароед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки муддати дароз аз ӯҳдаашон намебаромадед. Агар нафаре аз шумо кӯмаку маслиҳат пурсад, ҷавоби рад надиҳед ва аз рӯйи имкону вазъият амал намоед. Аз сарфи маблағи барзиёд худдорӣ намоед. Қарз гирифтану қарз доданро имрӯз маслиҳат намедиҳем.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз дар касбу коратон тағйиротҳои ҷиддӣ рух медиҳанд. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру муҳаббати беандозаро эҳсос мекунед. Баъзе нафарони муҷаррад муҳаббати худро пайдо месозанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз пурхӯрӣ ва кори вазнин худдорӣ намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҷодаи касбӣ ҳамаи коратон аз рӯйи реҷа ҷорӣ мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Дар ҷодаи муҳаббат танҳо хабарҳои хуш мешунавед ва тағйиротҳои ғайриоддӣ рух медиҳанд. Ба нафароне, ки баъди нисфирӯзӣ аз шумо қарз мепурсанд, бовар карда, пул надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз кори наверо оғоз карданатон хуб нест. Агар ягон коратон барор нагирад, беҳтараш онро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хеле хубу гуворо сурат мегиранд. Шиносоиҳои нав табъатонро болида мегардонанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо истироҳати фаъол, сафару саёҳат ё тамошои манзараҳои дилфиреби диёрамон машғул шудан боиси оромии асабҳо ва истироҳати бофароғати шумо мегардад. Нафароне, ки бо рафъ намудани мушкилоти ҳуқуқӣ машғул мешаванд, дучори монеае намегарданд. Даромади иловагӣ дар назар нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои корҳои ақлонӣ ва эҷодӣ. Нафароне, ки нияти аз худ намудани касбу ҳунари навро доранд ё забон омӯхтан мехоҳанд, аз ҳамин рӯз сар карда, аз пайи омӯзиш шуданашон лозим аст. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад, аммо ҳангоми тахт намудани ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор бошед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ягон санҷиши ҷиддӣ ва комёбии назаррас дида намешавад. Диққати худро ба масъалаҳое равона созед, ки ба осонӣ рафъ мегарданд. Дигар камбудиҳоро нодида гиред ҳам мешавад. Нимаи дуюми рӯз ба корҳои бегонагон бинӣ нахалонед. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба садои қалби худ гӯш андозед, хусусан, дар робита бо нафароне, ки ба асабатон мерасанд, ба як қарори муайян омаданатон лозим аст. Айни замон дӯстро аз душман фарқ карданатон осон мегардад. Кӯшиш намоед, ки пул қарз надиҳед, вагарна пули худро рӯзҳои наздик гирифта наметавонед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД