arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2872

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз хабарҳое, ки аз роҳи дур мешунавед, шод намегардед. Ин хабарҳо ба тақдири яке аз наздиконатон дахл доранд ва шуморо ба ҳаяҷон меоранд. Каме даромади пулиатон зиёд мегардад. Бо нафарони калонсол ба эҳсосот дода шуданро маслиҳат намедиҳем.  

Савр (21 апрел-20 май)

Агар шумо оиладор бошед, дар ин рӯз ҳамсафари ҳаётии худро фиреб надиҳед. Эҳтиёткорӣ дар дигар соҳаҳои зиндагиятон низ ба кор меравад. Нафароне, ки имтиҳон супоридан мехоҳанд, бояд пешакӣ барои муваффақ гаштан ба худ эътимод дошта бошанд. Бегоҳирӯзӣ хариди бобарор мекунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз саргузаштҳои ошиқонаро аз сар мегузаронед. Нафарони муҷаррад бахти деринтизори худро пайдо месозанд. Агар аз ҳамсари худ ҷудо шуда бошед, баргаштанашро интизор шавед. Мушкилоти молиявии худро рафъ месозед ё шахси ношиносе шуморо дастгирӣ мекунад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ҳар як мушкилии сарзадаро рафъ карда наметавонед. Эҳтимол, гап сари мушкилиҳои ночизе меравад, ки аз шумо қувваи зиёдеро талаб мекунанд. Барои азобҳои кашидаатон шуморо ҳодисаи хуше интизор аст. Дар касбу кор пешравӣ ва мукофотпулӣ эҳтимол дорад. Асабҳоро эҳтиёт кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз зимни шиносоиҳои нав барор ҳамсафаратон мегардад. Бо нафаре дар робита мешавед, ки муваффақиятатон аз ӯ вобастагӣ дорад. Бо наздикон ва аҳли оила гапатон гурехта, нофаҳмӣ сар мезанад. Ба маслиҳати дӯсти беҳтарин гӯш андохта, ҳамзамон, ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Баъзе зодагони мучали сунбула сирру асрори нафареро фош месозанд. Эҳтимол, хабари шунидаатон хеле ҳаяҷонвар аст. Ҳангоми иҷрои корҳоятон ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Ба ҳар коре даст мезанед, бо ақли солим иҷро намоед. Бегоҳирӯзӣ вақти худро бо мутолиаи китоб сипарӣ намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар дар ин рӯз ягон кори муҳим дошта бошед, қаблан ором шавед. Эҳтимол, ҳама гуна чорабинӣ бе душворӣ сипарӣ мегардад. Робита бо кӯдакон табъатонро болида месозад. Имрӯз барои харидани сару либоси нав созгор аст. Кӯшиш кунед, ки пеш аз бозор ё мағоза рафтан, рӯйхати чизҳои лозимиро тартиб диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Зодагони мучали ақраб дар ин рӯз дучори мушкилие мешаванд. Гап сари мушкилии рӯзгор меравад, ки онро бо тавсияи мутахассисон рафъ сохтан мумкин аст. Вазъи молиявӣ табъатонро хуш мегардонад. Корҳои нотамомро имрӯз ба анҷом расонед. Нафароне, ки бемор буданд, шифо меёбанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз нафарони худхоҳ ва ҳавобаланд дурӣ ҷӯед. Эҳтимол, робита бо чунин нафарон боиси асабхаробии шумо мегардад. Ғизои истеъмол мекардаи худро назорат намоед. Ҳангоми иҷро намудани супориши роҳбарият ё ҳамсафари ҳаётӣ кӯшиш ба харҷ доданатон лозим аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бемории ночизе, ки дар ин рӯз сар мезанад, дар сурати табобат накарданатон ба бемории ҷиддӣ мубаддал мегардад. Диққати алоҳидаи худро ба вазъи молиявӣ равон созед. Ба хароҷоти зиёд роҳ надиҳед. Бегоҳи имрӯз ба аёдати яке аз наздикони калонсолатон равед. Бо худ гирифтани дастовезро фаромӯш накунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз нақшаи наве дар зеҳнатон пайдо мешавад. Нафаре либоси зебо харидан мехоҳад, дигаре мошини худро иваз карданӣ мешавад. Баъзеҳо хонаи худро васеътар кардан мехоҳанд. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, натиҷаи беназир медиҳад. Ба нафарони калонсол бештар хандиданро тавсия медиҳем.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Зодагони мучали ҳут дар ин рӯз дигаргуниҳоро дар робита бо нафароне эҳсос мекунанд, ки пештар ба ҳам созиш карда наметавонистанд. Ҳодисаи хуши дигаре, ки дар ин рӯз рух медиҳад, ташрифи дӯсти дерин, хариди бобарор ва аз беморӣ шифо ёфтанатон аст. Табъатонро болида нигоҳ доред, ин ба фоидаи шумо хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД